Мусҳаф, саҳифа 19

  1. وَلَنْ تَرْضَىٰ عَنْكَ الْيَهُودُ وَلَا النَّصَارَىٰ حَتَّىٰ تَتَّبِعَ مِلَّتَهُمْ ۗ قُلْ إِنَّ هُدَى اللَّهِ هُوَ الْهُدَىٰ ۗ وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ بَعْدَ الَّذِي جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ ۙ مَا لَكَ مِنَ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ

    Ва ҳаргиз ҷуҳудон ва тарсоён аз ту хушнуд нагарданд то ин ки кеши эшонро пайравӣ кунӣ. (Эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ба эшон) бигӯ: Ҳароина, раҳнамунӣ, раҳнамунии Аллоҳ аст (, ки бо китобаш ба сӯи Ислому биҳишт роҳ менамояд, на дини ҷуҳудӣ ва масеҳӣ. Ва ҷуз ӯ роҳҳои дигар паймудан гумроҳӣ аст). Ва агар пас аз ин ки ба сӯи ту дониш омада аст, орзуҳои (ботили) эшонро (ки туро ба сӯи он мехонанд) пайравӣ кунӣ туро аз (азоби) Аллоҳ ҳеҷ дӯст (-и нигаҳдоранда) ва ёваре (боздоранда) набошад.

    2:120
  2. الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَتْلُونَهُ حَقَّ تِلَاوَتِهِ أُولَٰئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِ ۗ وَمَنْ يَكْفُرْ بِهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ

    Онон ки (аз ҷуҳудон ва тарсоён) эшонро китоб (-и осмонӣ) додем, онро (бе таҳрифу таъвил чуноне ки фуруд омада) бо хониши шоистааш мехонанд (ва пас аз шунидан ба пайравӣ ва корбандии он сухан мекӯшанд ва ҳалолашро ҳалол ва ҳаромаш ҳаром медонанд ва аз рӯи оятҳои муҳкамаш амал менамоянду ба оятҳои муташобеҳаш имон меоранд). Он гурӯҳ ба он имон меваранд ва ҳар кӣ ба он (китоб) куфр варзад (ва онро таҳрифу таъвил намуда сифатҳои пайғамбарро пинҳон дорад), пас он гурӯҳ (дар ҷаҳону охират) зиёнкоронанд.

    2:121
  3. يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ اذْكُرُوا نِعْمَتِيَ الَّتِي أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَنِّي فَضَّلْتُكُمْ عَلَى الْعَالَمِينَ

    Эй фарзандони Яъқуб[[Исроил, лақаби Яъқуб писари Исҳоқ писари Иброҳим аст (дуруди Аллоҳ бар эшон бод).]], он неъматҳои маро ёд кунед (ва сипос гӯед), ки бар шумо арзонӣ доштам ва ин ки ман шуморо бар ҷаҳониён (- бар мардумоне) бартарӣ додам (, ки дар замони шумо буданд, пас носипосӣ ва ҳасад наварзед ва ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) имон оваред ва ба дини Ислом гаравед).

    2:122
  4. وَاتَّقُوا يَوْمًا لَا تَجْزِي نَفْسٌ عَنْ نَفْسٍ شَيْئًا وَلَا يُقْبَلُ مِنْهَا عَدْلٌ وَلَا تَنْفَعُهَا شَفَاعَةٌ وَلَا هُمْ يُنْصَرُونَ

    Ва аз рӯзе битарсед, ки (дар он рӯз) касе аз касе чизеро басандагӣ накунад (ва раҳоӣ набахшад) ва аз касе фидя пазируфта нашавад ва ӯро шафоат суд надиҳад ва на эшон ёрӣ дода шаванд (, пас имрӯз ки ҳанӯз дер нашуда аст, ба Аллоҳу Пайғамбари ӯ имон оваред ва ба китоби ӯ ва ба дини Ислом чанг занед ва корҳои некӯ варзед ва аз куфру ширку маъсиятҳо дурӣ ҷӯед).

