Сура 2 Ал-Бақара (Гов)

  1. فَمَنْ بَدَّلَهُ بَعْدَمَا سَمِعَهُ فَإِنَّمَا إِثْمُهُ عَلَى الَّذِينَ يُبَدِّلُونَهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

    Пас ҳар кӣ (аз гувоҳони васиятшаванда) васиятро пас аз шуниданаш табдил кунад (ва онро кам ё зиёд намояд), ҷуз ин нест, ки гуноҳаш бар он касонест, ки он(васият)-ро табдил мекунанд (ва васияткунанда дар ин миён бегуноҳ аст). Ҳароина, Аллоҳ (бар табдилкунандагон ва ончи васияткунанда васият карда аст) шунавои биност.

    2:181
  2. فَمَنْ خَافَ مِنْ مُوصٍ جَنَفًا أَوْ إِثْمًا فَأَصْلَحَ بَيْنَهُمْ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Пас ҳар кӣ аз васияткунанда (дар васияташ хатое ё каҷравие ё) ситаме ё гуноҳе дарёбад, пас миёни эшон (- миёни васияткунанда ва васиятшаванда) оштӣ андозад (ва васияткунандаро ба адл панд диҳад то ба ҳақ баргардад), онгоҳ ӯро (дар ин кор) гуноҳе набошад. Ҳароина, Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст.

    2:182
  3. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

    [Дар оғози Ислом мусалмонон аз ҳар моҳе се рӯзро рӯза медоштанд, сипас бо рӯза доштани моҳи Рамазон насх гардид, ки соли дуввуми ҳиҷрат бар эшон фарз шуд:] Эй касоне ки имон овардед, бар шумо рӯза доштан[[ Имом Муслим (1079) дар фазли Рамазон ривоят карда аст: إِذَا جَاءَ رَمَضَانُ فُتِّحَتْ أَبْوَابُ الْجَنَّةِ وَغُلِّقَتْ أَبْوَابُ النَّارِ وَصُفِّدَتْ الشَّيَاطِينُ «Чун Рамазон бирасад дарвозаҳои биҳишт кушода гарданд ва дарвозаҳои дӯзах баста гарданд ва шайтонҳо занҷирбанд шаванд». Дар «Саҳиҳ»-и Имом Бухорӣ (38) омада аст: مَنْ صَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ «Ҳар кӣ Рамазонро аз рӯи имон ва бо умеди савоб рӯза дорад, гуноҳони пешинааш омурзида шаванд».]] (-и моҳи Рамазон аз дамидани субҳ то нишастани офтоб) фарз карда шуд, ҳамчуноне ки бар касони пеш аз шумо фарз шуда буд, то бошад, ки (аз муҳаррамоту маъсиятҳо) парҳезгорӣ кунед (, зеро ки рӯза шаҳватро шикаста месозад ва шаҳват ошкоркунандаи гуноҳҳост).

    2:183
  4. أَيَّامًا مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۚ وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ ۖ فَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْرًا فَهُوَ خَيْرٌ لَهُ ۚ وَأَنْ تَصُومُوا خَيْرٌ لَكُمْ ۖ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    [Дар оғози фарз гаштани рӯзаи моҳи Рамазон касе ки мехост, рӯза медошт ва касе ки намехост, рӯза намедошт ва ба ҷои ҳар рӯз бечораеро сер мекард, вале ояти баъдина ин ҳукмро бекор кард, вале ҳукм барои пирони солхӯрда ва занони обистану ширдеҳ барҷо монд.] (Рӯзадорӣ) чанд рӯзи (андаки) ба шумор аст (, гоҳе бисту нӯҳ ва гоҳе сӣ рӯз дароз мекашад), пас ҳар кӣ аз шумо (ҳангоми даромадани моҳи Рамазон) бемор ва ё дар сафар бошад (, барояш равост, ки рӯза надорад), онгоҳ (баъд аз тандуруст шудан ва аз сафар баргаштан) бар вай (бо андозаи ончӣ рӯза хӯрда аст, рӯза доштани) муддате аз рӯзҳои (моҳҳои) дигар воҷиб аст ва бар касоне ки (, чун бемор ва ё чун пирон ба сабаби солхӯрдагӣ ва ё чун занони обистан ё ширдеҳ бо заҳмату ранҷ) рӯзадорӣ метавонанд (ва ё рӯза намедоранд ба ивази ҳар рӯзе) фидяи хӯронидани бечорае лозим аст. Пас ҳар кӣ некие бияфзояд (ва беш аз як гуруснаро сер кунад), пас он (некӣ) барояш беҳтар бувад. Ва он ки рӯза бидоред барои (дунёву охират ва тандурустии) шумо (аз рӯза хӯрдан ва фидя додан) беҳтар аст, агар (суду музду фазли рӯзадориро) бидонед.

