Мусҳаф, саҳифа 21

  1. وَقَالُوا كُونُوا هُودًا أَوْ نَصَارَىٰ تَهْتَدُوا ۗ قُلْ بَلْ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا ۖ وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ

    Ва (ҷуҳудони Мадина ва тарсоёни Наҷрон) гуфтанд, ки ҷуҳуд ё тарсо шавед, то роҳ (-и рост) биёбед (ва роҳи раҳнамуни бипӯед, эшонро) бигӯ (дини ҷуҳудӣ ва масеҳиро ки шумо моро ба сӯи он мехонед, ҳаргиз пайравӣ нахоҳем кард), балки кеши яктогароии Иброҳимро (пайравӣ кунед) ки ӯ (яктопараст буд ва Аллоҳро ба яктогӣ мепарастид ва ба Аллоҳи ҷаҳонофарин) аз ҳамтогирандагон набуд.

    2:135
  2. قُولُوا آمَنَّا بِاللَّهِ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْنَا وَمَا أُنْزِلَ إِلَىٰ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ وَالْأَسْبَاطِ وَمَا أُوتِيَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَمَا أُوتِيَ النَّبِيُّونَ مِنْ رَبِّهِمْ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِنْهُمْ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ

    (Ҷуҳудон Тавротро ба забони ибронӣ мехонданд ва онро барои мусалмонон ба забони ибронӣ тафсир мекарданд, онгоҳ Пайғамбар ба мусалмонон гуфт, ки аҳли китобро тасдиқ макунед ва дурӯғгӯ масозед, балки эй мусалмонон,) бигӯед ба Аллоҳ (-и ягона) ва ба ончӣ (аз Қуръон) ба сӯи мо фуруд оварда шуда ва ба ончӣ (аз суҳуф) ба Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва (дувоздаҳ) фарзандони ӯ (бар қабилаҳои ҷуҳудон ки аз тухмаи Юсуф, Бинёмин, Яҳузо ва дигарон буданд) ба ончӣ ба Мусо (аз Таврот) ва ба Исо (аз Инҷил) дода шуд ва ба ончӣ ба пайғамбарон аз Парвардигорашон (, монанди китоб ва оятҳои равшан) дода шуданд, имон овардем, миёни ҳеҷ касе аз эшон ҷудоӣ нагузорем (ва бархеро дӯст нагирему бархеро душман, балки ба ҳамаи пайғамбарон яксон имон оварем). Мо барои (ҳукмҳои) ӯ гаравидагонем (ва монанди ҷуҳудону насоро ба баъзи эшон имон намеоварему ба баъзи дигар кофир шавем, балки ба ҳама пайғамбарон имон дорем).

    2:136
  3. فَإِنْ آمَنُوا بِمِثْلِ مَا آمَنْتُمْ بِهِ فَقَدِ اهْتَدَوْا ۖ وَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا هُمْ فِي شِقَاقٍ ۖ فَسَيَكْفِيكَهُمُ اللَّهُ ۚ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

    Пас агар (кофирони ҷуҳудон ва тарсоён) монанди шумо ба ончӣ имон овардед (, яъне ба ҳама пайғамбарону китобҳои эшон) имон оваранд (ва миёни эшон фарқ нагузоранд) пас ба дурустӣ роҳ (-и рост) ёбанд (, ки саранҷом ба биҳишташон мебарад) ва агар (аз имон овардан ба Аллоҳу пайғамбари ӯ Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) пушт гардонанд, ҷуз ин нест, ки эшон дар (душмании ту ва) мухолифатанд. Пас, (эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод),) ба зудӣ, Аллоҳ туро аз (мухолифат ва осебу газанд ва найрангу бадии) эшон басандагӣ кунад (ва туро бар эшон пирӯз гардонад) ва ӯ (ба суханон ва ба кирдори эшон) шунавои доно аст.

    2:137
  4. صِبْغَةَ اللَّهِ ۖ وَمَنْ أَحْسَنُ مِنَ اللَّهِ صِبْغَةً ۖ وَنَحْنُ لَهُ عَابِدُونَ

