Сура 2 Ал-Бақара (Гов)

  1. بَلَىٰ مَنْ كَسَبَ سَيِّئَةً وَأَحَاطَتْ بِهِ خَطِيئَتُهُ فَأُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    Оре (, чунончи шумо орзу мекунед нест, балки дар оташи дӯзах ҷовидона бошед). Ҳар кӣ зиштӣ (-е чун ширк) андӯхт ва (роҳи наҷоти) ӯро гуноҳаш фаро гирад (ва бетавба дар ширк аз ҷаҳон биравад) пас эшон бошандагони дӯзаханд. Эшон дар онҷо ҷовидонаанд.

    2:81
  2. وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    Ва (аммо) касоне ки (ба Аллоҳ ва фариштагону китобҳову пайғамбарони ӯ ва ба рӯзи растохез) имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, (ки он корҳо барои хушнудии Аллоҳ боихлос ва дар пайравии пайғамбар анҷом дода шудаанд), бошандагони биҳишт эшонанд. Эшон дар онҷо ҷовидонаанд (ва эшонро ҳаргиз оташи дӯзах намерасад).

    2:82
  3. وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ لَا تَعْبُدُونَ إِلَّا اللَّهَ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَقُولُوا لِلنَّاسِ حُسْنًا وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ ثُمَّ تَوَلَّيْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا مِنْكُمْ وَأَنْتُمْ مُعْرِضُونَ

    Ва (ёд оред) чун паймони фарзандони Исроилро гирифтем, ки ҷуз Аллоҳро напарастед (ва ба Аллоҳ ҳамто наёваред) ва ба падару модар некӯӣ кунед ва ба хешовандон ва ятимон (-и бепадару модар) ва бечорагон (, ки касби маош натавонанд, некӯӣ кунед) ва ба мардумон сухани (нарм ва) хуш бигӯед (ва эшонро дониш омӯзонед ва ба некӯӣ фармоиш кунед ва аз бадӣ ва нописандиҳо эшонро боздоред ва эшонро салом кунед ва дар муомила кушодарӯ ва хандон бошед) ва намозро ба по доред ва закотро бипардозед, боз (пас аз донистани паймон қасдан аз риояи паймон) пушт гардонидед, магар андаке аз шумо (ки дар паймон устувор монданд) ва шумо рӯгардон будед.

    2:83
  4. وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَكُمْ لَا تَسْفِكُونَ دِمَاءَكُمْ وَلَا تُخْرِجُونَ أَنْفُسَكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ ثُمَّ أَقْرَرْتُمْ وَأَنْتُمْ تَشْهَدُونَ

    Ва (эй фарзандони Исроил, ёд оред) чун паймони шуморо гирифтем (ва гуфтем), ки хуни якдигарро марезед (ва ҳамдигарро макушед) ва (қавми) хештанро аз хонҳҳояшон берун макунед (ва молашонро ғанимат магиред ва ҳамқавмони худро аз асирӣ раҳо кунед), пас (ин паймонро) пазируфтед ва шумо гувоҳ мебошед (ва медонед, ки ин паймони Аллоҳ дар Таврот аст).

    2:84
  5. ثُمَّ أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ تَقْتُلُونَ أَنْفُسَكُمْ وَتُخْرِجُونَ فَرِيقًا مِنْكُمْ مِنْ دِيَارِهِمْ تَظَاهَرُونَ عَلَيْهِمْ بِالْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَإِنْ يَأْتُوكُمْ أُسَارَىٰ تُفَادُوهُمْ وَهُوَ مُحَرَّمٌ عَلَيْكُمْ إِخْرَاجُهُمْ ۚ أَفَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ الْكِتَابِ وَتَكْفُرُونَ بِبَعْضٍ ۚ فَمَا جَزَاءُ مَنْ يَفْعَلُ ذَٰلِكَ مِنْكُمْ إِلَّا خِزْيٌ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰ أَشَدِّ الْعَذَابِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