    2:184
  5. شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ ۖ وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۗ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

    Моҳи Рамазон[[Моҳи Рамазон моҳи нӯҳуми ҳиҷрист.]] моҳест, ки дар он Қуръон (дар шаби қадр ба якборагӣ аз Лавҳи Маҳфуз ба хонаи иззати осмону замин) фуруд оварда шуд (, сипас тайи бист сол, вобаста ба воқеаҳо ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нозил гашт), ки он раҳнамои мардумон, суханони равшан аз раҳнамунӣ ва ҷудокунанда (-и ҳаққу ботил) аст. Пас ҳар кӣ аз шумо (муқим ва тандуруст) он моҳро дарёбад, пас бояд онро рӯза дорад. Ва ҳар кӣ бемор[[Агар дар баданаш беморие бошад, ки рӯзадорӣ барояш душворӣ кунад ё зиёнаш расонад.]] ё дар сафар бошад (рӯза надорад), пас бар вай (ба андозаи ончӣ рӯза хӯрда аст, рӯза доштани) муддате аз рӯзҳои (моҳҳои) дигар воҷиб аст. Аллоҳ барои шумо осониро мехоҳад (, чун шуморо дастур дод, ки ҳангоми сафар ва ё беморӣ рӯза надоред) ва барои шумо душвориро намехоҳад, то шумо муддат(-и рӯзадории моҳи Рамазон)-ро ба анҷом расонед ва то (баъди анҷом додани муддати рӯза) Аллоҳро ба сабаби он ки шуморо (ба сӯи дини ростини Ислом) роҳ намуда аст ба бузурӣ ёд кунед[[Ҳамчунин чун фармудае аз фармудаҳои Аллоҳро ба ҷой овардед ва фаризаеро адо намудед ва ҳаромеро тарк намудед ё ҳудудашро нигаҳ доштед, бояд, ки Аллоҳро сипос ва шукри фаровон гӯед!]] (ва сипос бигӯед) ва то бошад, ки (Аллоҳро ба сабаби ин неъмат ва фазлу иҳсонаш) сипос бигузоред.

    2:185
  6. وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ ۖ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ ۖ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ

    Чун бандагонам туро аз (дурӣ ва наздикии) ман бипурсанд, пас (бидонанд, ки) ҳароина, ман (бо донишу тавоноии худ ба эшон) наздикам, ниёиши дуокунандаро (мешунавам ва) мепазирам (ва ниёзашро мебарорам), чун маро (бо зорӣ ва хушӯъву имон) дуо кунад! Пас (дар ҳоле ки ман парвардигори бандагонам ва дуоҳои эшонро мепазирам, пас эшон низ) бояд, ки маро фармонбардорӣ кунанд (ва даъвати маро ба сӯи имон ва тоат бипазиранд) ва ба ман бигараванд, то бошад, ки роҳи рост (-и имон ва кирдори шоистаро) биёбанд.

    2:186
  7. أُحِلَّ لَكُمْ لَيْلَةَ الصِّيَامِ الرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَائِكُمْ ۚ هُنَّ لِبَاسٌ لَكُمْ وَأَنْتُمْ لِبَاسٌ لَهُنَّ ۗ عَلِمَ اللَّهُ أَنَّكُمْ كُنْتُمْ تَخْتَانُونَ أَنْفُسَكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ وَعَفَا عَنْكُمْ ۖ فَالْآنَ بَاشِرُوهُنَّ وَابْتَغُوا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ ۚ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الْأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الْأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ۖ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ ۚ وَلَا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ ۗ تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ فَلَا تَقْرَبُوهَا ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ

    [Дар оғози фарзшавии рӯза шабонгаҳ баъд аз хоб хӯрдану нӯшидан ва ҷимоъ барои мусалмонон ҳаром буд. Чун ин кор бар эшон гаронӣ кард, Аллоҳи меҳрубон осонӣ фуруд овард ва бар эшон раво дошт, ки дар тамоми шабҳои рӯза бинӯшанд ва бихӯранд ва бо занони худ бихуспанд ва ин бад-он сабаб буд, ки бархе аз эшон хештанро хиёнат менамуданд ва бо занони худ ҳамхобагӣ мекарданд, монанди ин ки марде рӯзадор буд ва дар замини кишти худ кор мекард, чун вақти кушодани рӯза фаро расид бо занаш ҳамхобагӣ намуд ва чун хӯрише барои рӯзакушоӣ надошт занаш аз пайи ҷӯстани хӯриш берун рафт ва аз хастагӣ хоб бар ӯ чира гашту бихобид ва ҳеҷ нахӯрд, чун рӯзи дигар расид, аз гуруснагӣ беҳуш гашт ва ин оят фуруд омад[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4508 ва «Саҳиҳу ва заъифу сунани Абедовуд»; 5/313 зери рақвми 2313 ҳадиси саҳеҳ .]].] (Эй рӯзадорон!) Дар шаби рӯза (-и моҳи Рамазон) барои шумо омезиш (, яъне ҷимоъ) кардан бо занонатон ҳалол (ва раво) карда шуд, он занон (, яъне занонатон) барои шумо (осоиш ва аз ҳарому зино) пӯшишанд ва шумо барои он занон (- барои занонатон осоиш ва аз ҳаром) пӯшишед. Аллоҳ донист, ки шумо хештанро хиёнат мекардед (ва дар шаби моҳи Рамазон пас аз намози хоб бо занони худ наздикӣ менамудед ва мехӯрдед ва менӯшидед,) онгоҳ (пеш аз тавба кардан) бар шумо пӯзиш кард ва аз шумо даргузашт (ва ҳурмати омезиши занонро дар шабҳои Рамазон бардошт). Пас акнун бо он занон (, яъне бо занонатон) фароз оед (ва бо эшон омезишу бӯсу канор кунед) ва ончиро биҷӯед, ки Аллоҳ (аз фарзандони шоиста дар шаби қадр) баҳри шумо (дар Лавҳи Маҳфуз ва дар сарнавишти шумо) андоза карда аст (ва дар омезиши занони худ бо талаби фарзанди накӯ наздикии ба сӯи Аллоҳро нийят кунед)! Ва (дар шабҳои рӯзадорӣ) бихӯред ва бинӯшед то ин ки бароятон (равшании) риштаи сафед (-и рӯз) аз (торикии) риштаи сиёҳ (-и шаб) дар (сапедадами) бомдод падидор гардад! Сипас, (чун бомдод шуд,) рӯзаро (аз дамидани бомдод) то (даромадани) шаб (то нишастани офтоб) ба поён расонед (ва аз хӯрдану нӯшидан ва ҷимои занон даст нигоҳ доред)! Ва бо занонатон нарасед, дар ҳоле ки шумо (дар даҳ рӯзи ахири Рамазон) дар масҷидҳо (баҳри парастиши Аллоҳ) муътакиф[[Эътикоф дар он масҷидҳое мекунанд, ки панҷ намоз дар он барпо карда шавад.]] бошед (ва аз масҷидҳо берун наравед, то бо занонатон наздикӣ намуда боз ба эътикофи масҷид баргардед). Ин(ҳукм)-ҳо[[Ин ҳукмҳо: Омезиш бо занон ва дастури хӯрдану нӯшидан ва ҳамхобагӣ накардан бо занон дар эътикоф.]] марзҳои (наҳйкардаи) Аллоҳанд (, то ки инсон назди он марзҳо биистад), пас, зинҳор ба онҳо наздик машавед! Ҳамчунин Аллоҳ оятҳои худро барои мардумон равшан месозад, то бошад, ки парҳезгорӣ кунед!

    2:187
  8. وَلَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُمْ بَيْنَكُمْ بِالْبَاطِلِ وَتُدْلُوا بِهَا إِلَى الْحُكَّامِ لِتَأْكُلُوا فَرِيقًا مِنْ أَمْوَالِ النَّاسِ بِالْإِثْمِ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    Ва (эй мардумон,) дороии хешро миёни худ ба ноҳақ (-у ситам, чун дуздиву ғорат ва гувоҳиву савганди дурӯғ ва фиреб ва қимору рибову ришваву хиёнат) махӯред, то онро ба ҳокимон (ба ришва) пешкаш кунед ва то порае аз дороии мардумро ба ситам (-у гуноҳ) бихӯред ва шумо медонед (, ки шумо бар ботилед ва ин кор ҳаром аст, ҳол он ки агар қозӣ ва ё ҳоким ҳукмеро аз рӯи гувоҳон бардурӯғ ба манфиати шумо ҳал намояд, ин кор шуморо аз ҳукми Аллоҳ намераҳонад ва ӯ рӯзи растохез миёни шумо бо доду адл доварӣ намуда, доди ситамдидаро аз ситамгор меситонад).

