Сура 2 Ал-Бақара (Гов)

  1. تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُمْ مَا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْأَلُونَ عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Он гурӯҳ (пайғамбарон ва накӯкорон буданд, ки) даргузаштанд, ҳар чи (аз некӣ) кардаанд, эшонрост ва ҳар чӣ шумо кардаед, шуморост (ва ҳарчӣ мекунед барои хештан мекунед). Ва аз ончи эшон мекарданд, пурсида нахоҳед шуд (ва шумо ҷавобгари кирдори худ ва онҳо ҷавобгари кирдори худанд ва интисоби шумо ба эшон бе он ки эшонро пайравӣ кунед, шуморо ҳеҷ суд накунад ва бо як ба забон овардани ин суханҳо фирефта машавед, то ин ки монанди эшон фармонбарандагони фармудаҳои Аллоҳ ва пайравони пайғамбарони ӯ бошед ва ҳар кӣ ба пайғамбаре куфр оварад, ба дурустӣ ки ба ҳама пайғамбарон куфр варзида аст. Пас ҳар кӣ ба хоҷаи пайғамбарон ва вопасини фиристодагон ва фиристодаи парвардигори ҷаҳониён - Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) куфр оварад, чӣ гуна хоҳад буд, ки ӯ ба сӯи ҳама одамизодагон ва ҷинниён фиристода шудааст?).

    2:141
  2. سَيَقُولُ السُّفَهَاءُ مِنَ النَّاسِ مَا وَلَّاهُمْ عَنْ قِبْلَتِهِمُ الَّتِي كَانُوا عَلَيْهَا ۚ قُلْ لِلَّهِ الْمَشْرِقُ وَالْمَغْرِبُ ۚ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ

    Бехирадон аз мардумон (-и аҳли китоб, чун ҷуҳудону насоро ва мушрикону мунофиқон) хоҳанд гуфт, ки эшонро (, яъне Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва муъминонро) аз қиблаашон (аз Байтулмақдис) ки бар он буданд, чӣ чиз (сӯи Каъба) баргардонид (ки боре ба сӯе ва боре ба сӯи дигар рӯ меоваранд). Бигӯ, ховару бохтар (ва фармон) Аллоҳрост (ва бар ҷонибе ки хоҳад мефармояд, ки рӯ ба сӯи он ҷониб гардонед). Ҳар киро хоҳад ба сӯи роҳи рост (- ба сӯи дини Ислом) роҳ менамояд[[Нигаред, «Асбобу-н-нузул»-и Ас-Суютӣ. ]].

    2:142
  3. وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا ۗ وَمَا جَعَلْنَا الْقِبْلَةَ الَّتِي كُنْتَ عَلَيْهَا إِلَّا لِنَعْلَمَ مَنْ يَتَّبِعُ الرَّسُولَ مِمَّنْ يَنْقَلِبُ عَلَىٰ عَقِبَيْهِ ۚ وَإِنْ كَانَتْ لَكَبِيرَةً إِلَّا عَلَى الَّذِينَ هَدَى اللَّهُ ۗ وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيُضِيعَ إِيمَانَكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِالنَّاسِ لَرَءُوفٌ رَحِيمٌ

    Ва (эй уммати Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод),) ҳамчунин шуморо гурӯҳи миёна (яъне шуморо гурӯҳи беҳтарин ва гузида) сохтем, то бар мардумон гувоҳ бошед (, ки пайғамбаронашон пайғомҳои илоҳиро ба эшон расонидаанд[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4487.]]) ва то фиристода (-и Аллоҳ Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ) бар шумо гувоҳ бошад. Ва (эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод),) он қибларо (Байтулмақдисро) ки бар он будӣ (нахуст муқаррар) накардем, магар барои он ки (то имони мардумро биёзмоем ва зуҳури онро) бидонем, ки чӣ касе Фиристодаро (тасдиқ ва) пайравӣ мекунад ва ҷудо аз он кас ки (аз шакку куфр ба Пайғамбар) бар ҳарду пошнааш (ба сӯи куфр) бозгардад (ва муртад шавад). Ва ҳароина, ин кор (рӯ ба сӯи қибла овардан бар мардумон) душвор аст, магар бар касоне ки Аллоҳ (эшонро) роҳ намуда (ва неъматҳои Аллоҳро шинохтаанд ва сипосгузорӣ намудаанд). Ва Аллоҳ имон(, яъне намозҳо)-и шуморо (ки шонздаҳ ё ҳафдаҳ моҳ[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4492 ва 4486.]] ба сӯи Байтулмақдис гузоридед) гум намесозад. Ҳароина, Аллоҳ ба мардумон (-и муъмин) бахшояндаи меҳрубон аст.