    Боз, (эй ҷуҳудон,) шумо он касонед, ки (паймонро шикастед ва қавми) хештанро мекушед ва гурӯҳеро аз қавми худ аз хонаҳояшон берун мекунед, бар (ситам кардани) эшон дар гуноҳ ва душманӣ (ва озор) якдигарро ёрмандӣ (ва ҳамдастӣ) менамоед ва агар асирон пеши шумо биёянд эшонро ба фидя медиҳед, ҳол онкӣ берун кардани эшон бар шумо ҳаром аст. Оё ба бархе аз (аҳкоми) китоб (, монанди озод кардани ҳамқавмони худ ба фидя) имон меоваред ва ба бархе (аз аҳкоми он ба куштан ва берун кардани ҳамқавмони худ) кофир мешавед? Пас, ҷазои он кас чист, ки аз миёни шумо чунин кунад (ва шариати Аллоҳ ва фармонҳои ӯро мухолафат намояд), магар хорӣ (ва шармандагӣ) дар зиндагии гетӣ (бо куштан ва рондан ва бо пардохтани ҷизя) ва рӯзи бозхост (ба сабаби нофармонии фармонҳои китоби Таврот) сӯи азоби сахттарин гардонида шаванд ва Аллоҳ аз ончӣ мекунед, ноогоҳ нест. [Пеш аз Ислом ҷуҳудони банӣ Назир ва Қурайза ҳампаймонони қабилаи Авс ва ҷуҳудони банӣ Қайнуқоъ ҳампаймонони қабилаи Хазраҷ буданд. Чун ҷанге миёни Авсу Хазраҷ сар мезад ҳар қабилаи ҷуҳудон зидди қабилаи дигари ҷуҳудон ба ҷанг мепайваст ва ҷуҳудони қабилаи дигарро мекушт ва хонаҳояшонро вайрон мекард ва асирашон мегирифт, ки ин ҳама хилофи аҳкоми Таврот буд ва пас аз хомӯш гаштани оташи ҷанг асирони ҷуҳудонро ҷуҳудони ҳар се қабила бо фидя озод мекарданд, ки аз рӯи аҳкоми Таврот буд].

    2:85
  6. أُولَٰئِكَ الَّذِينَ اشْتَرَوُا الْحَيَاةَ الدُّنْيَا بِالْآخِرَةِ ۖ فَلَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ الْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنْصَرُونَ

    Эшон он касонанд, ки зиндагии гетиро ба охират хариданд (ва онро бар охират беҳтар пиндошта баргузидандаш), пас азоб аз эшон (даме) сабук нагардад ва на эшон ёрӣ дода шаванд.

    2:86
  7. وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ وَقَفَّيْنَا مِنْ بَعْدِهِ بِالرُّسُلِ ۖ وَآتَيْنَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ الْبَيِّنَاتِ وَأَيَّدْنَاهُ بِرُوحِ الْقُدُسِ ۗ أَفَكُلَّمَا جَاءَكُمْ رَسُولٌ بِمَا لَا تَهْوَىٰ أَنْفُسُكُمُ اسْتَكْبَرْتُمْ فَفَرِيقًا كَذَّبْتُمْ وَفَرِيقًا تَقْتُلُونَ

    Ва ба дурустӣ, ба Мусо китоб (-и Тавротро) додем (вале банӣ Исроил онро таҳриф намуда фармудаҳояшонро мухолафат карданд) ва аз паси ӯ фиристодагонро пай дар пай овардем (, ки бо шариати ӯ ҳукм мекарданд) ва Исо писари Марямро (вопасин пайғамбари банӣ Исроил гардонидем ва ӯро) нишонаҳои равшан додем (, ки бо дастури Аллоҳ мурдаро зинда мекард ва бемори пес ва махавро бо дастури Аллоҳ дармон мебахшид ва аз гил монанди колбад мурғ месохт ва дар он медамид, то бо дастури Аллоҳ зинда мегашту парвоз мекард) ва ӯро бо равони фархунда (-Ҷибрил) нерӯ бахшидем. Оё пас ҳар гоҳ, ки пайғамбаре назди шумо ончиро овард, ки нафсҳои шумо дӯст надорад, саркашӣ кардед, пас гурӯҳеро (чун Исо) дурӯғ доштед ва гурӯҳеро (монанди Яҳё ва Закариё) куштед.

    2:87
  8. وَقَالُوا قُلُوبُنَا غُلْفٌ ۚ بَلْ لَعَنَهُمُ اللَّهُ بِكُفْرِهِمْ فَقَلِيلًا مَا يُؤْمِنُونَ

    (Чун эшонро ба имон овардан хондӯ) гуфтанд: (Эй Муҳаммад, (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) дилҳои мо дар парда аст (ва суханони туро ҳеҷ дарк намекунанд ва напазиранд). (Чунин нест,) балки Аллоҳ эшонро ба сабаби куфрашон нафрин карда (ва аз ҳар некуӣ дур намуда) аст, (аз миёни эшон мардуми) андаке имон меоранд.