    2:123
  5. وَإِذِ ابْتَلَىٰ إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ ۖ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا ۖ قَالَ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي ۖ قَالَ لَا يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ

    Ва (эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), барои мушрикон ва аҳли китоб ёд кун,) чун Иброҳимро[[Иброҳим ба забони сурёнӣ ва ибрӣ «Абунраҳим», маънои падари меҳрубонро дорад. Ин корҳо аз сиришти исломиянд, ки онҳоро нахуст Иброҳим карда аст: Паст кардани мӯйлаб, риш мондан, ғарғараи об, об ба бинӣ кашидан (истиншоқ), сивок кардан, ҷудо намудани фарқи сар, пиростани нохун, сутурдани рунб (тарошидани мӯйи зери ноф), кандани мӯйи зери бағал, хатна кардан ва шустани асари ганду пешоб.]] Парвардигораш ба сухане чанд (аз фармонҳо ва наҳйҳои шариаташ монанди шикастани бутҳо ва ҳиҷрат намудан ва забҳи Исмоил, бунёди хонаи Аллоҳ дар Макка, хатна, намоз, закот, сидқ ва сабр) биёзмуд (, то ихлосу сидқи имони ӯ падидор шавад), пас Иброҳим онҳоро (бо некӯӣ ва бо камолу пуррагӣ) ба поён расонид (ва ба ҷой овард). (Аллоҳ ба Иброҳим) гуфт, ки ман туро пешвои мардумон мегардонам (то туро пайравӣ кунанд ва роҳи рости хушбахтии ҷовидонаро дар пайравии ту пайдо кунанд). (Иброҳим) гуфт: «(Эй Парвардигори ман, аз ман) ва аз миёни фарзандони ман низ (барои мардумон пешвоёнро баргузин)»! (Аллоҳ бад-ӯ) гуфт: «(Пешвоӣ ва сарварӣ барои касонест, ки накӯкору додгаранд ва аз фарзандони ту ситамгорон низ хоҳанд буд ва) паймони ман (дар пешвоии мардумон) ба ситамгорон[[Ситамгорро нашояд, ки сарвар ва ё ҳоким ва ё муфтӣ ва ё гувоҳ ва ё ривоятгар бошад.]] нарасад (ва онҳоро пешвои мардумон нагардонам, зеро ситамгор чун паймон бандад, паймон бишканад)».

    2:124
  6. وَإِذْ جَعَلْنَا الْبَيْتَ مَثَابَةً لِلنَّاسِ وَأَمْنًا وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقَامِ إِبْرَاهِيمَ مُصَلًّى ۖ وَعَهِدْنَا إِلَىٰ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ أَنْ طَهِّرَا بَيْتِيَ لِلطَّائِفِينَ وَالْعَاكِفِينَ وَالرُّكَّعِ السُّجُودِ

