Мусҳаф, саҳифа 18

  1. وَقَالَتِ الْيَهُودُ لَيْسَتِ النَّصَارَىٰ عَلَىٰ شَيْءٍ وَقَالَتِ النَّصَارَىٰ لَيْسَتِ الْيَهُودُ عَلَىٰ شَيْءٍ وَهُمْ يَتْلُونَ الْكِتَابَ ۗ كَذَٰلِكَ قَالَ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ مِثْلَ قَوْلِهِمْ ۚ فَاللَّهُ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فِيمَا كَانُوا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ

    Ва ҷуҳудон (ба Исо куфр оварданд ва) гуфтанд, ки тарсоён бар чизе нестанд (, зеро динашон дини саҳиҳ нест) ва тарсоён (ба Мусо куфр оварданд ва) гуфтанд, ки ҷуҳудон бар чизе нестанд (, чунки динашон дини саҳиҳ нест) ва ҳол он ки эшон китоб(-и Тавроту Инҷил)-ро мехонанд (, ки дар ин китобҳо тасдиқи Исо ва Мусоро дармеёбанд). Ҳамчунин (мушрикони араб) онон ки намедонанд, монанди сухани эшон гуфтанд (, ки Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар чизе нест). Пас Аллоҳ рӯзи растохез миёни эшон дар ончӣ ихтилоф мекунанд, ҳукм менамояд (ва касеро ки дар ин кор ҳақ бошад ба биҳишт ва касеро ки ба ноҳақ аст ба дӯзах медарорад).

    2:113
  2. وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ مَنَعَ مَسَاجِدَ اللَّهِ أَنْ يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَىٰ فِي خَرَابِهَا ۚ أُولَٰئِكَ مَا كَانَ لَهُمْ أَنْ يَدْخُلُوهَا إِلَّا خَائِفِينَ ۚ لَهُمْ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ وَلَهُمْ فِي الْآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ

    Ва кист ситамгортар аз касе ки (монанди Батлимус[[Птоломей.]] подшоҳи Рум ва Бухтанасри бобилӣ) намозгоҳҳои Аллоҳро боздошт, ки дар онҳо номи ӯ (дар намозҳо ва тасбиҳҳо) ёд шавад ва эшон дар вайронии онҳо кӯшиданд. [Монанди насоро, ки бо сарварии Батлимус Байтулмуқаддасро вайрон карданд ва низ монанди мушрикон ки соли Ҳудайбия пайғамбарро аз ҳаҷ ва даромадани Масҷиди Ҳаром манъ намуданд.] (Агар битавонед, ки эшонро аз даромадани масҷидҳо боздоред, пас эшонро боздоред, зеро) ин гурӯҳро намесазад, ки эшон ба масҷидҳо дароянд, магар ки тарсон бошанд. (Ба сабаби ширк ва парастидани бутҳо ва ёрихоҳӣ аз ғайри Аллоҳ) эшонро дар гетӣ (хорӣ ва) шармандагӣ (ва қатлу асирӣ ва ғуломию ҷизя) аст. Ва эшонро дар охират азоби бузург (-и оташи дӯзах) бошад.

    2:114
  3. وَلِلَّهِ الْمَشْرِقُ وَالْمَغْرِبُ ۚ فَأَيْنَمَا تُوَلُّوا فَثَمَّ وَجْهُ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

    [Пайғамбар дар Макка рӯ ба сӯи Байтулмуқаддас намоз мегузорид ва дар Мадина шонздаҳ моҳ рӯ ба сӯи Байтулмуқаддас рӯ меовард то ин ки Аллоҳ мусалмононро ба сӯи Макка амр кард. Чун ҷуҳудон таҳвили мусалмононро аз Байтулмуқаддас ба сӯи Каъба зери танқид гирифтанд ва Аллоҳи ҷаҳонофарин дар посухи эшон фармуд:] Ва ховару бохтар (замин ва ҳама гӯшаву канори он) Аллоҳрост. Пас (ҳангоми разм дар намози хавф ва ҳангоми сафар дар намози нофила ва ҳар кӣ надонад, ки қибла куҷост ва ё аз аҷз ё ба сабаби беморӣ) ҳар сӯе ки рӯй оред, рӯи Аллоҳ (ва қиблаи ӯ) ҳамонҷост (ва онҷо ҷиҳатест, ки Аллоҳ ба он розӣ гаштааст)[[«Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 999, 1000, 1095 ва 1096.]]. Ҳароина, Аллоҳ фарохидиҳандаи (бартарӣ ва дар тадбири корҳояш ва ба кирдори офаридагонаш) доност[[«Саҳиҳ»-и Муслим; 700.]].