    2:88
  9. وَلَمَّا جَاءَهُمْ كِتَابٌ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ مُصَدِّقٌ لِمَا مَعَهُمْ وَكَانُوا مِنْ قَبْلُ يَسْتَفْتِحُونَ عَلَى الَّذِينَ كَفَرُوا فَلَمَّا جَاءَهُمْ مَا عَرَفُوا كَفَرُوا بِهِ ۚ فَلَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الْكَافِرِينَ

    Ва онгоҳ ки бад-эшон аз назди Аллоҳ китоб (-и осмонии Қуръон) омад, ки он ба ончӣ (аз Таврот) назди эшон аст, боваркунанда аст ва (эшон) пеш аз ин (пеш аз фиристода шудани Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар арабҳо) бар ононе ки куфр оварданд (бо пайғамбари мунтазар) талаби пирӯзӣ мекарданд (ва ҳамеша арабро бо пайғамбари охирзамон таҳдид мекарданд ва чашмдор буданд, ки ӯ аз миёни банӣ Исроил барангехта мешавад). Пас онгоҳ, ки (Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ) бад-эшон омад (ӯро бо сифатҳое ки дар Таврот буданд) шинохтанд (ва аз ҳасади ин ки ӯ аз араб аст на аз банӣ Исроил) ба (пайғамбарии) ӯ куфр оварданд. Пас нафрини Аллоҳ бар кофирон (-и ҷуҳудон) бод (, ки ба пайғамбари охирзамон-ба пайғамбари вопасин кофир мешаванд). [[Нигаред, «Сирату Ибни Ҳишом»; 1/211.]]

    2:89
  10. بِئْسَمَا اشْتَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ أَنْ يَكْفُرُوا بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ بَغْيًا أَنْ يُنَزِّلَ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ فَبَاءُوا بِغَضَبٍ عَلَىٰ غَضَبٍ ۚ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ مُهِينٌ

    Зишт аст, ончӣ хештанро ба он фурӯхтанд (, чунки куфрро бо имон ва азобро бо неъматҳо хариданд) ки ба ончӣ Аллоҳ (аз Қуръон ба пайғамбараш Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) фуруд оварда, аст куфр варзиданд, аз ҳасади онки Аллоҳ бар ҳар ки (аз бандагонаш) хоҳад (баҳри пайғамбарӣ) ба фазли худ (ваҳй) фуруд меоварад. Пас ба хашме болои хашм гирифтор гаштанд (зеро пеш аз ин Тавротро таҳриф кардданд ва ба Исо куфр оварданд ва пас аз он ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) кофир гаштанд). Ва кофиронро азоби хоркунанда аст.

    2:90
  11. وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ آمِنُوا بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا نُؤْمِنُ بِمَا أُنْزِلَ عَلَيْنَا وَيَكْفُرُونَ بِمَا وَرَاءَهُ وَهُوَ الْحَقُّ مُصَدِّقًا لِمَا مَعَهُمْ ۗ قُلْ فَلِمَ تَقْتُلُونَ أَنْبِيَاءَ اللَّهِ مِنْ قَبْلُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

    Чун ба эшон гуфта шавад, ки ба ончӣ Аллоҳ (ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ) фуруд оварда аст, имон оред (ва пайравияш кунед, бо такаббур ва саркашӣ) гӯянд: Мо (танҳо) бар ончӣ бар мо (аз Таврот) фуруд оварда шуда имон оварем (зеро имон ба Таврот моро басанда аст) ва ба ончӣ аз паси ӯ (чун Қуръон) аст куфр меоранд, ҳол онки (эшон медонанд, ки ончи ба Мухаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фуруд оварда шуда аст) он (китоби Қурон бошад ки) рост боваркунандаи ончи бо эшон аст (ва Тавроту Инҷилро дар тавҳид ва пайгамбарӣ ва боззиндагардонӣ ва подош ва рӯзи растохез тасдиқ ва мувофақат мекунад). Бигӯ агар (ба ҳақиқат ба китобҳои худ) муъминон мебудед, пас чаро пеш аз ин (он) пайғамбарони Аллоҳро мекуштед (ки ба тасдиқи Таврот меомаданд ва ба аҳкоми он амал менамуданд ва шумо медонистед, ки куштани пайғамбарон аз имон нест, балки куфри ошкорост).

