Мусҳаф, саҳифа 15

  1. قُلْ إِنْ كَانَتْ لَكُمُ الدَّارُ الْآخِرَةُ عِنْدَ اللَّهِ خَالِصَةً مِنْ دُونِ النَّاسِ فَتَمَنَّوُا الْمَوْتَ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

    (Эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ҷуҳудонро) бигӯ, агар сарои бозпасин (, яъне биҳишт) назди Аллоҳ вижа барои шумост, на мардумони дигарро (ва мегӯед, ки ба биҳишт ғайр аз ҷуҳудон ва тарсоён касе надарояд ва шумо муштоқи биҳишт гаштаед) пас маргро орзу кунед (, ки шуморо ба биҳишт расонад), агар (дар ин даъво) ростгӯён ҳастед!

    2:94
  2. وَلَنْ يَتَمَنَّوْهُ أَبَدًا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ

    Ва ҳаргиз маргро ба сабаби ончӣ дастҳои эшон (аз куфру маъсият ва гуноҳҳои бузург) пеш фиристодааст ҳеҷ гоҳ орзу накунанд. Ва Аллоҳ ба ситамгорон доност (, пас эшонро сазовори кирдорашон подош медиҳад).

    2:95
  3. وَلَتَجِدَنَّهُمْ أَحْرَصَ النَّاسِ عَلَىٰ حَيَاةٍ وَمِنَ الَّذِينَ أَشْرَكُوا ۚ يَوَدُّ أَحَدُهُمْ لَوْ يُعَمَّرُ أَلْفَ سَنَةٍ وَمَا هُوَ بِمُزَحْزِحِهِ مِنَ الْعَذَابِ أَنْ يُعَمَّرَ ۗ وَاللَّهُ بَصِيرٌ بِمَا يَعْمَلُونَ

    Ва бегумон эшонро ҳаристарин мардум бар зиндагонӣ (-и гетӣ) биёбӣ ва (ҳаристар) аз касоне ки (ба Аллоҳ) ҳамто оварданд (, ки он ҳамтогирон ба зиндагардонии пас аз марг ва ба ҳеҷ пайғамбаре ва ба ҳеҷ китобе бовар надоранд). Яке аз эшон дӯст медорад (ва орзу мекунад), ки кош, ҳазор сол умр медид. Ва он (умри дароз) дуркунанда(ву раҳокунанда)-и ӯ аз азоб нест, агар (ба ӯ ҳазор сол) умр дода шавад. Ва Аллоҳ ба ончӣ (аз бадӣ ва табоҳкорӣ) мекунанд, биност.

    2:96
  4. قُلْ مَنْ كَانَ عَدُوًّا لِجِبْرِيلَ فَإِنَّهُ نَزَّلَهُ عَلَىٰ قَلْبِكَ بِإِذْنِ اللَّهِ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ وَهُدًى وَبُشْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ

    [Ҷуҳудон гуфтанд, ки агар ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ғайр аз Ҷибрил фариштаи дигаре ваҳй фуруд меовард, мо ба ӯ имон меовардем, зеро Ҷибрил душмани мост ва ӯ баҳри азобу қаҳтву ҷанг фуруд меояд ва Микоил дӯсти мост, ки бо сулҳу раҳмат ва ҳосилхезӣ фуруд меояд.] (Эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ба ҷуҳудоне ки Ҷибрилро душмани худ мешуморанд), бигӯ: «Ҳар кӣ ба Ҷибрил душман бошад, пас (ӯ душмани Аллоҳ аст, зеро ҳар кӣ душмани дӯсте аз дӯстони Аллоҳ бошад, ӯ душмани ҳама дӯстони Аллоҳ аст). (Эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод),) ҳароина, ӯ (яъне Ҷибрил) ба дастури Аллоҳ бар дили (покизаи) ту он(Қуръон)-ро фуруд оварда аст, ки он Қуръон бовардорандаи ончист, ки пеш аз он (, чун Таврот ва Инҷил фуруд омада) буданд. Ва барои муъминон раҳнамо (-и роҳи рост) ва муждадиҳанда (ба биҳишти ҷовидона) аст[[Нигаред, «Тафсири Табарӣ»; 1/388, ва «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4480.]].

    2:97
  5. مَنْ كَانَ عَدُوًّا لِلَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَرُسُلِهِ وَجِبْرِيلَ وَمِيكَالَ فَإِنَّ اللَّهَ عَدُوٌّ لِلْكَافِرِينَ

    (Касе душмани як дӯсти Аллоҳ бошад, пас ӯ душмани ҳама дӯстони Аллоҳ аст ва аз ин рӯ) ҳар кӣ ба Аллоҳ ва фариштагон ва пайғамбаронаш ва ба Ҷибрилу Микоил душман бошад (, ӯ кофир ва душмани Аллоҳ шудааст), пас ҳароина, Аллоҳ душмани он кофирон аст.

    2:98
  6. وَلَقَدْ أَنْزَلْنَا إِلَيْكَ آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ ۖ وَمَا يَكْفُرُ بِهَا إِلَّا الْفَاسِقُونَ

    Ва ба дурустӣ, ба сӯи ту (баҳри дурустии пайғамбарият) нишонаҳои ошкоро фуруд овардем ва ба онҳо куфр намеварзад, магар бадкорон (, ки аз тоати Аллоҳ ва аз имону Ислом берун гаштаанд).

    2:99
  7. أَوَكُلَّمَا عَاهَدُوا عَهْدًا نَبَذَهُ فَرِيقٌ مِنْهُمْ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

    Оё ҳар гоҳ (бо Аллоҳ бар имони пайғамбаре ки берун меояд) паймон мебастанд (ки бар зидди ӯ мушриконро ёрӣ накунанд), гурӯҳе аз эшон он(паймон)-ро (мешикастанд ва) дур меандохтанд. Балки (ин паймоншиканӣ ба сабаби он аст, ки) бештари эшон (ба Таврот) бовар (-и пурра) надоранд.

    2:100
  8. وَلَمَّا جَاءَهُمْ رَسُولٌ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ مُصَدِّقٌ لِمَا مَعَهُمْ نَبَذَ فَرِيقٌ مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ كِتَابَ اللَّهِ وَرَاءَ ظُهُورِهِمْ كَأَنَّهُمْ لَا يَعْلَمُونَ

    Ва гоҳе ки аз назди Аллоҳ ба сӯи эшон пайғамбаре (яъне Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо Қуръон) омад, ки ӯ бовардорандаи ончӣ бо эшон (аз Таврот) буд, гурӯҳе аз касоне ки китоб дода шуданд (аҳбор ва донишмандони ҷуҳудон) китоби Аллоҳ(-Таврот)ро паси пушти хеш афканданд (ва аз он бехӣ рӯй гардониданд, зеро ки он ба пайғамбарии Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) навид медод ва нишонаи пайғамбарии Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пинҳон доштанд ва инкор намуданд), гӯё эшон (нишонаҳои пайғамбарии Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳеҷ) намедонанд.

    2:101

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)