Мусҳаф, саҳифа 13

  1. وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَكُمْ لَا تَسْفِكُونَ دِمَاءَكُمْ وَلَا تُخْرِجُونَ أَنْفُسَكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ ثُمَّ أَقْرَرْتُمْ وَأَنْتُمْ تَشْهَدُونَ

    Ва (эй фарзандони Исроил, ёд оред) чун паймони шуморо гирифтем (ва гуфтем), ки хуни якдигарро марезед (ва ҳамдигарро макушед) ва (қавми) хештанро аз хонҳҳояшон берун макунед (ва молашонро ғанимат магиред ва ҳамқавмони худро аз асирӣ раҳо кунед), пас (ин паймонро) пазируфтед ва шумо гувоҳ мебошед (ва медонед, ки ин паймони Аллоҳ дар Таврот аст).

    2:84
  2. ثُمَّ أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ تَقْتُلُونَ أَنْفُسَكُمْ وَتُخْرِجُونَ فَرِيقًا مِنْكُمْ مِنْ دِيَارِهِمْ تَظَاهَرُونَ عَلَيْهِمْ بِالْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَإِنْ يَأْتُوكُمْ أُسَارَىٰ تُفَادُوهُمْ وَهُوَ مُحَرَّمٌ عَلَيْكُمْ إِخْرَاجُهُمْ ۚ أَفَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ الْكِتَابِ وَتَكْفُرُونَ بِبَعْضٍ ۚ فَمَا جَزَاءُ مَنْ يَفْعَلُ ذَٰلِكَ مِنْكُمْ إِلَّا خِزْيٌ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰ أَشَدِّ الْعَذَابِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

    Боз, (эй ҷуҳудон,) шумо он касонед, ки (паймонро шикастед ва қавми) хештанро мекушед ва гурӯҳеро аз қавми худ аз хонаҳояшон берун мекунед, бар (ситам кардани) эшон дар гуноҳ ва душманӣ (ва озор) якдигарро ёрмандӣ (ва ҳамдастӣ) менамоед ва агар асирон пеши шумо биёянд эшонро ба фидя медиҳед, ҳол онкӣ берун кардани эшон бар шумо ҳаром аст. Оё ба бархе аз (аҳкоми) китоб (, монанди озод кардани ҳамқавмони худ ба фидя) имон меоваред ва ба бархе (аз аҳкоми он ба куштан ва берун кардани ҳамқавмони худ) кофир мешавед? Пас, ҷазои он кас чист, ки аз миёни шумо чунин кунад (ва шариати Аллоҳ ва фармонҳои ӯро мухолафат намояд), магар хорӣ (ва шармандагӣ) дар зиндагии гетӣ (бо куштан ва рондан ва бо пардохтани ҷизя) ва рӯзи бозхост (ба сабаби нофармонии фармонҳои китоби Таврот) сӯи азоби сахттарин гардонида шаванд ва Аллоҳ аз ончӣ мекунед, ноогоҳ нест. [Пеш аз Ислом ҷуҳудони банӣ Назир ва Қурайза ҳампаймонони қабилаи Авс ва ҷуҳудони банӣ Қайнуқоъ ҳампаймонони қабилаи Хазраҷ буданд. Чун ҷанге миёни Авсу Хазраҷ сар мезад ҳар қабилаи ҷуҳудон зидди қабилаи дигари ҷуҳудон ба ҷанг мепайваст ва ҷуҳудони қабилаи дигарро мекушт ва хонаҳояшонро вайрон мекард ва асирашон мегирифт, ки ин ҳама хилофи аҳкоми Таврот буд ва пас аз хомӯш гаштани оташи ҷанг асирони ҷуҳудонро ҷуҳудони ҳар се қабила бо фидя озод мекарданд, ки аз рӯи аҳкоми Таврот буд].

    2:85
  3. أُولَٰئِكَ الَّذِينَ اشْتَرَوُا الْحَيَاةَ الدُّنْيَا بِالْآخِرَةِ ۖ فَلَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ الْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنْصَرُونَ

    Эшон он касонанд, ки зиндагии гетиро ба охират хариданд (ва онро бар охират беҳтар пиндошта баргузидандаш), пас азоб аз эшон (даме) сабук нагардад ва на эшон ёрӣ дода шаванд.

    2:86
  4. وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ وَقَفَّيْنَا مِنْ بَعْدِهِ بِالرُّسُلِ ۖ وَآتَيْنَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ الْبَيِّنَاتِ وَأَيَّدْنَاهُ بِرُوحِ الْقُدُسِ ۗ أَفَكُلَّمَا جَاءَكُمْ رَسُولٌ بِمَا لَا تَهْوَىٰ أَنْفُسُكُمُ اسْتَكْبَرْتُمْ فَفَرِيقًا كَذَّبْتُمْ وَفَرِيقًا تَقْتُلُونَ

    Ва ба дурустӣ, ба Мусо китоб (-и Тавротро) додем (вале банӣ Исроил онро таҳриф намуда фармудаҳояшонро мухолафат карданд) ва аз паси ӯ фиристодагонро пай дар пай овардем (, ки бо шариати ӯ ҳукм мекарданд) ва Исо писари Марямро (вопасин пайғамбари банӣ Исроил гардонидем ва ӯро) нишонаҳои равшан додем (, ки бо дастури Аллоҳ мурдаро зинда мекард ва бемори пес ва махавро бо дастури Аллоҳ дармон мебахшид ва аз гил монанди колбад мурғ месохт ва дар он медамид, то бо дастури Аллоҳ зинда мегашту парвоз мекард) ва ӯро бо равони фархунда (-Ҷибрил) нерӯ бахшидем. Оё пас ҳар гоҳ, ки пайғамбаре назди шумо ончиро овард, ки нафсҳои шумо дӯст надорад, саркашӣ кардед, пас гурӯҳеро (чун Исо) дурӯғ доштед ва гурӯҳеро (монанди Яҳё ва Закариё) куштед.

    2:87
  5. وَقَالُوا قُلُوبُنَا غُلْفٌ ۚ بَلْ لَعَنَهُمُ اللَّهُ بِكُفْرِهِمْ فَقَلِيلًا مَا يُؤْمِنُونَ

    (Чун эшонро ба имон овардан хондӯ) гуфтанд: (Эй Муҳаммад, (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) дилҳои мо дар парда аст (ва суханони туро ҳеҷ дарк намекунанд ва напазиранд). (Чунин нест,) балки Аллоҳ эшонро ба сабаби куфрашон нафрин карда (ва аз ҳар некуӣ дур намуда) аст, (аз миёни эшон мардуми) андаке имон меоранд.

    2:88

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)