    2:115
  4. وَقَالُوا اتَّخَذَ اللَّهُ وَلَدًا ۗ سُبْحَانَهُ ۖ بَلْ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ كُلٌّ لَهُ قَانِتُونَ

    Ва (ҷуҳудону насоро ва мушрикон) гуфтанд, ки Аллоҳ (Азизу Исо ва фариштагонро) фарзанд гирифта аст. Ӯ (аз ин айб ва сифатҳои нақс) пок аст (, ки аз бандагонаш касеро барои худ писар гирад. На чунин аст, ки эшон бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд), балки ончӣ дар осмонҳо ва замин аст, ӯрост (ва ӯ дар бузургӣ ва тавоноӣ монанду ҳамто ва шарик надорад ва низ ӯ ҳамсаре нагирифта аст, пас чӣ гуна аз ӯ фарзанд хоҳад буд ва ҳама офаридагон бандагони ӯянд ва ӯ офаридгору рӯзидиҳанда ва миронандаву зиндагардонандаи эшон аст). Ҳамагон (дар осмонҳову замин) фармонбардори ӯянд.

    2:116
  5. بَدِيعُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ وَإِذَا قَضَىٰ أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ

    Падидорандаи осмонҳову замин аст (, ки ҳама офаридагон ба ягонагии ӯ гувоҳӣ медиҳанд ва ба ягонагии ӯ далолат мекунанд ва ӯ аз тавоноӣ онҳоро аз ҳеҷ офарида аст) ва (аз бузургӣ ва тавоноии ӯст, ки) чун коре бикунад (ва ё офариниши чизеро бихоҳад), ҷуз ин нест, ки ба ӯ мегӯяд: «Бишав, пас мешавад (, чунончи осмонҳову замин ва Исо писари Марямро низ бо ҳамин амр офарида аст).

    2:117
  6. وَقَالَ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ لَوْلَا يُكَلِّمُنَا اللَّهُ أَوْ تَأْتِينَا آيَةٌ ۗ كَذَٰلِكَ قَالَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ مِثْلَ قَوْلِهِمْ ۘ تَشَابَهَتْ قُلُوبُهُمْ ۗ قَدْ بَيَّنَّا الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يُوقِنُونَ

    Ва (мушрикони араб,) ононе ки намедонанд, мегӯянд, ки чаро Аллоҳ бо мо сухан намегӯяд (ва моро огоҳ намесозад, ки ту пайғамбари ӯ ҳастӣ) ё (пас аз он ки аз ту оятҳо дархост кардем) ба сӯи мо нишона (-и ошкоро, чун чӯбдасти Мусо ва зиндагардонии Исо мурдагонро барои тасдиқи ту фуруд) намеорад. Ҳамчунон касоне ки пеш аз эшон буданд (аз қавмҳои пешина ба пайғамбаронашон) монанди сухани эшон гуфтанд (, монанди ин ки Мусоро гуфтанд, ки Аллоҳро ба мо ошкоро бинамо). Дилҳои эшон (дар куфру саркашӣ) ба якдигар монандӣ доранд. Ба дурустӣ, (барои тасдиқи пайғамбарии ту) нишонаҳо(-и ошкоро)ро барои касоне ки яқин доранд равшан сохтем (, ки эшон ба пайғамбарон бовар намуданд ва пайравии эшон карданд).

    2:118
  7. إِنَّا أَرْسَلْنَاكَ بِالْحَقِّ بَشِيرًا وَنَذِيرًا ۖ وَلَا تُسْأَلُ عَنْ أَصْحَابِ الْجَحِيمِ

    (Эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)!) Ҳароина, мо туро ба ростӣ (бо Қуръону Ислом) мужда диҳанда (-и мусалмонон ба хушии ин ҷаҳону биҳишт) ва бимкунанда (-и кофирону саркашон аз азоби гетиву дӯзах) фиристодем (ва агар кофирон имон наоваранд, бар ту фақат расондани пайғомҳои илоҳист) ва ту аз дӯзахиён пурсида нахоҳӣ шуд.

    2:119

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)