Мусҳаф, саҳифа 8
-
وَإِذْ نَجَّيْنَاكُمْ مِنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ يُذَبِّحُونَ أَبْنَاءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءَكُمْ ۚ وَفِي ذَٰلِكُمْ بَلَاءٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَظِيمٌ
Ва (ёд кунед) чун (ниёгони) шуморо аз фиръавниён раҳонидем, ки ба шумо зишттарин (ва сахттарин) азобро мечашониданд ва фарзандони (навзоди наринаи) шуморо мекуштанд ва духтарони шуморо (барои канизӣ ва корҳои вазнин) зинда мегузоштанд[[Фиръавн дар хоб мебинад, ки оташе аз Байтулмақдис берун шуд ва ба хонаи қибтиён даромад, магар хонаҳои Исроилиён. Ва ин хобро чунин гузориш карданд, ки заволи подшоҳиат ба дасти марде аз фарзандони Исроил хоқад буд, ки ҳанӯз ба дунё наёмада аст. Аз ин рӯ, Фиръавн фармон дод, ки ҳар кӯдаки навзоди наринае, ки дар банӣ Исроил ба ҷаҳон меояд кушта шавад ва духтарони эшонро зинда бигузоранд. «Фиръавн» лақаби подшоҳони кофири Миср аст, ки аз амолиқа ба тахт менишастанд, чунончӣ «Қайсар» лақаби шоҳони Руму Шом, «Хусрав» лақаби подшоҳи Форс, «Туббаъ» лақаби шоҳони Яман, «Наҷҷошӣ» лақаби шоҳони Ҳабашистон, «Батлимус» лақаби шоҳони Ҳинд ва «Фағфур» лақаби шоҳони Чин аст. Баъзе муфассирон гуфтаанд, ки номи Фиръавн Валид ибни Мусъаб ибни Райён ва кунийяташ Абумарра буда, аслаш аз Истахри Форс (Эрони ҳозира) буда аст, аммо ба пиндорам чандон асоси илмӣ надорад.]]. Ва дар ин (кор бароятон) аз парвардигори шумо озмоише бузург буд.
2:49 -
وَإِذْ فَرَقْنَا بِكُمُ الْبَحْرَ فَأَنْجَيْنَاكُمْ وَأَغْرَقْنَا آلَ فِرْعَوْنَ وَأَنْتُمْ تَنْظُرُونَ
Ва (ёд кунед) чун барои (ниёгони) шумо дарё(-и Сурх)-ро бишикофтем, пас шуморо (аз ғарқ гаштан) раҳонидем ва фиръавниёнро ғарқ сохтем ва шумо (ин корро бо чашмони хеш) медидед. [Чун Мусо бо банӣ Исроил аз Миср пинҳонӣ берун рафтанд, Фиръавн бо лашкариёнаш эшонро думболагирӣ намуд. Ҳангоме ки Мусо бо қавмаш ба баҳри Сурх расиданд Мусо чӯбдасташро ба баҳр зад ва баҳр шикофта гашт ва аз ҳар ҷонибе об монанди кӯҳпораи бузург ҷудо шуд. Фиръавн бо шашсад ҳазор лашкариёнаш аз паси банӣ Исроил ба баҳр даромад ва гоҳе ки ҳамаи эшон ба баҳр ворид шуданд, баҳр бо фармони илоҳӣ эшонро якояк фаро гирифту ғарқашон намуд.]
2:50 -
وَإِذْ وَاعَدْنَا مُوسَىٰ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً ثُمَّ اتَّخَذْتُمُ الْعِجْلَ مِنْ بَعْدِهِ وَأَنْتُمْ ظَالِمُونَ
Ва (ёд кунед,) чун бо Мусо чиҳил шабро[[Гӯянд, ки ин чиҳил рӯз, моҳи зулқаъда бо пуррагӣ ва даҳ шаб аз зулҳиҷҷа буда аст.]] миъод муқаррар кардем (ва паймон намудем), шумо пас аз (рафтани) ӯ (он) гӯсоларо (ки Сомирӣ аз зевари занон сохта буд, маъбуд) гирифтед (ва гӯсоларо парастидед) ва шумо (бар ҷонҳои хеш) ситамгор будед.
2:51 -
ثُمَّ عَفَوْنَا عَنْكُمْ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Боз пас аз ин (гӯсолапарастӣ) аз шумо гузашт кардем то бошад (неъматҳои маро) сипосдорӣ кунед (ва фармонбардору мутеъ шавед).
2:52 -
وَإِذْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ وَالْفُرْقَانَ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ
Ва (ёд кунед) чун ба Мусо китоб (-и Тавротро) ва (шариати) ҷудокунандаро додем (, ки миёни ҳарому ҳалол ва ботилу ҳақ ҷудоӣ андозад) то бошад, ки роҳ(-и рост)-ро ёбед.
