Мусҳаф, саҳифа 7
-
قُلْنَا اهْبِطُوا مِنْهَا جَمِيعًا ۖ فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ مِنِّي هُدًى فَمَنْ تَبِعَ هُدَايَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Фармудем: «Ҳамагӣ шумо аз онҷо (аз биҳишт ба замин) фуруд оед, пас ҳар гоҳ ба сӯи шумо раҳнамуние аз ҷониби ман (бо шариат ва китоб ва фиристодае) биояд (онро бипазиред ва пайравӣ кунед), пас ҳар кӣ раҳнамунии маро пайравӣ кунад (ва ба фиристодаи ман имон оварад ва шариати маро бе мухолафату сарпечӣ пайравӣ намояд), пас (дар охират) эшонро на тарсе бошад ва на (дар ҷаҳон) эшон андӯҳ хӯранд.
2:38 -
وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
Ва касоне ки (ба фиристодагони мо ва китобҳои мо ва шариати мо) куфр варзиданд ва нишонаҳои моро дурӯғ доштанд, эшон бошандагони дӯзаханд, эшон дар онҷо ҷовидонанд (ки аз он гурезгоҳе наёбанд ва на зинда мемонанд, ки осоиш ёбанд ва на мемиранд то аз азоб бираҳанд).
2:39 -
يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ اذْكُرُوا نِعْمَتِيَ الَّتِي أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَوْفُوا بِعَهْدِي أُوفِ بِعَهْدِكُمْ وَإِيَّايَ فَارْهَبُونِ
Эй фарзандони Исроил[[Исроил лақаби пайғамбари Аллоҳ - Яъқуб (дуруд бар ӯ бод) буда, ки он маънои бандаи Аллоҳро дорад ва ҷуҳудон фарзандони ӯянд, ки дувоздаҳ қабиларо созмон медиҳанд ва ҳама аз тухмаи дувоздаҳ фарзанди ӯянд монанди Юсуф ва Бинёмин ва ғайра.]] он неъматҳои маро (монади наҷоти шумо аз бандагии Фиръавн ва ҳалоки ӯ ва лашкариёнаш ва фуруд овардани тарангубин ва бедона ва барангехтани пайғамбарон ва фиристодагон аз миёни шумо) ёд кунед, ки бар шумо арзонӣ доштам (то сипоси ин неъматҳоро ба ҷой оваред) ва ба паймони[[Паймони бани Исроил ин аст, ки намозро ба по доранд ва закотро бипардозанд ва ба ҳама фиристодагани Аллоҳ имон оваранд ва эшонро тақвият ва ёрмандӣ кунанд ва Аллоҳро воми некӯ бидиҳанд ва агар эшон ин корҳоро ба ҷой оранд, Аллоҳ зиштиҳои эшонро бипӯшонад ва ба биҳишташон дарорад.]] ман (дар пайравиӣ кардани пайғамбари ман Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва дини Ислом) вафо кунед, то ба паймони шумо вафо кунам (ва аз шумо хушнуд шавам ва шуморо дар гетӣ гиромӣ дорам ва сипас ба биҳиштатон дарорам) ва (дар шикастани ин паймон) танҳо аз ман битарсед.
2:40 -
وَآمِنُوا بِمَا أَنْزَلْتُ مُصَدِّقًا لِمَا مَعَكُمْ وَلَا تَكُونُوا أَوَّلَ كَافِرٍ بِهِ ۖ وَلَا تَشْتَرُوا بِآيَاتِي ثَمَنًا قَلِيلًا وَإِيَّايَ فَاتَّقُونِ
Ва (эй аҳли китоб,) ба ончӣ (аз Қуръон бар Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) фуруд овардаем имон оваред, ки он (Қуръон) ба ончӣ (аз Тавроту Инҷил) назди шумост бовардоранда аст (ва ба яктогии Аллоҳ ва пайғамбарии Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тасдиқкунанда аст, зеро аҳли китоб сифатҳои Муҳаммадро дар Таврот ва Инҷил дармеёбанд) ва шумо нахустин кофир (ва мункири) он (Қуръон) мабошед! Ва оятҳои маро ба баҳои андак (-и зиндагии ҷаҳони гузарон) мафурӯшед ва (дар пинҳон кардани ҳақиқат ва инкор намудани пайғамбарии Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) танҳо аз ман битарсед.