    2:188
  9. يَسْأَلُونَكَ عَنِ الْأَهِلَّةِ ۖ قُلْ هِيَ مَوَاقِيتُ لِلنَّاسِ وَالْحَجِّ ۗ وَلَيْسَ الْبِرُّ بِأَنْ تَأْتُوا الْبُيُوتَ مِنْ ظُهُورِهَا وَلَٰكِنَّ الْبِرَّ مَنِ اتَّقَىٰ ۗ وَأْتُوا الْبُيُوتَ مِنْ أَبْوَابِهَا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

    Туро аз (ҳикмат ва фоидаи) моҳҳои нав мепурсанд (, ки чаро моҳтоб гоҳе пурра ва гоҳе коста мешавад), бигӯ ин(ҳилол)-ҳо барои (зиндагӣ ва корҳову ибодоти) мардумон ва ҳаҷ миоданд (то мардумон вақти кишту бозаргонӣ ва рӯзаву ифтор ва ҳаҷу закоти худро бидонанд). [Ансор чунин одат доштанд, ки чун аз ҳаҷ бармегаштанд аз пушти хонаҳо медаромаданд ва ё сӯрохе меканданд ё ки бо нардбоне аз болои девор ба даруни хона медаромаданд, на аз дарвозаҳояшон ва ин корро накӯкорӣ мепиндоштанд.] Накӯкорӣ нест, ки (чун аз сафар ва ё ҳаҷ баргаштед ва ё чун иҳром бипӯшед,) ба хонаҳо аз пушти (девори) онҳо дароед[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 1803 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 3026.]] (ва ин корро накӯкорӣ пиндоред, ин кор ҳаргиз накӯкорӣ нест, зеро Аллоҳ ба кардани он фармон надода аст), валекин накӯкорӣ ин аст, ки кас (аз маҳорими Аллоҳ) парҳез кунад (ва дар кирдори накӯ кӯшо бошад). Ва хонаҳоро аз дарвозаҳояшон бидароед! Ва аз (мухолифати фармудаҳои) Аллоҳ битарсед (ва худотарсӣ пеша намоед), бошад, ки (хушнудии ӯро ба даст оваред ва) растагор шавед.

    2:189
  10. وَقَاتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَكُمْ وَلَا تَعْتَدُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ

    [Ин нахустин оятест, ки дар Мадина баҳри корзор ва разми кофирон фуруд омада аст. Чун пайғамбар бо кофирони Макка сулҳи Ҳудайбияро бад-ин шарт баст, ки мусалмонон соли оянда барои адои умра биоянд ва Макка барои эшон се рӯз холӣ бошад, мусалмонон тарсиданд, ки қурайшиён сулҳшиканӣ кунанд ва бо эшон биҷанганд ва эшонро нохуш менамуд, ки дар ҳарами Макка ва дар моҳи Ҳаром ва бо иҳром бо кофирон биҷанганд, сипас ин оят фуруд омад:] Ва дар роҳи (хушнудии) Аллоҳ (ва барафроштани парчами Ислом) бо ононе ки бо шумо меҷанганд* корзор кунед (то ин ки Аллоҳро ба яктогӣ бипарастанд) ва аз ҳад дар магузаред (ва ҷангро нахуст шумо сар макунед ва кӯдакону занону пирон* ва девонагону роҳибонро макушед ва низ касонеро ки дар ҷанг иштирок накардаанд. Аммо касе ки дар ҷанг ройзанӣ ва машварат намуда аст кушта мешавад, агарчӣ пир бошад ва ҳайвонотро макушед ва дарахтонро мабуред ва гӯшу бини мурдагони кофиронро мабуред ва ситам маварзед). Ҳароина, Аллоҳ аз ҳад гузарандагонро дӯст намедорад[[Гӯянд, ки ин оят бо ояти баъдина насх гашта аст ва низ гӯянд, ки бо ояти 36-уми сураи (Тавба насх шуда аст.]].