    (Кеши яктопарастӣ ва яктогироии Иброҳим ранги Аллоҳ аст, ки Аллоҳ бо он дилҳои муъминони мухлисро омехта ва рангразӣ кардааст, ки он ранг аз дилҳояшон ҳеҷ зудуда нагардад, пас) ранг (-у оин)-и Аллоҳро пайравӣ кунед (ва оини ӯро ба зоҳиру ботин бипазиред ва шариаташро ба пуррагӣ риоя намоед) ва кадом (ранг) аз ранг (-у оини) Аллоҳ беҳтар аст? [Ҳеҷ ранге аз рангу оини Аллоҳ беҳтар нест. Ҳар гоҳ рангу оини Аллоҳ ошкору ниҳон муъминонро даромезад, эшонро бо ин сифатҳо ороста мекунад: Имон ба Аллоҳи якто, дӯст доштани ӯ ва аз ӯ тарсидан ва умедвори меҳрубонии ӯ будан, кирдори нек, хӯйҳои сутуда, сабр, қаноат, сипосгузорӣ, бурдборӣ, покдоманӣ, далерӣ, ростгӯӣ, накӯкорӣ ва ғайра.] Ва мо ӯро (ба яктогӣ ва ягонагӣ) парастандагонем (ва ба ӯ касеро ҳамто намегирем).

    2:138
  5. قُلْ أَتُحَاجُّونَنَا فِي اللَّهِ وَهُوَ رَبُّنَا وَرَبُّكُمْ وَلَنَا أَعْمَالُنَا وَلَكُمْ أَعْمَالُكُمْ وَنَحْنُ لَهُ مُخْلِصُونَ

    Бигӯ, оё бо мо дар бораи (ягонагиву ихлос ва пайравии фармудаҳо ва тарки наҳйҳои) Аллоҳ мунозара (ва муҷодала) мекунед (, ки ӯ аз миёни араб Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба пайғамбарӣ баргузид) ва ӯ Парвардигори мо ва Парвардигори шумост (, пас ҳар киро хоҳад, ба пайғамбарӣ барангезад). Ва моро (подоши) кирдорҳои мо аст ва шуморо (подоши) кирдорҳои шумост (ва касе бори гуноҳи дигареро набардорад ва мо аз ончӣ шумо мепарастед безорем ва шумо аз ончӣ мо мепарастем безоред) ва (дар ҳама кирдорҳои хеш ва дар парастиши ӯ ва дар оини Ислом) мо ӯро бо ихлос парастандагонем.

    2:139
  6. أَمْ تَقُولُونَ إِنَّ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ وَالْأَسْبَاطَ كَانُوا هُودًا أَوْ نَصَارَىٰ ۗ قُلْ أَأَنْتُمْ أَعْلَمُ أَمِ اللَّهُ ۗ وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ كَتَمَ شَهَادَةً عِنْدَهُ مِنَ اللَّهِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

    (Эй ҷуҳудон ва насоро!) Оё мегӯед, ки Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва наберагони ӯ (яъне қабилаҳои ҷуҳудон) ҷуҳуд ё тарсоён буданд (, пас аз он ки Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки эшон дар дини ҷуҳудӣ ва масиҳӣ набуданд, балки дини эшон Ислом будааст, эшонро) бигӯ, оё шумо (ба дини эшон) донотаред ё Аллоҳ? Ва кист ситамгортар аз касе ки гувоҳиеро, ки аз ҷониби Аллоҳ наздики ӯст (аз мардумон) пинҳон дорад (, ҳол он ки ӯ медонад, ки ҳама пайғамбарон бар дини Ислом буданд ва медонад, ки Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пайғамбари Аллоҳ аст). Ва Аллоҳ аз ончӣ мекунед, ноогоҳ нест.

    2:140
  7. تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُمْ مَا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْأَلُونَ عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Он гурӯҳ (пайғамбарон ва накӯкорон буданд, ки) даргузаштанд, ҳар чи (аз некӣ) кардаанд, эшонрост ва ҳар чӣ шумо кардаед, шуморост (ва ҳарчӣ мекунед барои хештан мекунед). Ва аз ончи эшон мекарданд, пурсида нахоҳед шуд (ва шумо ҷавобгари кирдори худ ва онҳо ҷавобгари кирдори худанд ва интисоби шумо ба эшон бе он ки эшонро пайравӣ кунед, шуморо ҳеҷ суд накунад ва бо як ба забон овардани ин суханҳо фирефта машавед, то ин ки монанди эшон фармонбарандагони фармудаҳои Аллоҳ ва пайравони пайғамбарони ӯ бошед ва ҳар кӣ ба пайғамбаре куфр оварад, ба дурустӣ ки ба ҳама пайғамбарон куфр варзида аст. Пас ҳар кӣ ба хоҷаи пайғамбарон ва вопасини фиристодагон ва фиристодаи парвардигори ҷаҳониён - Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) куфр оварад, чӣ гуна хоҳад буд, ки ӯ ба сӯи ҳама одамизодагон ва ҷинниён фиристода шудааст?).

    2:141

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)