    2:91
  12. وَلَقَدْ جَاءَكُمْ مُوسَىٰ بِالْبَيِّنَاتِ ثُمَّ اتَّخَذْتُمُ الْعِجْلَ مِنْ بَعْدِهِ وَأَنْتُمْ ظَالِمُونَ

    Ва ба дурустӣ Мусо ба нишонаҳои равшан (монанди чӯбдасти Мусову дасти сафед, поракунии баҳр, тӯфон, шабушк ва хун, тарангубин ва мурғи бедона ва абри сафед) пеши шумо омад, боз пас аз (рафтани) вай (ба сӯи ваъдагоҳи худ ба Тур, барои парастиш) гӯсоларо (Худо) гирифтед ва шумо (бо ин гӯсолапарастӣ бар ҷонҳои худ) ситамгор будед (, зеро медонистед, ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуде шоистаи парастиш нест).

    2:92
  13. وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَكُمْ وَرَفَعْنَا فَوْقَكُمُ الطُّورَ خُذُوا مَا آتَيْنَاكُمْ بِقُوَّةٍ وَاسْمَعُوا ۖ قَالُوا سَمِعْنَا وَعَصَيْنَا وَأُشْرِبُوا فِي قُلُوبِهِمُ الْعِجْلَ بِكُفْرِهِمْ ۚ قُلْ بِئْسَمَا يَأْمُرُكُمْ بِهِ إِيمَانُكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

    (Ёд оред,) чун паймони шуморо (бар татбиқи аҳкоми Таврот) гирифтем ва (чун паймонро напазируфтед, кӯҳи) Турро бар фарози шумо бардоштем (ва гуфтем, ки) ончиро ба шумо додем ба нерӯ бигиред ва (ин фармудаҳоро ба гӯши қабул) бишунавед! Гуфтанд: «(Суханатро) шунидем ва (фармудаатро) нофармонӣ кардем». Ва (ба сабаби куфрашон) бо дилҳояшон (дӯстдории) гӯсоларо нӯшиданд (ва дӯстдории гӯсола ба дилҳояшон даромад ва омезиш ёфт). Бигӯ, зишт аст, ончӣ шуморо имонатон (ба гӯсолапарастӣ) мефармояд, агар (чуноне даъво мекунед) муъминон ҳастед (, зеро имон касеро ба парастиши гӯсола ва ширк намегуморад, балки ӯро ба некӯкорӣ фармон медиҳад).

    2:93
  14. قُلْ إِنْ كَانَتْ لَكُمُ الدَّارُ الْآخِرَةُ عِنْدَ اللَّهِ خَالِصَةً مِنْ دُونِ النَّاسِ فَتَمَنَّوُا الْمَوْتَ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

    (Эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ҷуҳудонро) бигӯ, агар сарои бозпасин (, яъне биҳишт) назди Аллоҳ вижа барои шумост, на мардумони дигарро (ва мегӯед, ки ба биҳишт ғайр аз ҷуҳудон ва тарсоён касе надарояд ва шумо муштоқи биҳишт гаштаед) пас маргро орзу кунед (, ки шуморо ба биҳишт расонад), агар (дар ин даъво) ростгӯён ҳастед!

    2:94
  15. وَلَنْ يَتَمَنَّوْهُ أَبَدًا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ

    Ва ҳаргиз маргро ба сабаби ончӣ дастҳои эшон (аз куфру маъсият ва гуноҳҳои бузург) пеш фиристодааст ҳеҷ гоҳ орзу накунанд. Ва Аллоҳ ба ситамгорон доност (, пас эшонро сазовори кирдорашон подош медиҳад).