    2:190
  11. وَاقْتُلُوهُمْ حَيْثُ ثَقِفْتُمُوهُمْ وَأَخْرِجُوهُمْ مِنْ حَيْثُ أَخْرَجُوكُمْ ۚ وَالْفِتْنَةُ أَشَدُّ مِنَ الْقَتْلِ ۚ وَلَا تُقَاتِلُوهُمْ عِنْدَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ حَتَّىٰ يُقَاتِلُوكُمْ فِيهِ ۖ فَإِنْ قَاتَلُوكُمْ فَاقْتُلُوهُمْ ۗ كَذَٰلِكَ جَزَاءُ الْكَافِرِينَ

    Ва эшонро (, яъне мушриконро ҳар гоҳе ва) ҳар куҷое ки биёбед бикушедашон ва эшонро (аз зодгоҳашон Макка) берун кунед, ҳамчуноне ки шуморо (аз зодгоҳатон) берун карданд (ва аз зодбум шуморо овора сохтанд). Ошӯб (-и ширки кофирон ва озмоиши муъминон дар динашон ва таъзибашон барои баргардондани эшон ба сӯи ширк) аз куштан (-и муъминон) сахттар (ва бузургтар) аст. Ва наздики масҷиди Ҳаром (-Макка) бо эшон корзор макунед, то ин ки (нахуст эшон оғоз кунанд ва) бо шумо биҷанганд (, зеро оғозкунанда ситамгортар аст). Пас агар (дар Макка) бо шумо ҷангиданд (ва ҷангро онҳо сар карданд ва ҳурмати Маккаро шикастанд) эшонро бикушед! Подоши кофирон ҳамчунин аст (, ки кушта шаванд ва аз зодгоҳашон берун карда шаванд).

    2:191
  12. فَإِنِ انْتَهَوْا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Пас агар (аз ҷанги шумо) бозмонданд (ва аз куфру ширку даст кашиданд ва дар дини Ислом даромаданд) онгаҳ ҳройина Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст (ва ҳар чиро, ки пеш аз исломашон кардаанд маҳв месозад).

    2:192
  13. وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ لِلَّهِ ۖ فَإِنِ انْتَهَوْا فَلَا عُدْوَانَ إِلَّا عَلَى الظَّالِمِينَ

    Ва бо эшон корзор кунед то ин ки ошӯб (-и ширк) нобуд гардад (ва шавкати эшон бишканад ва баъд аз он кофирон натавонанд, муъминонро дигарбора азоб диҳанд) ва дин (-у парастиши) покиза барои Аллоҳ бошад (, то ки ӯро ба ягонагӣ бипарастанд ва дини Ислом дар ҷаҳон пирӯз ва забардасту фармонраво гардад, зеро ҳадафи корзор бо кофирон рехтани хуни эшон нест, балки мақсуд барафроштани якторпарастӣ ва ойини поки Ислом ва густурдани шариати он аст). Пас агар (аз куфру ширк ва ҷанг бо шумо) бозмонанд (, пас шумо аз разму куштори эшон даст бардоред), онгаҳ душмание (ва уқубуте) нест, магар бар ситамгорон (, ки аз куфру ширку ҷанги шумо бознаистодаанд).

    2:193
  14. الشَّهْرُ الْحَرَامُ بِالشَّهْرِ الْحَرَامِ وَالْحُرُمَاتُ قِصَاصٌ ۚ فَمَنِ اعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ فَاعْتَدُوا عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا اعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ

    (Агар дар моҳи Ҳаром бо шумо ҷанг кунанд, барои шумо интиҳоки) моҳи ҳаром ба ивази моҳи ҳаром (раво) аст (, яъне агар дар моҳҳои ҳаром - Зулқаъда, Зул-ҳиҷҷа, Муҳаррам ё Раҷаб кофирону мушрикон бо шумо ҷанг кунанд, дар моҳи ҳаром бо эшон корзор кунед). Ва бузургиҳо монанди якдигар қисос мешаванд (ва агар душманони шумо дар моҳи ҳаром ва дар кишвари ҳаром ва дар иҳром бо шумо ҷангро оғоз кунанд, ҳурумотеро, ки бояд нигоҳ дошта шаванд бишикананд, бо андозаи интиҳоки онҳо қисос гирифта шавад). Пас ҳар кӣ (дар Ҳарам ва ё дар иҳром ва ё дар моҳҳои ҳаром бо ҷанг бар шумо) эътидо кунад, онгоҳ бар ӯ эътидо кунед, монанди он ки ӯ бар шумо эътидо (ва дастдарозӣ) карда аст ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки ҳароина, Аллоҳ (бо ёрӣ ва мадади хеш) ҳамроҳи парҳезгорон аст.