2:53 -
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ يَا قَوْمِ إِنَّكُمْ ظَلَمْتُمْ أَنْفُسَكُمْ بِاتِّخَاذِكُمُ الْعِجْلَ فَتُوبُوا إِلَىٰ بَارِئِكُمْ فَاقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ عِنْدَ بَارِئِكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ ۚ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
Ва (ёд кунед,) чун Мусо (аз миъоди худ баргашт ва қавмашро гӯсолапараст ёфт,) қавми худро (ба касоне ки гӯсола парастида буданд) гуфт: «Эй қавми ман, Ҳароина, шумо ба сабаби гӯсоларо (маъбуд) гирифтан хештанро ситам кардед , пас ба сӯи Пайдогари хеш (ки шуморо пайдо кардааст бо тавба) боз оед, онгаҳ хештанро бикушед[[Аллоҳи ҷаҳонофарин фармуд: Тавбаи эшон ин аст, ки ҳар кадоме аз эшон ҳар киро ёбад, хоҳ падараш бошад ва ё писараш ӯро бо шамшер бикушад ва парво макунад, ки чи касеро кушта ва Парвардигор гуноҳи кушанда ва кушташудагони эшонро биомурзид ва тавбаи эшонро пазируфт.]] (то бегуноҳи шумо гунаҳгорро теғ занад). Ин кор (якдигаркушӣ ва ризогии шумо ба ҳукми ӯ) назди Пайдогаратон барои шумо беҳтар аст. Пас Аллоҳ (пеш аз тавбаатон) шуморо пӯзиш намуд. Ҳароина, ӯ бисёр пӯзишпазирандаи менрубон аст.
2:54 -
وَإِذْ قُلْتُمْ يَا مُوسَىٰ لَنْ نُؤْمِنَ لَكَ حَتَّىٰ نَرَى اللَّهَ جَهْرَةً فَأَخَذَتْكُمُ الصَّاعِقَةُ وَأَنْتُمْ تَنْظُرُونَ
Ва (ёд кунед) чун (бо густохии тамом) гуфтед: «Эй Мусо ҳаргиз туро бовар надорем то инки Язддонро (бо чашмҳои хеш) ошкоро бибинем, пас шуморо озарахш[[Озарахш-барқ, соъиқа.]] гирифт ва шумо медидед (ки Аллоҳ шуморо чӣ гуна як ба як ҳалок месохт).
2:55 -
ثُمَّ بَعَثْنَاكُمْ مِنْ بَعْدِ مَوْتِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Боз пас аз маргатон шуморо (зинда) барангехтем то бошад (ин неъмати моро) сипосдорӣ кунед. [Чун қавми Мусо гӯсоларо парастиданд, Мусо аз миёни эшон ҳафтод нафарро аз касоне баргузид, ки гӯсола напарастида буданд ва эшонро ба куҳи Тур овард то аз Аллоҳ барои бародарони гунаҳгори хеш омурзиш ва эътизор хоҳанд. Вақте ба Тур расиданд Мусоро гуфтанд: «Аз Парвардигорат бихоҳ то суханашро бишнавем ва сухани Парвардигорро шуниданд. Мусо гуфташон ки Парвардигор мефармояд ки тавбаи қавм дар якдигаркушии эшон аст, эшон гуфтанд ки ба суханони ту боварӣ надорем ва туро дар ин кор пайравӣ накунем то инки Аллоҳро ошкоро бибинем, пас Аллоҳ бар эшон хашм овард ва эшонро бо соъиқае ҳалок намуд ва як ба як бимурданд то яке марги дигареро медид. Сипас Аллоҳ эшонро пас аз як шабонарӯз бо дуои Мусо зинда гардонид то ин неъматро шукр гузоранд ва ғайр аз ӯ касеро напарастанд].
2:56 -
وَظَلَّلْنَا عَلَيْكُمُ الْغَمَامَ وَأَنْزَلْنَا عَلَيْكُمُ الْمَنَّ وَالسَّلْوَىٰ ۖ كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ ۖ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ
[Гоҳе ки банӣ Исроил ба Байтулмақдис наздик гаштанд, Аллоҳ фармудашон, бо қавми амолиқа, ки Байтулмақдис зери ҳукми эшон буд, биҷангед. Аммо эшон гуфтанд, ки эй Мусо, ту ва Парвардигорат бираведу биҷангед, мо ҳаминҷо менишинем. Аллоҳ ба сабаби ин саркашӣ эшонро дар биёбон чиҳил сол раҳгум андохт.] Ва (ҳангоми чиҳил соли раҳгумӣ дар биёбони Сино) бар фарози шумо сафедабр (-и тунук)-ро (аз гармои офтоб) соябон сохтем ва бар шумо тарангбин ва мурғи бедонаро фуруд овардем. Аз покизаҳое ки шуморо рӯзӣ додаем бихуред! Ва эшон (бо саркашӣ намудани фармудаҳои илоҳӣ) моро ситам накарданд ва лекин хештанро ситам мекарданд, (ки чиҳил сол дар биёбон раҳгум монданд).
2:57
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)