Мусҳаф, саҳифа 10
-
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالنَّصَارَىٰ وَالصَّابِئِينَ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَعَمِلَ صَالِحًا فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Ҳароина, ононки имон оварданд ва ононки ҷуҳуд шуданд ва тарсоён[[Тарсоён - пайравони Исо.]] ва бединон (монанди фариштапарастон ва ситорапарастон) ҳар кӯ аз эшон ба Аллоҳ (ва ба пайғамбарон) ва ба рӯзи бозпасин бовар овард ва кори шоиста кард, пас эшонро наздики Парвардигорашон музди (кирдори) эшон бошад ва на бар эшон (рӯзи растохез ҳангоме ки кофирон аз азоб метарсанд) тарсе бувад ва на эшон андӯҳгин шаванд, (балки касоне андӯҳгин гарданд, ки умри худро беҳуда гузаронда ва савобе ба даст наовардаанд).
2:62 -
وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَكُمْ وَرَفَعْنَا فَوْقَكُمُ الطُّورَ خُذُوا مَا آتَيْنَاكُمْ بِقُوَّةٍ وَاذْكُرُوا مَا فِيهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
Ва (ёд кунед) чун (дар бораи якто парастидани Аллоҳ ва пайравии пайғамбарони ӯ ва кор бастани аҳкоми Таврот) аз шумо паймон гирифтем ва (ба сабаби напазируфтани аҳкоми Таврот, кӯҳи) Турро (аз бех баркандем ва онро монанди сояе) бар фарози шумо бардоштем (ва шуморо гуфтем): «Ончиро мо ба шумо додем ба устуворӣ (ба фармонбарӣ ва шикебоӣ ва ҷиддият) биситонед ва ончиро дар он (китоби Таврот) аст, ёд кунед (ва онро бихонед ва биомӯзед ва бо он амал намоед), то бошад порсо шавед (ва дар гетиву охират аз маъсиятҳову азоб дар амон монед). `
2:63 -
ثُمَّ تَوَلَّيْتُمْ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ ۖ فَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ لَكُنْتُمْ مِنَ الْخَاسِرِينَ
Боз пас аз (гирифтани) ин (паймони бузург, аз тоат) рӯ гардонидед (ва он паймонро бишикастед), пас агар (тавбапазирӣ ва) бахшоиши Аллоҳ ва меҳрубонии ӯ (дар гузашт намудан аз хатоҳо ва фиристодани пайғамбарҳо) бар шумо намебуд, бегумон аз зиёнкорони (ҳарду ҷаҳон) мешудед (ва ба сахттарин азоб гирифтор мегаштед).
2:64 -
وَلَقَدْ عَلِمْتُمُ الَّذِينَ اعْتَدَوْا مِنْكُمْ فِي السَّبْتِ فَقُلْنَا لَهُمْ كُونُوا قِرَدَةً خَاسِئِينَ
[Аллоҳ бар бани Исроил ҳаром намудааст, ки дар рӯзи шанбе шикор намоянд, вале ҷуҳудони шаҳри Айка, ки дар назди баҳр мезистанд бо «зиракие» ки хосси ҷуҳудон аст хостанд, Аллоҳро бифиребанд. Рӯзи шанбе моҳӣ дар баҳр фаровон мегашт ва рӯзҳои дигар камтар ва ин озмоише аз ҷониби Аллоҳ буд. Ҷуҳудон рӯзи ҷумъа нашпил ва шасту домҳои моҳигирии худро ба дарё андохта, рӯзи шанбе меосуданд ва сипас рӯзи якшанбе домҳои хешро ҷамъ мекарданд, онгоҳ Аллоҳ эшонро ба сабаби ин гуноҳ бӯзина[[Бӯзина – маймун.]] гардонид]. Ва ба дурустӣ он касонеро донистед, ки аз миёни шумо дар (рӯзи) шанбе (аз ҳудуди Аллоҳ) даргузаштанд (ва моҳӣ шикор намуданд) пас ба эшон (хашм гирифтем ва) гуфтем: «Бӯзинагони хоргашта шавед!» (пас эшон бӯзина шуданд ва баъд аз се рӯз ҳалок гаштанд, зеро ҳар киро Аллоҳ масх гардонад, аз се рӯз бештар назияд).
2:65 -
فَجَعَلْنَاهَا نَكَالًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهَا وَمَا خَلْفَهَا وَمَوْعِظَةً لِلْمُتَّقِينَ
Пас он деҳаро барои ҳамзамонон ва пасиниён ибрате (ва андарзе) ва барои парҳезгорон панде гардонидем (то дигар ба маъсияте наздик нашаванд).
2:66 -
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تَذْبَحُوا بَقَرَةً ۖ قَالُوا أَتَتَّخِذُنَا هُزُوًا ۖ قَالَ أَعُوذُ بِاللَّهِ أَنْ أَكُونَ مِنَ الْجَاهِلِينَ
Ва (ёд кунед) чун (як нафарро аз бани Исроил куштанд ва барои донистани кушандаи ӯ аз Мусо пурсиданд, ки Парвардигоратро бипурс, ки ӯро кӣ кушта, пас) Мусо ба қавми худ гуфт: «Ҳароина, Аллоҳ шуморо мефармояд, ки ягон говеро бикушед». Гуфтанд: «Оё моро масхара мекунӣ?» (Мо туро аз кушанда мепурсему ту моро ба куштани гове амр мекунӣ). (Мусо) гуфт: «Ба Аллоҳ паноҳ мегирам аз он ки аз нодонон бошам (ва бар шумо истеҳзо кунаму суханеро бигӯям, ки аз он суде набошад)».
2:67 -
قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا هِيَ ۚ قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَا فَارِضٌ وَلَا بِكْرٌ عَوَانٌ بَيْنَ ذَٰلِكَ ۖ فَافْعَلُوا مَا تُؤْمَرُونَ
(Ва ба ҷои онки шитобон фармони Аллоҳро ба ҷой оваранд,) гуфтанд: «Парвардигоратро бихоҳ, барои мо равшан гардонад, ки (сифати) он гов чист? (Мусо) гуфт: «Ҳароина, ӯ (, яъне Аллоҳ) мегӯяд: «Он говест, на пир ва на ҷавон, байни ин (ду) миёна аст.» Пас бикунед он чиро, ки фармуда шудед (ва якравию сахтравиро бигузоред).
2:68 -
قَالُوا ادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّنْ لَنَا مَا لَوْنُهَا ۚ قَالَ إِنَّهُ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ صَفْرَاءُ فَاقِعٌ لَوْنُهَا تَسُرُّ النَّاظِرِينَ
Гуфтанд: «Парвардигоратро бихоҳ то барои мо равшан созад, ки ранги он (гов) чист?» (Мусо) гуфт: «Ҳароина, ӯ (, яъне Аллоҳ) мегӯяд, ки вай говест, ки рангаш сахт зард аст, ки он (аз хушрангӣ ва зебогӣ) бинандагонро шод мегардонад.
2:69
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)