    2:194
  15. وَأَنْفِقُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا تُلْقُوا بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ ۛ وَأَحْسِنُوا ۛ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ

    Ва (дороиятонро) дар роҳи (фармонбарии) Аллоҳ (дар ҷиҳод ва баҳри бечорагону наздикон) харҷ кунед ва (хештанро ба сабаби тарк намудани размоварӣ ва харҷ накардани дороӣ дар роҳи Аллоҳ ба машғул гаштан ба фарзандону дороӣ) бо дастҳои худ ба ҳалокат маяфканед (, зеро чун душманон бибинанд, ки мусалмонон аз размоварии кофирон бознишастаанд, бо эшон биҷанганд ва пирӯз гарданд ва ҳалокашон созанд[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4516, «Саҳиҳу ва заъифу сунани-т-Тирмизӣ»; 6/472 зери рақами 2972 ва «Саҳиҳу ва заъифу сунани Абедовуд»; 6/12, 2512, ҳадиси саҳеҳ аст.]]). Ва (дар тамоми кирдори худ) накӯкорӣ[[Ба накӯкорӣ тамоми корҳои накӯ дохил мешаванд: Нахуст аз ҳама дар парастиши Аллоҳ некӯӣ кардан ва ӯро ҳамчунон парастидан, ки гӯё ӯро мебинад ва харҷи дороӣ дар роҳи Аллоҳ ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кардан, омӯхтани дониши судманде, дастгирӣ намудани мардумон, ниёзҳои эшонро баровардан ва душвориҳояшонро осон намудан, беморибинӣ рафтан ва дар ҷаноза ҳозир шудан ва ғайра...]] кунед, ҳароина, Аллоҳ накӯкоронро дӯст медорад (ва музди накӯяшон медиҳад).

    2:195
  16. وَأَتِمُّوا الْحَجَّ وَالْعُمْرَةَ لِلَّهِ ۚ فَإِنْ أُحْصِرْتُمْ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ ۖ وَلَا تَحْلِقُوا رُءُوسَكُمْ حَتَّىٰ يَبْلُغَ الْهَدْيُ مَحِلَّهُ ۚ فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ بِهِ أَذًى مِنْ رَأْسِهِ فَفِدْيَةٌ مِنْ صِيَامٍ أَوْ صَدَقَةٍ أَوْ نُسُكٍ ۚ فَإِذَا أَمِنْتُمْ فَمَنْ تَمَتَّعَ بِالْعُمْرَةِ إِلَى الْحَجِّ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ ۚ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلَاثَةِ أَيَّامٍ فِي الْحَجِّ وَسَبْعَةٍ إِذَا رَجَعْتُمْ ۗ تِلْكَ عَشَرَةٌ كَامِلَةٌ ۗ ذَٰلِكَ لِمَنْ لَمْ يَكُنْ أَهْلُهُ حَاضِرِي الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ

