Мусҳаф, саҳифа 16
-
وَاتَّبَعُوا مَا تَتْلُو الشَّيَاطِينُ عَلَىٰ مُلْكِ سُلَيْمَانَ ۖ وَمَا كَفَرَ سُلَيْمَانُ وَلَٰكِنَّ الشَّيَاطِينَ كَفَرُوا يُعَلِّمُونَ النَّاسَ السِّحْرَ وَمَا أُنْزِلَ عَلَى الْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَارُوتَ وَمَارُوتَ ۚ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَا إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلَا تَكْفُرْ ۖ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِ بَيْنَ الْمَرْءِ وَزَوْجِهِ ۚ وَمَا هُمْ بِضَارِّينَ بِهِ مِنْ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنْفَعُهُمْ ۚ وَلَقَدْ عَلِمُوا لَمَنِ اشْتَرَاهُ مَا لَهُ فِي الْآخِرَةِ مِنْ خَلَاقٍ ۚ وَلَبِئْسَ مَا شَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ ۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ
[Чун Сулаймон аз ҷаҳон даргузашт, шайтонҳо китобе дар ҷодугирӣ навиштанд ва зери курсии ӯ пинҳон карданд ва мардумро гуфтанд, ки Сулаймон бо ин китоб ҷинниёну одамиён ва парандагону офаридагон ва бодро зери даст карда буд ва рози подшоҳии Сулаймон дар ҳамин китоб аст[[«Тафсири Табарӣ»; 1652, 1660, 1661.]], пас ҷуҳудон онро мехонданд ва китоби осмониро намепазируфтанд, чун Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пайғамбарии Сулаймонро (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ёд кард, ҷуҳудон гуфтанд, ки ӯ ҷодугаре кофир буд ва Аллоҳ ба эшон посух дод:] Ва эшон (ҷуҳудон) ончиро пайравӣ карданд, ки шайтонҳо дар кишвари Сулаймон (аз афсуну ҷодугарӣ) мехонданд. Ва Сулаймон (ҷодугарӣ накард ва) куфр наварзид, балки шайтонҳо куфр оварданд, ки мардумро ҷоду меомӯхтанд. Ва ончиро пайравӣ карданд, ки ба ду фаришта Ҳорут ва Морут дар Бобил фуруд оварда шуд. Ва он ду (фаришта) ҳеҷ касро (ҷоду) намеомӯхтанд, то инки (аз баҳри насиҳат бад-ӯ) бигӯянд: «Ҷуз ин нест, ки мо (озмоиш ва) ошӯбем, пас (ҷодуро ёд магир ва) куфр маварз!» [Онгоҳ агар насиҳати эшонро намешунид, ӯро ҷоду меомӯхтанд.] Пас аз он ду (фаришта) ончиро меомӯзанд, ки бо он миёни марду ҷуфти[[Ҷуфт – зан, ҳамсар.]] ӯ ҷудоӣ меафкананд. Ва эшон, ( яъне ҷодугарони ҷуҳудон) ба ҳеҷ кас осеб расонанда нестанд, магар ба дастури Аллоҳ. Ва ончиро меомӯзанд, ки ба (дину охирати) эшон зиён мерасонаду судашон намеорад ва ба дурустӣ эшон донистаанд, ки ҳаркӣ он(ҷодугарӣ)-ро харид (ва биситонд ва бо он амал кард), ӯро дар охират ҳеҷ баҳрае набошад. Ва бегумон чизи зишт аст, ончи ки хештанро бо он фурӯхтаанд, агар (ҳақиқатро) медонистанд. [Ҳорут ва Морут дар Бобил мардумро ҷоду меомухтанд, чун касе пеши эшон барои омӯхтани ҷоду меомад, ӯро насиҳат мекарданд, ки омӯхтани ҷоду куфр аст, чун пофишорӣ мекард, ӯро ҷоду меомӯзониданд].
2:102 -
وَلَوْ أَنَّهُمْ آمَنُوا وَاتَّقَوْا لَمَثُوبَةٌ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ خَيْرٌ ۖ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ
Ва агар эшон (, яъне ҷуҳудон ба пайғамбару Қуръон) имон меоварданд ва (аз азоби Аллоҳ бо дур шудан аз маъсиятҳо) метарсиданд, савобе аз наздики Аллоҳ (барояшон) беҳтар мебуд, агар медонистанд.
2:103 -
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقُولُوا رَاعِنَا وَقُولُوا انْظُرْنَا وَاسْمَعُوا ۗ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Эй касоне ки имон овардед, (чун аз пайғамбар амри диние биёяд, чун ҷуҳудон) магӯед: «Роъино[[Дар забони ибронӣ «роъӣ» маънии бадамал ва бадкорро дорад ва агар ба он ҷонишини шахсиро илова кунанд «роъину» маънии бадкирдори моро дорад, ки бо ин сухан онҳо пайғамбарро дар назар доштанд.]]» (, яъне моро риоят кун ва ё мӯҳлат деҳ ва ё чӯпони мо ва ё бедониши мо) ва (ба ҷои он) бигӯед: «Унзурно» (, яъне моро мӯҳлат бидеҳ ва моро бифаҳмону бароямон равшан кун) ва (фармудаҳоро бо гӯши қабул) бишнавед (ва кор бандед) ва барои кофирон (, ки Аллоҳ ва пайғамбарашро истеҳзо мекунанд,) азоби дарддиҳанда аст.
2:104 -
مَا يَوَدُّ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ وَلَا الْمُشْرِكِينَ أَنْ يُنَزَّلَ عَلَيْكُمْ مِنْ خَيْرٍ مِنْ رَبِّكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَخْتَصُّ بِرَحْمَتِهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ
Ононе ки (аз аҳли китоб) куфр варзиданд ва на мушрикон (-и араб аз ҳасаду душманӣ) дӯст намедоранд, ки бар шумо аз Парвардигоратон некие фуруд оварда шавад. Ва Аллоҳ ба меҳрубонии худ (аз миёни бандагонаш) ҳар киро хоҳад (ба эҳсон ва фазлу бартарӣ ба пайғамбариву ваҳй ва бо шариати томми комил) махсус мегардонад. Ва Аллоҳ дорандаи бартарии бузург аст (, ки ба сӯи шумо Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба пайғамбарӣ фиристод, то шуморо Қуръону ҳикмат биомӯзад ва шуморо аз нопокиҳои ширку куфру ахлоқи нописанд, бо оини яктопарастӣ ва имону ахлоқи писандида ва некӯ пок созад).
2:105
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)