    2:143
  4. قَدْ نَرَىٰ تَقَلُّبَ وَجْهِكَ فِي السَّمَاءِ ۖ فَلَنُوَلِّيَنَّكَ قِبْلَةً تَرْضَاهَا ۚ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۚ وَحَيْثُ مَا كُنْتُمْ فَوَلُّوا وُجُوهَكُمْ شَطْرَهُ ۗ وَإِنَّ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ لَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا يَعْمَلُونَ

    Ба дурустӣ, гаштани рӯи туро ба сӯи осмон мебинем (, ки барои дигар шудани қибла бо умеди фуруд омадани ваҳй ба сӯи он бисёр менигарӣ), пас туро ба сӯи қиблае бигардонем, ки бо он хушнуд шавӣ (ва онро дӯст дорӣ). Пас (дар намозҳоят) рӯи худро ба сӯи масҷиди Ҳаром[[Масҷиди Ҳаром ба ин маъност, ки хунрезӣ ва куштани касе дар онҷо ҳаром аст.]], (яъне ба сӯи қиблаи падарат Иброҳим ба сӯи Каъбаи бузургвор) бигардон! Ва (эй муъминон,) ҳар куҷо ки бошед, рӯйҳои хешро (дар намозҳоятон) ба тарафи он (қибла) бигардонед. Ва ҳароина, онон ки китоб (-и осмонӣ) дода шуданд (, яъне ҷуҳудон ва насоро) медонанд, ки ин (рӯй овардан ба сӯи Каъба) рост (ва собит) аз ҷониби Парвардигори эшон аст (, чунки дар китобҳояшон сифатҳои Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) медонанд, ки ӯ ба сӯи Каъба рӯ меоварад, вале аз рашку душманӣ онро пинҳон медоранд). Ва Аллоҳ бад-ончӣ мекунед, ноогоҳ нест (ва ҳама кирдори хӯрду бузурги шуморо медонад ва бо он кирдор шуморо подош ва ё кайфар мекунад)[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4488.]].

    2:144
  5. وَلَئِنْ أَتَيْتَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ بِكُلِّ آيَةٍ مَا تَبِعُوا قِبْلَتَكَ ۚ وَمَا أَنْتَ بِتَابِعٍ قِبْلَتَهُمْ ۚ وَمَا بَعْضُهُمْ بِتَابِعٍ قِبْلَةَ بَعْضٍ ۚ وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ ۙ إِنَّكَ إِذًا لَمِنَ الظَّالِمِينَ

    Ва агар (барои сидқи худ дар дигаршавии қибла) пеши аҳли китоб ҳар нишонае (ё мӯъҷиза ва ё далеле) биёварӣ, (аз якравӣ ва саркашӣ) ҳаргиз қиблаи туро пайравӣ накунанд (ва ба сӯи қиблаи ту намоз нагузоранд) ва ту пайравикунандаи қиблаи эшон нестӣ ва бархе аз эшон пайравикунандаи қиблаи бархеи дигар нестанд (ва ҷуҳудон қиблаи тарсоёнро пайравӣ накунанд ва тврсоён низ қиблаи ҷуҳудонро пайравӣ накунанд). Ва агар пас аз он ки (аз ҷониби Аллоҳ) ба сӯи ту дониш омада аст, хоҳишҳои (раҳгумкунандаи) эшонро (, ки туро ба сӯи он мехонанд) пайравӣ кунӣ, ҳароина, онгоҳ ту аз ситамгоронӣ.