    [Ин оят дар соли шашуми ҳиҷрат, яъне дар соли Ҳудайбия фуруд омада аст, дар он ҳангом ки мушрикон нагузоштанд, ки Пайғамбару ёронаш ба Байтулҳаром бирасанд.] Ва ҳаҷҷу умраро (бо аркону шуруташон чунончи бояд,) барои (хушнудии) Аллоҳ ба поён расонед[[Нигаред, «Маҷмаъул-баҳрайн»-и Табаронӣ; 141/2 ва Табарӣ; 3202.]]! Пас, агар (аз расидан ба Байтулҳаром ба сабаби раҳгумӣ ё беморӣ ва ё хатари душманон) боздошта шавед, онгоҳ бар шумо ҳарчи аз қурбонӣ (, чун шутур ва ё гов ё гӯсфанд) осон бошад, лозим аст. Ва (барои иҳлол аз иҳроми ҳаҷ) сарҳои худро матарошед, то ин ки қурбонӣ ба ҷояш бирасад (ва кушта шавад ва ба бечорагон тақсим карда шавад, то аз он суд баранд, сипас сар битарошед ва иҳром бозкушоед)! [Ин оят дар хусуси Каъб писари Уҷра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) фуруд омада аст[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4517.]]:] Пас ҳар кӣ аз шумо бемор бошад ва ё дар сари ӯ газанде (, монанди сардард ё шабушк) бошад, (, сарашро битарошад ва) бар ӯ ба ивази он (се рӯз) рӯза доштан ё (ба шаш бечора) садақа додан ё қурбонӣ (-и гӯсфанде) лозим астПас чун (аз тарси душманон ва ё аз беморӣ) эмин гаштед, онгаҳ ҳар кӣ то (вақти) ҳаҷ ба (адои) умра бархӯрдор шавад (ва пеш аз ҳаҷ аз адои умра фориғ гардад), пас бар вай (баҳри сипоси Аллоҳ) ҳар чи аз қурбонӣ (аз гӯсфанду буз ва ё гов ва ё шутур) осон бошад[[Ҷонваре, ки дар иҳсор кушта мешавад, бояд монанди қурбонӣ тандуруст бошад, на кӯр бошад, на ланг ва на бемор ва на лоғар. Дар қурбонии як шутур ва ё як гов метавонанд даҳ нафар иштирок кунанд.]] лозим аст. Пас ҳар кӣ (ба сабаби гум кардани қурбонӣ ва ё нархи он қурбоние) наёфт, онгаҳ бар ӯ рӯзадории се рӯз дар ҳаҷ ва ҳафт рӯз чун (ба зодгоҳатон) бозгардед, лозим аст. Ин даҳ рӯзи пурра аст (, ки ба ҷои куштани қурбонӣ ва баробари савоби он аст). Ҳамин ҳукм (, яъне ҳукми вуҷуби қурбонӣ ва рӯза доштан дар таматтӯъ) баҳри касест, ки хонадони ӯ бошандаи Масҷиди Ҳаром (Макка) набошанд (, аммо барои бошандагони ҳарам таматтӯъ ва қурбоние нест). Ва аз (нофармонии) Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ сахт иқобкунанда аст.

    2:196
  17. الْحَجُّ أَشْهُرٌ مَعْلُومَاتٌ ۚ فَمَنْ فَرَضَ فِيهِنَّ الْحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي الْحَجِّ ۗ وَمَا تَفْعَلُوا مِنْ خَيْرٍ يَعْلَمْهُ اللَّهُ ۗ وَتَزَوَّدُوا فَإِنَّ خَيْرَ الزَّادِ التَّقْوَىٰ ۚ وَاتَّقُونِ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ

    (Вақти) ҳаҷ моҳҳои донисташуда(-Шаввол ва Зулқаъда ва даҳ рӯзи Зулҳиҷҷа)-анд. Пас ҳар кӣ дар ин моҳҳо ҳаҷро бар худ воҷиб кард (ва барои ҷустани хушнудии Аллоҳ иҳром баст), онгоҳ дар ҳаҷ на носазогӯӣ бошад ва на бадкорӣ (-ву маъсият) ва на муҷодала. Ва ҳар чӣ аз некӣ (, чун садақа) мекунед, Аллоҳ онро медонад (ва бо он шуморо подоши накӯ медиҳад). [Имом Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят карда аст: [[«Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 1523.]]كَانَ أَهْلُ الْيَمَنِ يَحُجُّونَ وَلَا يَتَزَوَّدُونَ وَيَقُولُونَ نَحْنُ الْمُتَوَكِّلُونَ فَإِذَا قَدِمُوا مَكَّةَ سَأَلُوا النَّاسَ فَأَنْزَلَ اللَّهُ تَعَالَى: وَتَزَوَّدُوا فَإِنَّ خَيْرَ الزَّادِ التَّقْوَى Яманиён ҳаҷ мекарданду барои ҳаҷ тӯша намегирифтанд ва мегуфтанд, ки мо бар Худо таваккул мекунем, аммо чун ба Макка мерасиданд аз мардум хӯрданӣ гадоӣ мекарданд, онгоҳ Худои таоло ин оятро фуруд овард:] Ва (барои сафар ҳамроҳи худ аз обу нону хӯрок) тӯша бардоред! Пас беҳтарин тӯша (барои роҳи охират) парҳезгорист. Ва эй худовандони хирад, аз (иқобу азоби) ман битарсед (, ки саркашони фармудаҳоямро фаро мегирад).

