Мусҳаф, саҳифа 20

  1. وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْرَاهِيمُ الْقَوَاعِدَ مِنَ الْبَيْتِ وَإِسْمَاعِيلُ رَبَّنَا تَقَبَّلْ مِنَّا ۖ إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

    Ва (ёд кун ) чун Иброҳим ва Исмоил (сутунҳо ва) бунёдҳои хонаро мебарафроштанд (ва тарсон аз ин ки ин кор пазируфта нагардад ва умедвор аз меҳрубонии ӯ) гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, (корҳои моро барои ҷустани хушнудии хеш бигардон ва ин сохтани хонаатро) аз мо бипазир, ҳароина, ту шунавои (суханон ва ба кирдори бандагон) доноӣ.

    2:127
  2. رَبَّنَا وَاجْعَلْنَا مُسْلِمَيْنِ لَكَ وَمِنْ ذُرِّيَّتِنَا أُمَّةً مُسْلِمَةً لَكَ وَأَرِنَا مَنَاسِكَنَا وَتُبْ عَلَيْنَا ۖ إِنَّكَ أَنْتَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ

    Эй Парвардигори мо, моро барои (фармонҳои) худат фармонбарандагон бигардон (ва моро дар Ислом устувор бидор) ва аз фарзандони мо барои (бузургдошти) хеш гурӯҳи гарданниҳодагон бисоз (, ки туро бо ихлос бипарастанд) ва барои мо равишҳои парастишро, (монанди равишҳои Ҳаҷ ва ғайраро) бинамо (ва биёмӯз) ва (агар гуноҳе ва ё костагие аз мо сар занад) бар мо пӯзиш фармо! Ҳароина, ту тавбапазири меҳрубонӣ.

    2:128
  3. رَبَّنَا وَابْعَثْ فِيهِمْ رَسُولًا مِنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُزَكِّيهِمْ ۚ إِنَّكَ أَنْتَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

    Эй Парвардигори мо, дар миёни эшон (яъне дар миёни фарзандони Иброҳим) аз эшон пайғамбаре[[Аллоҳ ин ниёиши Иброҳимро бо фиристодани Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пазируфт.]] бифирист, ки бар эшон оятҳои (Қуръони) туро бихонад ва китоб (-и Қуръонро) ва дониш (-суннат ва розҳои шариат ва фиқҳу некӯӣ ва ахлоқ)-ро ба эшон биомузад ва (ҷону хиради) эшонро (аз ширку куфру маъсиятҳо ва ахлоқи нописандида бо яктопарастӣ ва имон ва корҳои накӯ ва бо ахлоқи сутуда) пок созад. Ҳароина, (бар ҳама чиз тавоно ва) забардасти донишманд туӣ».

    2:129
  4. وَمَنْ يَرْغَبُ عَنْ مِلَّةِ إِبْرَاهِيمَ إِلَّا مَنْ سَفِهَ نَفْسَهُ ۚ وَلَقَدِ اصْطَفَيْنَاهُ فِي الدُّنْيَا ۖ وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ

    Ва (пас аз он ки фазли кеши яктопарастии Иброҳимро донист,) чӣ касе аз кеши Иброҳим рӯй мегардонад (ва онро тарк мекунад), магар касе худро ба бехирадӣ (ва ба хорӣ ва нажандӣ) афканда (ва худро монанди ҷуҳудону насоро ҳалок сохта ва қадри ҷони худу хушбахтӣ ва икмоли худро нашинохта) аст. Ва ба дурустӣ, ӯро (, яъне Иброҳимро) дар ин гетӣ (ба пайғамбарии хеш ва ба халилӣ) баргузидем (ва ӯро ба корҳое комёб гардонидем, ки аз баргузидагон гашт) ва ҳароина, ӯ дар охират аз шоистагон аст (, ки эшонро дараҷаҳои баланди биҳишт бошад).

    2:130
  5. إِذْ قَالَ لَهُ رَبُّهُ أَسْلِمْ ۖ قَالَ أَسْلَمْتُ لِرَبِّ الْعَالَمِينَ

    Чун Парвардигораш ба ӯ гуфт: «(Ба фармонҳои ман) гардан бинеҳ (ва дар парастиши ман мухлис бош)»! (Иброҳим) гуфт: «Барои Парвардигори ҷаҳониён гардан ниҳодам».

    2:131
  6. وَوَصَّىٰ بِهَا إِبْرَاهِيمُ بَنِيهِ وَيَعْقُوبُ يَا بَنِيَّ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَىٰ لَكُمُ الدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ

    Ва Иброҳиму Яъқуб фарзандонашонро бо ин суханон ин гуна супориш карданд, ки эй фарзандони ман, ҳароина, Аллоҳ (аз рӯи меҳрубонӣ ва раҳмату эҳсон) барои шумо ойин (-и яктопарастии Ислом)-ро баргузид, пас, (некӯӣ варзед ва бо ихлос ба корбандии шариати ӯ пардозед ва бо ахлоқи сутуда хештанро биёроед ва ҳаргиз аз ин дин ҷудо нагардед, зеро ҳар кӣ дар коре пайваста бошад, бо он бимирад ва ҳар кӣ дар коре бимирад, дар он кор барангехта шавад ва) намиред, магар дар ҳоле ки шумо (дар дини Ислом ва барои фармонҳои илоҳӣ) гарданниҳодагон бошед!

    2:132
  7. أَمْ كُنْتُمْ شُهَدَاءَ إِذْ حَضَرَ يَعْقُوبَ الْمَوْتُ إِذْ قَالَ لِبَنِيهِ مَا تَعْبُدُونَ مِنْ بَعْدِي قَالُوا نَعْبُدُ إِلَٰهَكَ وَإِلَٰهَ آبَائِكَ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ إِلَٰهًا وَاحِدًا وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ

    (Ҷуҳудон гуфтанд, ки Яъқуб пеш аз он кӣ бимирад фарзандонашро ба дини ҷуҳудӣ супоришу васият кард ва ин оятҳо фуруд омаданд: Эй ҷуҳудон!) Оё шумо ҳангоме ки Яъқубро марг даррасид, гувоҳ (ва ё ҳозир) будед, онгоҳ ки ӯ ба фарзандонаш гуфт: Пас аз (марги) ман чӣ чизро мепарастед?» Гуфтанд: Илоҳи туро ва илоҳи падарони ту - Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқро мепарастем, ки ӯ илоҳи ягона аст (ва ӯро якто мепарастем ва ба ӯ ҳамто ва анбозе намеоварем) ва мо барои ӯ гарданниҳодагонем». (Пас чаро ҷуҳудон ба Яъқуб суханеро нисбат медиҳанд, ки ӯ онро ба забон наоварда аст?)

    2:133
  8. تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُمْ مَا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْأَلُونَ عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Он гурӯҳ (, монанди Иброҳиму Яъқуб ва фарзандонашон ва накӯкорон) ки даргузаштанд ва (савоби) ончӣ кардаанд, эшонрост ва (савоби) ончӣ кардед, шуморост ва шумо аз ончӣ эшон мекарданд, бозпурсида нахоҳед шуд (ва ҳар яке аз кирдори худ пурсида мешавад ва шуморо ҷуз имон ва парҳезгорӣ чизе суд надиҳад).

    2:134

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)