Мусҳаф, саҳифа 11

  1. قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا هِيَ إِنَّ الْبَقَرَ تَشَابَهَ عَلَيْنَا وَإِنَّا إِنْ شَاءَ اللَّهُ لَمُهْتَدُونَ

    Гуфтанд: «(Эй Мусо,) Парвардигоратро бихоҳ, барои мо равшан гардонад, ки он гов чист? Ҳароина, бар мо говон (-и фаровоне) монанди якдигар шуданд (ва кор чигил гашт, зеро говони бисёре ин сифатҳоро доранд) ва ҳароина, Аллоҳ агар хоҳад (ва ту онро ба мо баён кунӣ, ба сӯи ҳақиқат) роҳёфтагонем.

    2:70
  2. قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَا ذَلُولٌ تُثِيرُ الْأَرْضَ وَلَا تَسْقِي الْحَرْثَ مُسَلَّمَةٌ لَا شِيَةَ فِيهَا ۚ قَالُوا الْآنَ جِئْتَ بِالْحَقِّ ۚ فَذَبَحُوهَا وَمَا كَادُوا يَفْعَلُونَ

    (Мусо) гуфт: «Ҳароина, ӯ мегӯяд»: «Он говест, ки (ба кор) ром нест, заминро шудгор накунад ва на киштро об диҳад. Тандуруст аст (ва ҳеҷ айбе дар ҷисмаш надорад) дар ӯ ҳеҷ холе нест (ва ҷуз зардӣ ранги дигар надорад ва ҳама баданаш якранг аст).» Гуфтанд: «Акнун, сухани дуруст овардӣ». Пас (говеро бо ин сифатҳо назди ҷавоне пайдо карданд ва) онро бикуштанд ва наздик буданд, ки накунанд (, зеро онҳо аз оғози кор намехостанд говеро бикушанд ва ин корро пас аз заҳматҳои фаровоне анҷом доданд, ҳол онки метавонистанд ҳар говеро бикушанд вале чун пофишорӣ карданд, Аллоҳ низ эшонро ба сахтиҳо кашид).

    2:71
  3. وَإِذْ قَتَلْتُمْ نَفْسًا فَادَّارَأْتُمْ فِيهَا ۖ وَاللَّهُ مُخْرِجٌ مَا كُنْتُمْ تَكْتُمُونَ

    Ва (ёд кунед,) чун шахсеро (барои гирифтани мерос) куштед ва дар бораи ӯ бо якдигар низоъ кардед (ва кашмакашу ихтилоф барангехтед ва ҳар яке дигареро дар куштани ӯ гунаҳгор мекард). Ва Аллоҳ беруноранда аст он чиро, ки (дар бораи кушандаи он аз ҳоким) пинҳон мекардед.

    2:72
  4. فَقُلْنَا اضْرِبُوهُ بِبَعْضِهَا ۚ كَذَٰلِكَ يُحْيِي اللَّهُ الْمَوْتَىٰ وَيُرِيكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ

    Пас фармудем он(кушта)-ро бо баъзе андоми он (гов) бизанед (пас он кушта зинда гашт ва гуфт, ки маро бародарзодаам барои зери даст кардани мерос куштааст ва баъд аз гуфтани ин суханҳо бимурд ва бародарзодааш аз мерос бебаҳра гашт ва ба қасос кушта шуд). Ҳамчунин Аллоҳ мурдагонро зинда мегардонад ва ба шумо нишонаҳои худро (ва далелҳои тавоноии хешро) менамояд то бошад биандешед (ва бидонед, ки Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност).

    2:73
  5. ثُمَّ قَسَتْ قُلُوبُكُمْ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ فَهِيَ كَالْحِجَارَةِ أَوْ أَشَدُّ قَسْوَةً ۚ وَإِنَّ مِنَ الْحِجَارَةِ لَمَا يَتَفَجَّرُ مِنْهُ الْأَنْهَارُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَشَّقَّقُ فَيَخْرُجُ مِنْهُ الْمَاءُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَهْبِطُ مِنْ خَشْيَةِ اللَّهِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

    Боз пас аз (дидани) ин (муъҷизаи зиндагардонии мурда) дилҳои шумо (аз пазируфтани сухани ҳақ) сахт шуд (ки панду андарз дар он ҳеҷ кора накунад) пас онҳо монанди санганд балки дар сахтӣ аз вай сахттаранд (зеро сухани ҳақро нашунаванду напазиранд ва тарс аз Аллоҳ ва ба бандагони ӯ меҳрубонию лутф надоранд). Ва ҳароина, аз сангҳост ончӣ ки аз вай рӯдҳо равон мешаванд. Ва ҳароина, аз сангҳост, ки чун шикофта мегарданд аз онҳо об берун меояд. Ва ҳароина, аз он аст ончӣ аз бими Аллоҳ (аз баландии кӯҳҳо ба поин) фуруд меояд (аммо дилҳои сангини шумо ҳеҷ нарм намешаванд). Ва Аллоҳ аз ончӣ (аз гуноҳҳо) мекунед ноогоҳ нест (, балки ҳама чизро медонад, вале кайфари шуморо барои растохез гузошта аст).

    2:74
  6. أَفَتَطْمَعُونَ أَنْ يُؤْمِنُوا لَكُمْ وَقَدْ كَانَ فَرِيقٌ مِنْهُمْ يَسْمَعُونَ كَلَامَ اللَّهِ ثُمَّ يُحَرِّفُونَهُ مِنْ بَعْدِ مَا عَقَلُوهُ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

    (Эй муъминон!) Оё шумо орзу доред, ки (ҷуҳудони гумроҳ) ба шумо бовар кунанд (ва ба дини Ислом гараванд) ҳол онки гурӯҳе аз (донишмандони дини) эшон сухани Аллоҳро (аз Тавроту Инҷил мехонданд ва) мешуниданд, боз пас аз онки онро (возеҳ) донистанд, онро дигар мекунанд (ва ҳалолашро ҳаром мехонанд ва ҳаромашро ҳалол менамоянд) ва эшон медонанд (ки қасдан гуноҳи бузурге иртикоб менамоянд ва эшон дар таҳрифи ин китобҳо хатокоранд).

    2:75
  7. وَإِذَا لَقُوا الَّذِينَ آمَنُوا قَالُوا آمَنَّا وَإِذَا خَلَا بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ قَالُوا أَتُحَدِّثُونَهُمْ بِمَا فَتَحَ اللَّهُ عَلَيْكُمْ لِيُحَاجُّوكُمْ بِهِ عِنْدَ رَبِّكُمْ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ

    Ва чун (мунофиқону ҷуҳудон бо ёрони пайғамбар) бо касоне ки имон оварданд рӯ ба рӯ шаванд, гӯянд (ба Аллоҳ ва ба пайғамбари ӯ Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ) имон овардем (, ки дар китобҳои мо номи ӯ ёд шудааст) ва чун бо якдигар танҳо бимонанд (, ба касоне ки сифатҳои Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба мусалмонон аз Таврот фош кардаанд,) гӯянд: «Оё ба эшон (, яъне ба муъминон) чизеро мегӯед, ки он (дарвозаҳои дониш) -ро Аллоҳ бар шумо кушуда аст (ва дар бораи Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хабар дода аст) то ки бо он шуморо (рӯзи растохез) назди Парвардигоратон муҷодала кунанд (ки чаро пас аз шинохтани Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро пайравӣ накардед)? Оё пас намеандешед.

    2:76

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)