    2:145
  6. الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَعْرِفُونَهُ كَمَا يَعْرِفُونَ أَبْنَاءَهُمْ ۖ وَإِنَّ فَرِيقًا مِنْهُمْ لَيَكْتُمُونَ الْحَقَّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

    Касоне ки эшонро китоб додем (, яъне ҷуҳудон ва насоро, азбаски васфи Муҳаммадро дар китобҳояшон дармеёбанд), ӯро мешиносанд, чунонки фарзандони хешро мешиносанд. Ва ҳароина, гурӯҳе аз эшон ин ростро (аз хусуси васфи Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) пинҳон медоранд (ва ба ӯ имон намеоваранд ва пайравияш намекунанд), ҳол онки эшон медонанд (, ки ӯ ҳақ аст).

    2:146
  7. الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ ۖ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُمْتَرِينَ

    (Эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод),) рост (-и собити шоистаи пайравӣ) ҳамон аст, ки аз Парвардигори ту (омада) аст, пас (дар таҳаввули Каъба) ҳаргиз аз шаковарандагон мабош!

    2:147
  8. وَلِكُلٍّ وِجْهَةٌ هُوَ مُوَلِّيهَا ۖ فَاسْتَبِقُوا الْخَيْرَاتِ ۚ أَيْنَ مَا تَكُونُوا يَأْتِ بِكُمُ اللَّهُ جَمِيعًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    Ва ҳар кадомеро (аз аҳли дин) ҷонибе (ва қиблае) аст, ки ӯ рӯй ба сӯи он оварда аст. Пас (эй муъминон,) ба сӯи некиҳо (ва кирдорҳои шоиставу писандидаву фармонбариҳо, чун фароиз ва нофилаҳо, монанди намоз, рӯза ва ҳаҷу умраву ҷиҳод шитоб ва) пешдастӣ кунед! Ҳар куҷо ки бошед (, хоҳ дар жарфои замин ва хоҳ дар қуллаи кӯҳҳои осмонхарош) Аллоҳ шуморо (рӯзи растохез) ҳамагӣ (гирд) меоварад (ва подош ва ё кайфари кирдори шуморо медиҳад) , ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4492.]](ва тавонад, ки шуморо барои шумор гирд оварад, агарчӣ ҷисму андомҳои шумо пӯсида ва устухонҳоятон дар ҳам пошида бошад).

    2:148
  9. وَمِنْ حَيْثُ خَرَجْتَ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۖ وَإِنَّهُ لَلْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

    Ва ҳар ҷо ки (ба сафар) берун рафтӣ, (дар намозҳоят) рӯи худро ҷониби Масҷиди Ҳаром бигардон! Ва ҳароина, вай рост аз ҷониби Парвардигори туст. Ва Аллоҳ аз ончӣ ки мекунед, ноогоҳ нест.

    2:149
  10. وَمِنْ حَيْثُ خَرَجْتَ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۚ وَحَيْثُ مَا كُنْتُمْ فَوَلُّوا وُجُوهَكُمْ شَطْرَهُ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَيْكُمْ حُجَّةٌ إِلَّا الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْهُمْ فَلَا تَخْشَوْهُمْ وَاخْشَوْنِي وَلِأُتِمَّ نِعْمَتِي عَلَيْكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ

    Ва ҳар ҷо ки берун рафтӣ, пас (дар намозҳо) рӯи худро ҷониби масҷиди Ҳаром бигардон! Ва ҳар куҷо ки бошед (дар намозҳои худ) рӯйҳои худро бад-он ҷониб бигардонед, то ки мардумон(-и ҷуҳуд ва мушрик)-ро бар шумо далил набошад (, ки забон бар муҷодалаи шумо кушоянд ва чун ҷуҳудон гӯянд, ки чаро аз дини мо безор асту қиблаи моро пайравӣ мекунад ва ё мушрикон гӯянд, ки Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) давои дини Иброҳим мекунаду қиблаашро мухолифат мекунад), магар касонеро ки аз миёни эшон ситам намуданд (ва гуфтанд, ки Муҳаммад рӯй ба сӯи Каъба барои он меоварад, ки ӯ ба дини ниёгонаш иштиёқ ва майл дорад ва наздик аст, ки ба он бигардад). Пас (бар қиблаатон побарҷо бошед ва) аз (муҷодилаи ботили) эшон матарсед ва аз ман (бо фармонбардории амрҳоям) битарсед ва то неъмати хешро (бо раҳнамунӣ ба сӯи қиблаи Иброҳим ва бо омӯзондани дониши динатон) бар шумо пурра гардонам ва бошад ки роҳ(-и рост ро) биёбед.

