Мусҳаф, саҳифа 14

  1. وَلَمَّا جَاءَهُمْ كِتَابٌ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ مُصَدِّقٌ لِمَا مَعَهُمْ وَكَانُوا مِنْ قَبْلُ يَسْتَفْتِحُونَ عَلَى الَّذِينَ كَفَرُوا فَلَمَّا جَاءَهُمْ مَا عَرَفُوا كَفَرُوا بِهِ ۚ فَلَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الْكَافِرِينَ

    Ва онгоҳ ки бад-эшон аз назди Аллоҳ китоб (-и осмонии Қуръон) омад, ки он ба ончӣ (аз Таврот) назди эшон аст, боваркунанда аст ва (эшон) пеш аз ин (пеш аз фиристода шудани Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар арабҳо) бар ононе ки куфр оварданд (бо пайғамбари мунтазар) талаби пирӯзӣ мекарданд (ва ҳамеша арабро бо пайғамбари охирзамон таҳдид мекарданд ва чашмдор буданд, ки ӯ аз миёни банӣ Исроил барангехта мешавад). Пас онгоҳ, ки (Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ) бад-эшон омад (ӯро бо сифатҳое ки дар Таврот буданд) шинохтанд (ва аз ҳасади ин ки ӯ аз араб аст на аз банӣ Исроил) ба (пайғамбарии) ӯ куфр оварданд. Пас нафрини Аллоҳ бар кофирон (-и ҷуҳудон) бод (, ки ба пайғамбари охирзамон-ба пайғамбари вопасин кофир мешаванд). [[Нигаред, «Сирату Ибни Ҳишом»; 1/211.]]

    2:89
  2. بِئْسَمَا اشْتَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ أَنْ يَكْفُرُوا بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ بَغْيًا أَنْ يُنَزِّلَ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ فَبَاءُوا بِغَضَبٍ عَلَىٰ غَضَبٍ ۚ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ مُهِينٌ

    Зишт аст, ончӣ хештанро ба он фурӯхтанд (, чунки куфрро бо имон ва азобро бо неъматҳо хариданд) ки ба ончӣ Аллоҳ (аз Қуръон ба пайғамбараш Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) фуруд оварда, аст куфр варзиданд, аз ҳасади онки Аллоҳ бар ҳар ки (аз бандагонаш) хоҳад (баҳри пайғамбарӣ) ба фазли худ (ваҳй) фуруд меоварад. Пас ба хашме болои хашм гирифтор гаштанд (зеро пеш аз ин Тавротро таҳриф кардданд ва ба Исо куфр оварданд ва пас аз он ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) кофир гаштанд). Ва кофиронро азоби хоркунанда аст.

    2:90
  3. وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ آمِنُوا بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا نُؤْمِنُ بِمَا أُنْزِلَ عَلَيْنَا وَيَكْفُرُونَ بِمَا وَرَاءَهُ وَهُوَ الْحَقُّ مُصَدِّقًا لِمَا مَعَهُمْ ۗ قُلْ فَلِمَ تَقْتُلُونَ أَنْبِيَاءَ اللَّهِ مِنْ قَبْلُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

    Чун ба эшон гуфта шавад, ки ба ончӣ Аллоҳ (ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ) фуруд оварда аст, имон оред (ва пайравияш кунед, бо такаббур ва саркашӣ) гӯянд: Мо (танҳо) бар ончӣ бар мо (аз Таврот) фуруд оварда шуда имон оварем (зеро имон ба Таврот моро басанда аст) ва ба ончӣ аз паси ӯ (чун Қуръон) аст куфр меоранд, ҳол онки (эшон медонанд, ки ончи ба Мухаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фуруд оварда шуда аст) он (китоби Қурон бошад ки) рост боваркунандаи ончи бо эшон аст (ва Тавроту Инҷилро дар тавҳид ва пайгамбарӣ ва боззиндагардонӣ ва подош ва рӯзи растохез тасдиқ ва мувофақат мекунад). Бигӯ агар (ба ҳақиқат ба китобҳои худ) муъминон мебудед, пас чаро пеш аз ин (он) пайғамбарони Аллоҳро мекуштед (ки ба тасдиқи Таврот меомаданд ва ба аҳкоми он амал менамуданд ва шумо медонистед, ки куштани пайғамбарон аз имон нест, балки куфри ошкорост).

    2:91
  4. وَلَقَدْ جَاءَكُمْ مُوسَىٰ بِالْبَيِّنَاتِ ثُمَّ اتَّخَذْتُمُ الْعِجْلَ مِنْ بَعْدِهِ وَأَنْتُمْ ظَالِمُونَ

    Ва ба дурустӣ Мусо ба нишонаҳои равшан (монанди чӯбдасти Мусову дасти сафед, поракунии баҳр, тӯфон, шабушк ва хун, тарангубин ва мурғи бедона ва абри сафед) пеши шумо омад, боз пас аз (рафтани) вай (ба сӯи ваъдагоҳи худ ба Тур, барои парастиш) гӯсоларо (Худо) гирифтед ва шумо (бо ин гӯсолапарастӣ бар ҷонҳои худ) ситамгор будед (, зеро медонистед, ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуде шоистаи парастиш нест).

    2:92
  5. وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَكُمْ وَرَفَعْنَا فَوْقَكُمُ الطُّورَ خُذُوا مَا آتَيْنَاكُمْ بِقُوَّةٍ وَاسْمَعُوا ۖ قَالُوا سَمِعْنَا وَعَصَيْنَا وَأُشْرِبُوا فِي قُلُوبِهِمُ الْعِجْلَ بِكُفْرِهِمْ ۚ قُلْ بِئْسَمَا يَأْمُرُكُمْ بِهِ إِيمَانُكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

    (Ёд оред,) чун паймони шуморо (бар татбиқи аҳкоми Таврот) гирифтем ва (чун паймонро напазируфтед, кӯҳи) Турро бар фарози шумо бардоштем (ва гуфтем, ки) ончиро ба шумо додем ба нерӯ бигиред ва (ин фармудаҳоро ба гӯши қабул) бишунавед! Гуфтанд: «(Суханатро) шунидем ва (фармудаатро) нофармонӣ кардем». Ва (ба сабаби куфрашон) бо дилҳояшон (дӯстдории) гӯсоларо нӯшиданд (ва дӯстдории гӯсола ба дилҳояшон даромад ва омезиш ёфт). Бигӯ, зишт аст, ончӣ шуморо имонатон (ба гӯсолапарастӣ) мефармояд, агар (чуноне даъво мекунед) муъминон ҳастед (, зеро имон касеро ба парастиши гӯсола ва ширк намегуморад, балки ӯро ба некӯкорӣ фармон медиҳад).

    2:93

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)