Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 184
-
أَيَّامًا مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۚ وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ ۖ فَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْرًا فَهُوَ خَيْرٌ لَهُ ۚ وَأَنْ تَصُومُوا خَيْرٌ لَكُمْ ۖ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ
[Дар оғози фарз гаштани рӯзаи моҳи Рамазон касе ки мехост, рӯза медошт ва касе ки намехост, рӯза намедошт ва ба ҷои ҳар рӯз бечораеро сер мекард, вале ояти баъдина ин ҳукмро бекор кард, вале ҳукм барои пирони солхӯрда ва занони обистану ширдеҳ барҷо монд.] (Рӯзадорӣ) чанд рӯзи (андаки) ба шумор аст (, гоҳе бисту нӯҳ ва гоҳе сӣ рӯз дароз мекашад), пас ҳар кӣ аз шумо (ҳангоми даромадани моҳи Рамазон) бемор ва ё дар сафар бошад (, барояш равост, ки рӯза надорад), онгоҳ (баъд аз тандуруст шудан ва аз сафар баргаштан) бар вай (бо андозаи ончӣ рӯза хӯрда аст, рӯза доштани) муддате аз рӯзҳои (моҳҳои) дигар воҷиб аст ва бар касоне ки (, чун бемор ва ё чун пирон ба сабаби солхӯрдагӣ ва ё чун занони обистан ё ширдеҳ бо заҳмату ранҷ) рӯзадорӣ метавонанд (ва ё рӯза намедоранд ба ивази ҳар рӯзе) фидяи хӯронидани бечорае лозим аст. Пас ҳар кӣ некие бияфзояд (ва беш аз як гуруснаро сер кунад), пас он (некӣ) барояш беҳтар бувад. Ва он ки рӯза бидоред барои (дунёву охират ва тандурустии) шумо (аз рӯза хӯрдан ва фидя додан) беҳтар аст, агар (суду музду фазли рӯзадориро) бидонед.
2:184
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)