    2:95
  16. وَلَتَجِدَنَّهُمْ أَحْرَصَ النَّاسِ عَلَىٰ حَيَاةٍ وَمِنَ الَّذِينَ أَشْرَكُوا ۚ يَوَدُّ أَحَدُهُمْ لَوْ يُعَمَّرُ أَلْفَ سَنَةٍ وَمَا هُوَ بِمُزَحْزِحِهِ مِنَ الْعَذَابِ أَنْ يُعَمَّرَ ۗ وَاللَّهُ بَصِيرٌ بِمَا يَعْمَلُونَ

    Ва бегумон эшонро ҳаристарин мардум бар зиндагонӣ (-и гетӣ) биёбӣ ва (ҳаристар) аз касоне ки (ба Аллоҳ) ҳамто оварданд (, ки он ҳамтогирон ба зиндагардонии пас аз марг ва ба ҳеҷ пайғамбаре ва ба ҳеҷ китобе бовар надоранд). Яке аз эшон дӯст медорад (ва орзу мекунад), ки кош, ҳазор сол умр медид. Ва он (умри дароз) дуркунанда(ву раҳокунанда)-и ӯ аз азоб нест, агар (ба ӯ ҳазор сол) умр дода шавад. Ва Аллоҳ ба ончӣ (аз бадӣ ва табоҳкорӣ) мекунанд, биност.

    2:96
  17. قُلْ مَنْ كَانَ عَدُوًّا لِجِبْرِيلَ فَإِنَّهُ نَزَّلَهُ عَلَىٰ قَلْبِكَ بِإِذْنِ اللَّهِ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ وَهُدًى وَبُشْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ

    [Ҷуҳудон гуфтанд, ки агар ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ғайр аз Ҷибрил фариштаи дигаре ваҳй фуруд меовард, мо ба ӯ имон меовардем, зеро Ҷибрил душмани мост ва ӯ баҳри азобу қаҳтву ҷанг фуруд меояд ва Микоил дӯсти мост, ки бо сулҳу раҳмат ва ҳосилхезӣ фуруд меояд.] (Эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ба ҷуҳудоне ки Ҷибрилро душмани худ мешуморанд), бигӯ: «Ҳар кӣ ба Ҷибрил душман бошад, пас (ӯ душмани Аллоҳ аст, зеро ҳар кӣ душмани дӯсте аз дӯстони Аллоҳ бошад, ӯ душмани ҳама дӯстони Аллоҳ аст). (Эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод),) ҳароина, ӯ (яъне Ҷибрил) ба дастури Аллоҳ бар дили (покизаи) ту он(Қуръон)-ро фуруд оварда аст, ки он Қуръон бовардорандаи ончист, ки пеш аз он (, чун Таврот ва Инҷил фуруд омада) буданд. Ва барои муъминон раҳнамо (-и роҳи рост) ва муждадиҳанда (ба биҳишти ҷовидона) аст[[Нигаред, «Тафсири Табарӣ»; 1/388, ва «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4480.]].

    2:97
  18. مَنْ كَانَ عَدُوًّا لِلَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَرُسُلِهِ وَجِبْرِيلَ وَمِيكَالَ فَإِنَّ اللَّهَ عَدُوٌّ لِلْكَافِرِينَ

    (Касе душмани як дӯсти Аллоҳ бошад, пас ӯ душмани ҳама дӯстони Аллоҳ аст ва аз ин рӯ) ҳар кӣ ба Аллоҳ ва фариштагон ва пайғамбаронаш ва ба Ҷибрилу Микоил душман бошад (, ӯ кофир ва душмани Аллоҳ шудааст), пас ҳароина, Аллоҳ душмани он кофирон аст.

    2:98
  19. وَلَقَدْ أَنْزَلْنَا إِلَيْكَ آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ ۖ وَمَا يَكْفُرُ بِهَا إِلَّا الْفَاسِقُونَ

    Ва ба дурустӣ, ба сӯи ту (баҳри дурустии пайғамбарият) нишонаҳои ошкоро фуруд овардем ва ба онҳо куфр намеварзад, магар бадкорон (, ки аз тоати Аллоҳ ва аз имону Ислом берун гаштаанд).

    2:99
  20. أَوَكُلَّمَا عَاهَدُوا عَهْدًا نَبَذَهُ فَرِيقٌ مِنْهُمْ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

    Оё ҳар гоҳ (бо Аллоҳ бар имони пайғамбаре ки берун меояд) паймон мебастанд (ки бар зидди ӯ мушриконро ёрӣ накунанд), гурӯҳе аз эшон он(паймон)-ро (мешикастанд ва) дур меандохтанд. Балки (ин паймоншиканӣ ба сабаби он аст, ки) бештари эшон (ба Таврот) бовар (-и пурра) надоранд.

    2:100

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)