    2:197
  18. لَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَنْ تَبْتَغُوا فَضْلًا مِنْ رَبِّكُمْ ۚ فَإِذَا أَفَضْتُمْ مِنْ عَرَفَاتٍ فَاذْكُرُوا اللَّهَ عِنْدَ الْمَشْعَرِ الْحَرَامِ ۖ وَاذْكُرُوهُ كَمَا هَدَاكُمْ وَإِنْ كُنْتُمْ مِنْ قَبْلِهِ لَمِنَ الضَّالِّينَ

    [Укоз, Маҷанна ва Зулмаҷоз бозорҳои Макка буданд ва мардум пеш аз фуруд омадани ин оят бозаргониро дар ҳаҷ гуноҳ ва кори нописанд медонистанд, пас ин оят бозаргониро дар ҳаҷ раво гардонид[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4519.]] :] Шуморо гуноҳе нест, дар он ки (пеш аз пӯшидани иҳром ва дар мавсими ҳаҷ) аз Парвардигоратон фазле биҷӯед (ва аз пайи рӯзӣ шавед ва бозаргониву хариду фурӯш кунед). Пас чун аз (вуқуфи) Арафот (аз ҷое ки оғоз кардед) бо анбӯҳӣ баргардед, наздики Машъари Ҳаром (дар водии Муздалифа ё кӯҳи Қазаҳ ки дар охири Муздалифа аст,) Аллоҳро ёд кунед. Ӯро (, яъне Аллоҳро) бад-он сабаб, ки шуморо роҳ (-и рост) намуда аст (ва донишро омӯхта аст, бо талбия ва таҳлил ва дуо ва зорӣ) ёд кунед ва агарчӣ пеш аз ин (раҳнамунии имон ва шариатро намедонистед ва) аз гумроҳон будед.

    2:198
  19. ثُمَّ أَفِيضُوا مِنْ حَيْثُ أَفَاضَ النَّاسُ وَاسْتَغْفِرُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    [Ҳангоми адои ҳаҷ, қурайшиён дар Муздалифа меистоданд ва аз такаббури ин ки бошандагони Маккаанд дар Арафот намеистоданд ва ҳол он ки дигарон дар онҷо меистоданд. Пас Аллоҳ эшонро фармуд, ки монанди дигарон дар Арафот биистанд[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4520.]]:] (Эй Қурайш!) Сипас, аз онҷое ки мардумон бо анбӯҳӣ бозмегарданд (, яъне аз Муздалифа барои шабнишинӣ ва сангандозӣ ба Мино ва барои қурбонӣ ва саъй ва шабҳои ташриқ) бо анбӯҳӣ бозгардед ва аз Аллоҳ омурзиш (-и гуноҳҳои пешинаи худро) хоҳед![[Аллоҳи додор дар ҷойҳои бисёре пас аз поён овардани парастишҳо ба омурзишхоҳӣ фармон медиҳад, монанди омурзишхоҳӣ баъд аз намоз ва ғайра.]] Ҳароина, Аллоҳ барои мӯъминон омурзандаи меҳрубон аст.

    2:199
  20. فَإِذَا قَضَيْتُمْ مَنَاسِكَكُمْ فَاذْكُرُوا اللَّهَ كَذِكْرِكُمْ آبَاءَكُمْ أَوْ أَشَدَّ ذِكْرًا ۗ فَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَقُولُ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا وَمَا لَهُ فِي الْآخِرَةِ مِنْ خَلَاقٍ

    Пас чун маносикатонро (ва ибодоти ҳаҷро) анҷом додед (ва дар Мино ором гирифтед), онгоҳ Аллоҳ(-и якто)-ро монанди ёд кардани падаронатон ё бештар (ва фузунтар) аз ёд кардани падаронатон[[Чунончи падаронашонро пас аз фароғи ҳаҷ дар Мино байни масҷиду кӯҳ бо фахру нозиш ёд мекарданд.]] (бо такбиру сипос) ёд кунед![[Дар рӯзҳои ташриқ ҳангоми сангандозӣ ва пас аз намозҳои панҷгона бигӯянд: «Аллоҳу акбар (2 бор) ло илоҳа иллаллоҳ (1 бор) Аллоҳу акбар (2 бор) ва лиллоҳил-ҳамд» (1 бор).]] Пас аз миёни мардумон касе ҳаст, ки (аз дунёпарастӣ ҳадаф ва ғаму андешаи ӯ дунё аст,) мегӯяд: «Парвардигоро, моро дар ҷаҳон (молу тандурустӣ ва зану фарзанд ва ҳосили фаровон) бидеҳ» (ва биҳишту омурзиши гуноҳҳо ва раҳоӣ аз дӯзахро дархост намекунад, балки ончиро дархост мекунад, ки дар дунё дода мешавад) ва ӯро дар охират ҳеҷ баҳрае нест.

    2:200

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)