Мусҳаф, саҳифа 12

  1. أَوَلَا يَعْلَمُونَ أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ

    (Агар ҷуҳудон пиндоранд, ки ин далилҳоро аз муъминон пинҳон доранд, пас) оё эшон намедонанд, ки ҳароина, Аллоҳ ончиро (ки аз дурӯғшуморӣ ва куфр ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ) пинҳон мекунанд ва ончиро ошкоро менамоед медонад (, чунончи ба ёрони пайғамбар гуфтанд, ки имон овардем).

    2:77
  2. وَمِنْهُمْ أُمِّيُّونَ لَا يَعْلَمُونَ الْكِتَابَ إِلَّا أَمَانِيَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ

    Ва аз миёни эшон нохондагон (-и бедонише) ҳастанд, ки китоб (-и Таврот) ро намедонанд магар орзуҳое (беҳудаи дурӯғине ки аз меҳтарон ва аз аҳборашон шунидаанд ва он суханон дар китобашон нестанд, монанди ин суханон ки Аллоҳ эшонро меомурзад ва дар дӯзах ҷуз чанд рӯзе даранг намекунанд). Ва нестанд эшон магар гумонкунандагон (, ки бедонишу яқин гузаштагони худро кӯрона тақлид мекунанд).

    2:78
  3. فَوَيْلٌ لِلَّذِينَ يَكْتُبُونَ الْكِتَابَ بِأَيْدِيهِمْ ثُمَّ يَقُولُونَ هَٰذَا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ لِيَشْتَرُوا بِهِ ثَمَنًا قَلِيلًا ۖ فَوَيْلٌ لَهُمْ مِمَّا كَتَبَتْ أَيْدِيهِمْ وَوَيْلٌ لَهُمْ مِمَّا يَكْسِبُونَ

    Пас вой (бар он аҳбори ҷуҳудон ва) бар он касоне ки бо дастҳои хеш китоб (-и Таврот)-ро менависанд, боз мегӯянд, ки ин (суханҳои навишта) аз наздики Аллоҳ аст, то ба ивази он баҳои андак (-и ҷаҳониро) бихаранд. Пас вой бар эшон ба сабаби ончӣ дастҳои эшон (аз дурӯғу бӯҳтон дар таҳрифи Таврот) навиштаанд ва вой бар эшон ба сабаби ончӣ (аз ҳаром ва ришваву пора) ба даст меоваранд. (нигаред; «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; с. 54)

    2:79
  4. وَقَالُوا لَنْ تَمَسَّنَا النَّارُ إِلَّا أَيَّامًا مَعْدُودَةً ۚ قُلْ أَتَّخَذْتُمْ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدًا فَلَنْ يُخْلِفَ اللَّهُ عَهْدَهُ ۖ أَمْ تَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ

    Ва (ҷуҳудон) гуфтанд оташи дӯзах ба мо нарасад магар чанд рӯзи шумурда (ки он ба андозаи чиҳил рӯзе аст, ки гусоларо парастиш намудаем сипас баъд аз чиҳил рӯз аз он берун оем ва ҷои моро мусалмонон мегиранд). (Эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ба эшон) бигу: «оё аз пеши Аллоҳ паймон гирифтаед, зеро (агар бо Аллоҳ паймон баста бошед) Аллоҳ паймонашро ҳаргиз хилоф накунад. Балки бар Аллоҳ ончиро мегӯед, ки намедонед (ва бар Аллоҳи ҷаҳонофарин дурӯғ мебандед).

    2:80
  5. بَلَىٰ مَنْ كَسَبَ سَيِّئَةً وَأَحَاطَتْ بِهِ خَطِيئَتُهُ فَأُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    Оре (, чунончи шумо орзу мекунед нест, балки дар оташи дӯзах ҷовидона бошед). Ҳар кӣ зиштӣ (-е чун ширк) андӯхт ва (роҳи наҷоти) ӯро гуноҳаш фаро гирад (ва бетавба дар ширк аз ҷаҳон биравад) пас эшон бошандагони дӯзаханд. Эшон дар онҷо ҷовидонаанд.

    2:81
  6. وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    Ва (аммо) касоне ки (ба Аллоҳ ва фариштагону китобҳову пайғамбарони ӯ ва ба рӯзи растохез) имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, (ки он корҳо барои хушнудии Аллоҳ боихлос ва дар пайравии пайғамбар анҷом дода шудаанд), бошандагони биҳишт эшонанд. Эшон дар онҷо ҷовидонаанд (ва эшонро ҳаргиз оташи дӯзах намерасад).

    2:82
  7. وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ لَا تَعْبُدُونَ إِلَّا اللَّهَ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَذِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَقُولُوا لِلنَّاسِ حُسْنًا وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ ثُمَّ تَوَلَّيْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا مِنْكُمْ وَأَنْتُمْ مُعْرِضُونَ

    Ва (ёд оред) чун паймони фарзандони Исроилро гирифтем, ки ҷуз Аллоҳро напарастед (ва ба Аллоҳ ҳамто наёваред) ва ба падару модар некӯӣ кунед ва ба хешовандон ва ятимон (-и бепадару модар) ва бечорагон (, ки касби маош натавонанд, некӯӣ кунед) ва ба мардумон сухани (нарм ва) хуш бигӯед (ва эшонро дониш омӯзонед ва ба некӯӣ фармоиш кунед ва аз бадӣ ва нописандиҳо эшонро боздоред ва эшонро салом кунед ва дар муомила кушодарӯ ва хандон бошед) ва намозро ба по доред ва закотро бипардозед, боз (пас аз донистани паймон қасдан аз риояи паймон) пушт гардонидед, магар андаке аз шумо (ки дар паймон устувор монданд) ва шумо рӯгардон будед.

    2:83

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)