    2:150
  11. كَمَا أَرْسَلْنَا فِيكُمْ رَسُولًا مِنْكُمْ يَتْلُو عَلَيْكُمْ آيَاتِنَا وَيُزَكِّيكُمْ وَيُعَلِّمُكُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُعَلِّمُكُمْ مَا لَمْ تَكُونُوا تَعْلَمُونَ

    Чунонки ба сӯи шумо аз миёни шумо фиристодае фиристодем, ки бар шумо оятҳои моро мехонад ва шуморо (аз ширку куфру маъсиятҳо ва хӯйҳои нописандида) пок месозад ва шуморо китоб (-и Қуръон) ва дониш (-и суннат ва фиқҳу аҳкоми динро) меомӯзад ва ба шумо ончиро меомӯзад, ки (пеш аз ин) намедонистед.

    2:151
  12. فَاذْكُرُونِي أَذْكُرْكُمْ وَاشْكُرُوا لِي وَلَا تَكْفُرُونِ

    Пас маро (бо тоат) сипос гузоред ва (бо маъсиятҳо) носипосӣ маварзед (ва маро фаромӯш макунед)!

    2:152
  13. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ

    Эй касоне ки имон овардед (дар корҳои дунёву охират, ҳангоми тоат ва сахтиҳову мусибат ва балоҳо) ба шикебоӣ ва намоз ёрӣ ҷӯед, ҳароина, Аллоҳ (бо донишу тавоноии худ) ҳамроҳи шикебоён аст (ва эшонро ёрмандиву дастгирӣ мекунад, зеро эшон дар тоати Аллоҳ ва мусибатҳо ва дар тарки маъсиятҳои ӯ шикебоӣ намуданд).

    2:153
  14. وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَٰكِنْ لَا تَشْعُرُونَ

    Ва касеро ки дар роҳи (хушнудии) Аллоҳ (, дар роҳи барафроштани парчами дини ӯ) кушта шуд (ва шаҳид гашт), магӯед, ки эшон мурдагонанд (ва мурдаашон мапиндоред , балки эшон (дар барзах) зиндаанд (, назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд ва ҷонҳояшон дар хӯрдонҳои мурғони сабзанд ва ҳар куҷо ки хоҳанд, гашту гузор мекунанд ва сипас ба қандилҳое ки зери тахти Аллоҳи кирдигор овезон ҳастанд, бармегарданд), валекин шумо огоҳ намешавед.

    2:154
  15. وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِنَ الْخَوْفِ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِنَ الْأَمْوَالِ وَالْأَنْفُسِ وَالثَّمَرَاتِ ۗ وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ

    Ва албатта шуморо ба чизе (, яъне ба андаке) аз тарс (-и душманон) ва гуруснагӣ ва костагии молҳо ва ҷонҳо (- ба марги фарзандону наздикон ва дӯстону ёрон) ва (ба осебҳои кишт ва) костагии меваҳо биёзмоем (, то бидонем, ки кадомяки шумо шикеботар аст). Ва шикебоёнро (ба биҳишт) мужда бидеҳ!

    2:155
  16. الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ

    Он касонеро (мужда бидеҳ,) ки чун бад-эшон сахтӣ (ва ё бало ва ё андӯҳе) бирасад, гӯянд: Мо аз они Аллоҳем (ва бандагону милки ӯем, ӯ ҳарчӣ хоҳад, бо мо мекунад ва мо ба ҳукмҳои ӯ гардан ниҳодаем ва ба қазову қадари ӯ розием) ва ҳароина, мо (пас аз марг) ба сӯи ӯ бозгардондаем (ва ӯ моро подош мекунад ва медонем, ки заррае аз кирдори неку бади мо назди ӯ кам намешавад).

