Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 85
-
ثُمَّ أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ تَقْتُلُونَ أَنْفُسَكُمْ وَتُخْرِجُونَ فَرِيقًا مِنْكُمْ مِنْ دِيَارِهِمْ تَظَاهَرُونَ عَلَيْهِمْ بِالْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَإِنْ يَأْتُوكُمْ أُسَارَىٰ تُفَادُوهُمْ وَهُوَ مُحَرَّمٌ عَلَيْكُمْ إِخْرَاجُهُمْ ۚ أَفَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ الْكِتَابِ وَتَكْفُرُونَ بِبَعْضٍ ۚ فَمَا جَزَاءُ مَنْ يَفْعَلُ ذَٰلِكَ مِنْكُمْ إِلَّا خِزْيٌ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰ أَشَدِّ الْعَذَابِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ
Боз, (эй ҷуҳудон,) шумо он касонед, ки (паймонро шикастед ва қавми) хештанро мекушед ва гурӯҳеро аз қавми худ аз хонаҳояшон берун мекунед, бар (ситам кардани) эшон дар гуноҳ ва душманӣ (ва озор) якдигарро ёрмандӣ (ва ҳамдастӣ) менамоед ва агар асирон пеши шумо биёянд эшонро ба фидя медиҳед, ҳол онкӣ берун кардани эшон бар шумо ҳаром аст. Оё ба бархе аз (аҳкоми) китоб (, монанди озод кардани ҳамқавмони худ ба фидя) имон меоваред ва ба бархе (аз аҳкоми он ба куштан ва берун кардани ҳамқавмони худ) кофир мешавед? Пас, ҷазои он кас чист, ки аз миёни шумо чунин кунад (ва шариати Аллоҳ ва фармонҳои ӯро мухолафат намояд), магар хорӣ (ва шармандагӣ) дар зиндагии гетӣ (бо куштан ва рондан ва бо пардохтани ҷизя) ва рӯзи бозхост (ба сабаби нофармонии фармонҳои китоби Таврот) сӯи азоби сахттарин гардонида шаванд ва Аллоҳ аз ончӣ мекунед, ноогоҳ нест. [Пеш аз Ислом ҷуҳудони банӣ Назир ва Қурайза ҳампаймонони қабилаи Авс ва ҷуҳудони банӣ Қайнуқоъ ҳампаймонони қабилаи Хазраҷ буданд. Чун ҷанге миёни Авсу Хазраҷ сар мезад ҳар қабилаи ҷуҳудон зидди қабилаи дигари ҷуҳудон ба ҷанг мепайваст ва ҷуҳудони қабилаи дигарро мекушт ва хонаҳояшонро вайрон мекард ва асирашон мегирифт, ки ин ҳама хилофи аҳкоми Таврот буд ва пас аз хомӯш гаштани оташи ҷанг асирони ҷуҳудонро ҷуҳудони ҳар се қабила бо фидя озод мекарданд, ки аз рӯи аҳкоми Таврот буд].
2:85
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)