Мусҳаф, саҳифа 17

  1. مَا نَنْسَخْ مِنْ آيَةٍ أَوْ نُنْسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِنْهَا أَوْ مِثْلِهَا ۗ أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    [Кофирон гуфтанд, ки Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) имрӯз ёронашро коре мефармояд ва пагоҳ аз он бозмедорад, онгоҳ Аллоҳ дар посухи эшон фармуд:] Ҳар (ҳукми) оятеро бекор кунем ва ё онро (аз дили мардумон ва аз ёди эшон бизудоем ва) фаромӯш гардонем, (барои шумо судмандтар ва) беҳтар аз вай ё монанди вай меоварем. Оё надонистӣ, ки Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност?

    2:106
  2. أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ

    Оё надонистӣ, ки подшоҳии осмонҳову замин Аллоҳрост (ва ҳар чиро хоҳад, ҳалол созад ва ҳар чиро хоҳад, ҳаром гардонад ва ҳар ҳукмеро хоҳад, насх кунад ва ҳар чиро хоҳад барҷо гузорад ва мефармояд ва ё манъ мекунад ва ҳар киро хоҳад бадбахт менамояд ва ҳар киро хоҳад хушбахт месозад) ва шуморо ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дӯстдор ва ёридиҳандае нест (, то шуморо ҳифз кунад ва ё азобашро аз шумо нигоҳ дорад).

    2:107
  3. أَمْ تُرِيدُونَ أَنْ تَسْأَلُوا رَسُولَكُمْ كَمَا سُئِلَ مُوسَىٰ مِنْ قَبْلُ ۗ وَمَنْ يَتَبَدَّلِ الْكُفْرَ بِالْإِيمَانِ فَقَدْ ضَلَّ سَوَاءَ السَّبِيلِ

    (Эй мусалмонон!) Оё мехоҳед, ки пайғамбари худро пурсиш кунед, чуноне ки пеш аз ин Мусо пурсида шуд (, ки то Аллоҳро ошкоро набинем, ба ту бовар накунем, зеро шояд дар бораи тафсилоти чизе пурсед ва он ҳалол буда ва ба сабаби он пурсиш ҳаром гардад). Ва ҳар кӣ куфрро ба (ивази) имон биситонад (ва табдил кунад), пас, ба дурустӣ, роҳи миёнаро (-роҳи ростро) гум карда аст (ва ба роҳи нодонӣ ва гумроҳӣ даромада аст).

    2:108
  4. وَدَّ كَثِيرٌ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ لَوْ يَرُدُّونَكُمْ مِنْ بَعْدِ إِيمَانِكُمْ كُفَّارًا حَسَدًا مِنْ عِنْدِ أَنْفُسِهِمْ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْحَقُّ ۖ فَاعْفُوا وَاصْفَحُوا حَتَّىٰ يَأْتِيَ اللَّهُ بِأَمْرِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    Бисёре аз аҳли китоб (, монанди Каъб писари Ашраф, Ҳуяй писари Ахтаб ва Ёсир писари Ахтаб ба сабаби шак ва ҳасаду палидии хеш) дӯст доранд, ки шуморо пас аз имонатон кофир гардонанд пас аз он ки (дини) ҳақ (-и Ислом) бар эшон равшан шуд (ва донистанд, ки Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пайғамбари Аллоҳ аст, чунки дар Тавроту Инҷил сифатҳои ӯро дарёфтанд), пас (агар аз душманон аз мушрикону кофирон озор бинед, сабр варзед ва аз эшон) даргузаред ва рӯ бигардонед, то ин ки Аллоҳ фармони худро (дар бораи разми эшон биёварад ва шуморо ба разми эшон фармон диҳад). Ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност (ва чун ҳангоми интиқом фаро расад, аз эшон кина биситонад)[[«Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4566 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 1798.]].

    2:109
  5. وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ ۚ وَمَا تُقَدِّمُوا لِأَنْفُسِكُمْ مِنْ خَيْرٍ تَجِدُوهُ عِنْدَ اللَّهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

    Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва ончӣ аз накӯкорӣ барои хештан пеш мефиристед, онро назди Аллоҳ (бе камиву костӣ) меёбед. Ҳароина, Аллоҳ ба ончи мекунед биност (ва ӯ аз кирдори касе ғофил нест ва ҳеҷ кирдори неку баде назди ӯ гум нагардад).

    2:110
  6. وَقَالُوا لَنْ يَدْخُلَ الْجَنَّةَ إِلَّا مَنْ كَانَ هُودًا أَوْ نَصَارَىٰ ۗ تِلْكَ أَمَانِيُّهُمْ ۗ قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

    Ва (ҷуҳудону тарсоён) гуфтанд: «Ба биҳишт ҳаргиз надарояд магар касе ки ҷуҳуд ё тарсо бошад». Ин орзуҳои (ботили) эшон аст. Бигӯ, (баҳри исботи ин даъво) далили худро биоваред, агар (дар ин кор) ростгӯ ҳастед.

    2:111
  7. بَلَىٰ مَنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَلَهُ أَجْرُهُ عِنْدَ رَبِّهِ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

    (На чунин аст, ки ҷуҳудону тарсоён даъво мекунанд). Оре, ҳар кӣ барои Аллоҳ гардан ниҳода аст (ва барои парастиши Аллоҳ ихлос оварда аст) ва ӯ (бо қалбу андомҳояш) некӯкор (ва яктопараст) бошад[[Ҳар коре, ки Аллоҳ онро мепазирад, бояд ду шартро дар бар гирад: Яке ин ки холисан барои Худо барои хушнудии ӯ анҷом дода шавад. Дигар ин ки дуруст бошад, яъне мувофиқи шариат дар пайравии Пайғамбар бошад. Агар яке аз ин шартҳо аз байн равад, он кирдор пазируфта намешавад. Агар кирдор мувофиқи шариат, яъне мувофиқи фармудаҳо ва корҳои пайғамбар бошад, валекин бо ихлос анҷом наёбад, он кирдор мардуд хоҳад буд, зеро ин ҳоли риёкорон ва худнамоёну мунофиқон аст.]], пас музди (кирдори) ӯ назди Парвардигораш бошад ва (дар охират, аз оянда) бар эшон на тарсест ва на эшон (аз ончи гузашта) андӯҳгин шаванд.

    2:112

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)