    2:156
  17. أُولَٰئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَاتٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُهْتَدُونَ

    Он гурӯҳ бар эшон (ситоиш ва) дурудҳои Парвардигорашон ва меҳрубонӣ (, яъне бахшоишу омурзиш ва неъмат) бошад ва эшон роҳёфтагонанд (, ки роҳи хушбахтиро пайдо кардаанд).

    2:157
  18. إِنَّ الصَّفَا وَالْمَرْوَةَ مِنْ شَعَائِرِ اللَّهِ ۖ فَمَنْ حَجَّ الْبَيْتَ أَوِ اعْتَمَرَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِ أَنْ يَطَّوَّفَ بِهِمَا ۚ وَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْرًا فَإِنَّ اللَّهَ شَاكِرٌ عَلِيمٌ

    [Мусалмонон аз саъй кардан миёни Сафо ва Марва даст кашида буданд ва онро аз корҳои рӯзгори ҷоҳилият мепиндоштанд, чунки мушрикон байни Сафо ва Марва саъй мекарданд ва ду бутро «Исоф»-ро дар Сафо ва «Ноила»-ро дар Марва масҳ мекарданд. Пас Аллоҳи бузургвор ин оятро барои фарзияти саъй байни Сафо ва Марва фуруд овард[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Муслим; 2239 ва «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4495 ва 4496.]]:] Ҳароина, (дар ҳаҷҷу умра ҳафт бор саъй кардан миёни кӯҳи) Сафо ва Марва (ва маносику равишҳои парастиш) аз нишонаҳои (дини) Аллоҳ аст. Пас ҳар кӣ ҳаҷи хона (-и Аллоҳ) кунад ё умра ба ҷо оварад, пас бар ӯ боке нест, дар он ки миёни ин ҳар ду (ҳафт бор) гардиш кунад ва ҳар кӣ некӣ фузун кунад (ва пас аз адои фарзҳои ҳаҷ ва намозҳо ба нофила пардозад ва ё кори неке кунад), пас ҳароина, Аллоҳ сипосгузори доност (, ки ӯро музди накӯ медиҳад, чунки ӯ ҳама кирдору ниятҳои бандагонашро медонад).

    2:158
  19. إِنَّ الَّذِينَ يَكْتُمُونَ مَا أَنْزَلْنَا مِنَ الْبَيِّنَاتِ وَالْهُدَىٰ مِنْ بَعْدِ مَا بَيَّنَّاهُ لِلنَّاسِ فِي الْكِتَابِ ۙ أُولَٰئِكَ يَلْعَنُهُمُ اللَّهُ وَيَلْعَنُهُمُ اللَّاعِنُونَ

    Ҳароина, (донишмандони ҷуҳудон ва насоро) онон ки ончиро пинҳон медоранд, ки мо аз суханони равшан (аз хусуси сифатҳои Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва дигар ҳукмҳо, монанди сангсор кардани зиногар) ва раҳнамунӣ фуруд овардем, пас аз он ки мо онро дар китоб (-и ТавротуИнҷил) барои мардумон равшан намудем, он гурӯҳ эшонро Аллоҳ нафрин мехонад (ва аз раҳмати худ дур меронад) ва эшонро нафринкунандагон (, монанди фариштагону муъминон ва ҷонварони замин) нафрин мехонанд.

    2:159
  20. إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا وَأَصْلَحُوا وَبَيَّنُوا فَأُولَٰئِكَ أَتُوبُ عَلَيْهِمْ ۚ وَأَنَا التَّوَّابُ الرَّحِيمُ

    Магар касоне ки (аз ин кор пушаймон гаштанд ва) тавба карданд ва ба накӯкорӣ пардохтанд ва (ончиро пинҳон дошта буданд ошкор намуданд ва ислоҳаш карданд ва ончиро Аллоҳ фуруд оварда аст, бе пинҳон доштан) баён карданд, пас он гурӯҳ бар эшон бо меҳрубонӣ бозмегардам (ва тавбаашонро мепазирам) ва ман тавбапазири меҳрубонам.

    2:160

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)