    Ва чун Хона(-и Каъба)-ро барои мардумон бозгаштгоҳ ва осудагоҳ гардонидем (, то ҳаҷкунандагон ва умрагузорон аз ҳар кишваре ба сӯи он биёянд ва пас аз ин муштоқ шаванд ва дигарбора ба сӯи он бозгарданд ва аз бадии душманони худ бар ҷону молашон дар осудагиву амонӣ бошанд). Ва (эй мардум,) ҷои истодани Иброҳимро[[Мақоми Иброҳим ҷойгоҳест, ки ҳангоми бунёд кардани хонаи Аллоҳ барои баланд кардани девори он бар он истода буд. ]] намозгоҳ[[Имом Бухорӣ (402) ривоят карда аст, ки Умар писари Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфт: وَافَقْتُ رَبِّي فِي ثَلَاثٍ فَقُلْتُ يَا رَسُولَ اللَّهِ لَوْ اتَّخَذْنَا مِنْ مَقَامِ إِبْرَاهِيمَ مُصَلًّى فَنَزَلَتْ وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقَامِ إِبْرَاهِيمَ مُصَلًّى وَآيَةُ الْحِجَابِ قُلْتُ يَا رَسُولَ اللَّهِ لَوْ أَمَرْتَ نِسَاءَكَ أَنْ يَحْتَجِبْنَ فَإِنَّهُ يُكَلِّمُهُنَّ الْبَرُّ وَالْفَاجِرُ فَنَزَلَتْ آيَةُ الْحِجَابِ وَاجْتَمَعَ نِسَاءُ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي الْغَيْرَةِ عَلَيْهِ فَقُلْتُ لَهُنَّ عَسَى رَبُّهُ إِنْ طَلَّقَكُنَّ أَنْ يُبَدِّلَهُ أَزْوَاجًا خَيْرًا مِنْكُنَّ فَنَزَلَتْ هَذِهِ الْآيَةُ Парвардигорамро дар се чиз мувофиқат намудам, чун гуфтам: «Эй Фиристодаи Аллоҳ, чӣ шавад, агар ҷои истодани Иброҳимро намозгоҳ бигирем», пас фуруд омад: وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقَامِ إِبْرَاهِيمَ مُصَلًّى «Ва-ттахизу мин мақоми Иброҳима мусаллан» (Бақара; 125) Ва ояти ҳиҷоб. Гуфтам: «Эй Фиристодаи Аллоҳ, чӣ шавад, агар занонатро бифармоӣ, ки ҳиҷоб бипӯшанд, зеро бо эшон накӯкирдор ва бадкирдор сухан мегӯяд». Пас ояти ҳиҷоб (ояти 59 сураи Аҳзоб) фуруд омад. Ва занони Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо рашкварзӣ бар Пайғамбар гирд омаданд, ба эшон гуфтам: «Агар Пайғамбар шуморо талоқ диҳад, умед аст, ки Аллоҳ ӯро заноне беҳтар аз шумо иваз бидиҳад», онгоҳ ҳамин оят (, яъне ояти панҷуми сураи Таҳрим) фуруд омад».]] бигиред (ва пас аз гардиши (тавоф) хонаи Худо дар онҷо ду ракъат намоз бигузоред) ва ба сӯи Иброҳим ва Исмоил[[Исмоил фарзанди нахустини Иброҳим аст, ки аз канизаки мисрӣ Ҳоҷар зода шуда ва номаш (самиъаллоҳ) маънои «Аллоҳ шунид»-ро дорад ва Исҳоқ фарзанди дуввуми Иброҳим аст, ки пас аз сенздаҳ сол зодани Исмоил ба ҷаҳон омада ва модараш Сорост.]] (ваҳй фиристодем ва) паймон гирифтем, ки ҳар дуи шумо Хонаи маро барои гардишкунандагону эътикофкунандагон ва барои рукӯъкунандагону саҷдакунандагон (аз ширку куфру маъсиятҳо ва бидъату палидиҳо ва сухани дурӯғу носазо) пок созед!

    2:125
  7. وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّ اجْعَلْ هَٰذَا بَلَدًا آمِنًا وَارْزُقْ أَهْلَهُ مِنَ الثَّمَرَاتِ مَنْ آمَنَ مِنْهُمْ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۖ قَالَ وَمَنْ كَفَرَ فَأُمَتِّعُهُ قَلِيلًا ثُمَّ أَضْطَرُّهُ إِلَىٰ عَذَابِ النَّارِ ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ

    Ва (ёд кун) чун Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳрро (, яъне Маккаро аз тарсу бим) осоишта бигардон ва бошандагони онро ҳар киро, ки аз миёни эшон ба Аллоҳ ва рӯзи бозпасин имон оварда аст аз меваҳояш рӯзӣ бидеҳ (, то ба парастиши ту бипардозанд ва парастиши туро ба ҷо оваранд)». (Аллоҳ ба Иброҳим) гуфт: (Ман рӯзиро ба ҳама зиндагони ҷаҳон арзонӣ медорам) ва ҳар касе ки кофир гардад (ҳам) ӯро (дар дунё ба рӯзии) андаке баҳраманд созам[[Чӣ гуна бувад, ки Аллоҳ офаридагонашро биофарад ва рӯзияшон надиҳад?]]. Сипас ӯро (дар охират) ба бечорагӣ (ночор) ба сӯи азоби оташ (-и дӯзах) биронам (, ки аз онҷо гурезгоҳе наёбад) ва он ҷойгоҳи бадест.

    2:126

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)