Мусҳаф, саҳифа 9

  1. وَإِذْ قُلْنَا ادْخُلُوا هَٰذِهِ الْقَرْيَةَ فَكُلُوا مِنْهَا حَيْثُ شِئْتُمْ رَغَدًا وَادْخُلُوا الْبَابَ سُجَّدًا وَقُولُوا حِطَّةٌ نَغْفِرْ لَكُمْ خَطَايَاكُمْ ۚ وَسَنَزِيدُ الْمُحْسِنِينَ

    Ва (ёд кунед, ки пас аз раҳгумӣ) чун (бо сарварии Йушаъ писари Нун, пас аз чиҳил соли раҳгумӣ дар дашту биёбон, бар амолиқа пирӯз гаштед ва кишвари Қудсро кушудед, шуморо) гуфтем, ки ба ин деҳа (ба Байтулмақдис) бидароед ва онҷо ҳар гуна, ки хоҳед гуворо (ва ба фузунию фаррохӣ) бихӯред ва аз дарвозаи он (баҳри шукри неъматҳои Аллоҳ) саҷдакунон (ё қоматхамида) бидароед ва бигӯед: «(Гуноҳҳои моро) фурӯ гузор», то мо гуноҳҳои шуморо биёмурзем ва мо (савоби) некӯкоронро (бо тоат) хоҳем афзуд.

    2:58
  2. فَبَدَّلَ الَّذِينَ ظَلَمُوا قَوْلًا غَيْرَ الَّذِي قِيلَ لَهُمْ فَأَنْزَلْنَا عَلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا رِجْزًا مِنَ السَّمَاءِ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ

    Пас ононки ситам варзиданд, суханеро ҷуз ончӣ ба эшон гуфта шуд табдил карданд (ва ба ҷои онки рукӯъ намуда гӯянд: «Ҳитта», яъне гуноҳҳои моро фурӯ неҳ ва моро биёмурз, бо истеҳзо бар дунбаҳои худ хазида мегуфтанд: «Ҳинта», яъне гандум). Пас бар онон ки ситам варзиданд ба сабаби он ки бадкорӣ мекарданд (ва аз тоати Аллоҳ берун мегаштанд,) аз осмон азобе фурӯ овардем (ва эшонро ба тоун гирифтор намудем).

    2:59
  3. وَإِذِ اسْتَسْقَىٰ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ فَقُلْنَا اضْرِبْ بِعَصَاكَ الْحَجَرَ ۖ فَانْفَجَرَتْ مِنْهُ اثْنَتَا عَشْرَةَ عَيْنًا ۖ قَدْ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٍ مَشْرَبَهُمْ ۖ كُلُوا وَاشْرَبُوا مِنْ رِزْقِ اللَّهِ وَلَا تَعْثَوْا فِي الْأَرْضِ مُفْسِدِينَ

    Ва (ёд кунед) чун Мусо барои қавми (ташналаби) худ (аз Аллоҳ) об хост, пас гуфтем: «Ба чӯбдасти хеш санг (-и чилбури чаҳоргӯшае) ро (ки ҳамроҳи худ мебурданд) бизан, онгаҳ аз он (санг ба адади қабилаҳои банӣ Исроил) дувоздаҳ чашма равон шуд. Ба дурустӣ ҳар қавме (аз эшон) обишхӯри худро донистанд. Аз рӯзии Аллоҳ (ки шуморо бе ҳеҷ ранҷу заҳмате рӯзӣ дода аст) бихӯред ва биёшомед ва дар замин табоҳикунон бадкорӣ маварзед!

    2:60
  4. وَإِذْ قُلْتُمْ يَا مُوسَىٰ لَنْ نَصْبِرَ عَلَىٰ طَعَامٍ وَاحِدٍ فَادْعُ لَنَا رَبَّكَ يُخْرِجْ لَنَا مِمَّا تُنْبِتُ الْأَرْضُ مِنْ بَقْلِهَا وَقِثَّائِهَا وَفُومِهَا وَعَدَسِهَا وَبَصَلِهَا ۖ قَالَ أَتَسْتَبْدِلُونَ الَّذِي هُوَ أَدْنَىٰ بِالَّذِي هُوَ خَيْرٌ ۚ اهْبِطُوا مِصْرًا فَإِنَّ لَكُمْ مَا سَأَلْتُمْ ۗ وَضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ الذِّلَّةُ وَالْمَسْكَنَةُ وَبَاءُوا بِغَضَبٍ مِنَ اللَّهِ ۗ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَانُوا يَكْفُرُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ وَيَقْتُلُونَ النَّبِيِّينَ بِغَيْرِ الْحَقِّ ۗ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَوْا وَكَانُوا يَعْتَدُونَ

    Ва (ёд кунед) чун (фарзандони Исроил) гуфтанд: «Эй Мусо ҳаргиз бар як хӯриш (бо тарангабин ва мурғи бедона) шикебоӣ накунем, пас барои мо, аз Парвардигорат дархост намо, то баҳри мо (чизе) берун оварад, аз ончӣ замин аз тарраи он ва бодиринги он ва гандуми (нахуд) он ва нараски[[Нараск, яъне адас.]] он ва пиёзи он мерӯёнад. (Мусо) гуфт: «Оё он чиро, ки аз вай фурӯмоятар аст ба ончи аз вай беҳтар аст, бадал мекунед? (Ва ончӣ шумо мехоҳед, ба ҳар кишваре пайдо мешавад, аммо тарангбин ва мурғи бедона ки Аллоҳ онро бар шумо арзонӣ дошта аст аз беҳтарин хӯришҳост. Чун сухани Мусоро напазируфтанд ва якравӣ намуданд, Аллоҳ эшонро фармуд:) Ба шаҳре (аз шаҳрҳо) фуруд оед, пас ҳароина, (дар он шаҳр) ончӣ (аз тара ва гиёҳу растаниҳо) дархостед, шуморо бошад. Ва эшонро хорӣ (-и ҷизядиҳӣ) ва бенавоӣ фаро гирифт, (зеро неъматҳои Аллоҳ ва фармудаҳои ӯро қадр накарданд) ва ба хашме аз Аллоҳ гирифтор шуданд (бозгаштанд). Ин бад-он сабаб аст, ки эшон ба оятҳои Аллоҳ куфр меварзиданд ва пайғамбаронро (чун Закариё ва Яҳё) баноҳақ (-у ба бедод) мекуштанд. Ин бад-он сабаб аст, ки гуноҳ карданд ва (аз марзҳои Аллоҳ) дармегузаштанд.

    2:61

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)