2:41 -
وَلَا تَلْبِسُوا الْحَقَّ بِالْبَاطِلِ وَتَكْتُمُوا الْحَقَّ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ
Ва (пайғоми) ростро (, ки аз ҷониби Аллоҳ ба шумо фуруд омада аст) бо (суханони) ноҳақ дарнаёмезед (ки онро аз худ бофтаед) ва (навиди) ростро (аз хусуси авсофи Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) пинҳон макунед ва шумо медонед (ки он ҳақ аст).
2:42 -
وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعِينَ
Ва намозро (ҳамроҳи пайғамбар) ба по доред ва закотро бипардозед (ва онро ба пайғамбар бисупоред) ва ҳамроҳи рукӯъкунандагон (дар ҷамоат) ба рукӯъ хам шавед (ва ҳамроҳи фармонбарандагон чун ёрони пайғамбар фармони Аллоҳ баред).
2:43 -
أَتَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنْسَوْنَ أَنْفُسَكُمْ وَأَنْتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Оё мардумонро ба некукорӣ (ва ба тоати Аллоҳ ва ба имон овардан ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) мефармоед ва хештанро фаромӯш мекунед (ва мегӯед, ки Муҳаммад фақат пайғамбари арабҳост) ва боз шумо китоб (-и Аллоҳ - Таврот) ро мехонед (ки дар он нишонаҳои Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ёд гаштаанд). Пас оё шумо намеандешед (ки ин ҳама кори хеле зишт аст).
2:44 -
وَاسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ ۚ وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلَّا عَلَى الْخَاشِعِينَ
(Дар роҳи хушнудии Аллоҳ) ба шикебоӣ ва намоз ёрӣ ҷӯед ва Ҳароина, намоз душвор (ва бузургу сангин) аст, магар бар фурутанӣкунандагон (, ки дилҳояшон бо тоати Аллоҳ ором мегирад).
2:45 -
الَّذِينَ يَظُنُّونَ أَنَّهُمْ مُلَاقُو رَبِّهِمْ وَأَنَّهُمْ إِلَيْهِ رَاجِعُونَ
Ононки яқин доранд (ва бегумон медонанд), ки эшон бо Парвардигорашон (рӯзи растохез) вомехӯранд (ва ӯ эшонро бо кирдорҳояшон подош ва ё кайфар мекунад) ва яқин доранд, ки эшон (рӯзи растохез) ба сӯи ӯ баргардагонанд.
2:46 -
يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ اذْكُرُوا نِعْمَتِيَ الَّتِي أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَنِّي فَضَّلْتُكُمْ عَلَى الْعَالَمِينَ
Эй фарзандони Исроил он неъмати маро (бо сипогузорӣ ва тоати Аллоҳ) ёд кунед, ки ман (ниёгони) шуморо бар ҳама ҷаҳониён бартарӣ додам (ва шуморо подшоҳӣ ва пайғамбарон ва китобҳои осмонӣ ва ҷумла неъматҳои динӣ ва дунявиро ато кардам).
2:47 -
وَاتَّقُوا يَوْمًا لَا تَجْزِي نَفْسٌ عَنْ نَفْسٍ شَيْئًا وَلَا يُقْبَلُ مِنْهَا شَفَاعَةٌ وَلَا يُؤْخَذُ مِنْهَا عَدْلٌ وَلَا هُمْ يُنْصَرُونَ
Аз он рӯзе битарсед, ки ҳеҷ кас (агарчӣ пайғамбар ва ё накӯкор бошад) аз касе ки (кофир аст) чизеро басандагӣ накунад ва аз ҳеҷ касе (ки куфр оварда) шафоат пазируфта нашавад ва аз ҳеҷ касе фидо гирифта нашавад ва на эшон ёрӣ дода шаванд (ва на касе аз хешу табору ёрон эшонро аз оташи дӯзах бираҳонад ва на худ ба наҷоти хеш тавоно бошад).
2:48
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)