Мусҳаф, саҳифа 6
-
وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ قَالُوا أَتَجْعَلُ فِيهَا مَنْ يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ الدِّمَاءَ وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ ۖ قَالَ إِنِّي أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُونَ
Ва (эй Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ёд кун) чун Парвардигори ту ба фариштагон гуфт, ки ман дар замин (баҳри иҷрои фармонҳои хеш) ҷойнишине гуморандаам (ва Одаму фарзандони фармонбардори ӯро ҷойнишини худ мегардонам то қарн ба қарне ва нажод ба нажоде якдигарро ҷойнишинӣ кунанд). Гуфтанд: «Оё касеро (меофаринӣ ва) дар замин (ҷойнишин) мегуморӣ, ки (аз фарзандонаш касе ба дунё ояд, ки) дар он (монанди ҷинниён ки пеш аз эшон мезистанд бо куфру маъсиятҳо) табоҳӣ кунад ва (ба ноҳаққу ситам) хуни (мардумонро) бирезад ва (агар мурод аз офаридани одамизодагон парастии ту бошад) мо ба сипоси ту туро ба покӣ ёд мекунем ва туро ба покизагӣ ситоиш менамоем (ва агар моро дар замин ҷойнишини худ қарор диҳӣ, ҳаргиз туро нофармонӣ накунем)». (Аллоҳ) гуфт: «Ҳароина, ман (аз ҳикматҳову суду манфиатҳои бандагони худ) ончиро медонам, ки шумо намедонед».
2:30 -
وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلَائِكَةِ فَقَالَ أَنْبِئُونِي بِأَسْمَاءِ هَٰؤُلَاءِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
Ва Аллоҳ ҳама номҳо(-и офаридагон ва чизҳо)-ро (чун шутур, гӯсфанд, зоғ монанди об ва растанӣ ва ҷондорону одамиёнро) ба (падари одамиён-) Одам биёмӯхт, сипас он чизҳоро бар фариштагон пеш овард, онгоҳ (Аллоҳ) гуфт: «Маро аз номҳо (-и ин офаридагон) огоҳ созед, агар шумо (дар даъвои худ) ростгӯ ҳастед (ва мехоҳед, ки дар замин ҷойнишин бошед)».
2:31 -
قَالُوا سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَا إِلَّا مَا عَلَّمْتَنَا ۖ إِنَّكَ أَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ
(Чун фариштагон номҳои офаридагонро надонистанд, бо камоли аҷз) гуфтанд: «(Парвардигоро,) Ту (аз ҳама нуқсу костагиҳо) пок астӣ, моро донише нест, магар ончи ту ба мо омӯхтӣ. Ҳароина, бисёр донои[[Аллоҳ донишро аз касе наёмӯхта ва таълим нагирифтааст, балки дониши ӯ азалист.]] донишманд туӣ (, ки чизе аз ту пӯшида намонад).
2:32 -
قَالَ يَا آدَمُ أَنْبِئْهُمْ بِأَسْمَائِهِمْ ۖ فَلَمَّا أَنْبَأَهُمْ بِأَسْمَائِهِمْ قَالَ أَلَمْ أَقُلْ لَكُمْ إِنِّي أَعْلَمُ غَيْبَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَأَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا كُنْتُمْ تَكْتُمُونَ
(Онгоҳ Аллоҳ) гуфт: «Эй Одам, эшонро (, яъне фариштагонро) аз номҳои онҳо (аз номҳои офаридагон) огоҳ соз»! Чун Одам эшонро (фариштагонро) аз номҳои онҳо (аз номҳои офаридагон як ба як) огоҳ сохт (ва ҳар офаридаро бо номаш ёд кард ва ҳикматашро низ баён намуд, чунончи гуфт: «Ту Ҷибрил астӣ ва ту Исрофил ва ту Микоил то ин ки калоғро низ ном бурд»). (Аллоҳ) гуфт: «(Эй фариштагон!) Оё шуморо нагуфта будам, ки Ҳароина, ман пинҳони осмонҳову заминро медонам ва ончиро медонам, ки шумо (бо забонҳоятон) ошкор мекунед (чун гуфтед, ки касеро меофаринӣ, ки дар замин табоҳӣ кунад) ва ончиро медонам, ки шумо (онро дар дилҳоятон) пӯшида медоштед[[Чун Аллоҳ Одамро офарид фариштагон ба худ гуфтанд, ки ҳарчӣ Аллоҳ биёфарад мо аз ӯ гиромитар ва донотару беҳтар хоҳем буд ва Иблис дар дил кибру ғурур дошт, ки онро ғайр аз Аллоҳ касе намедонист.]] (, пас чӣ гуна даъвои ҷонишинӣ мекунед, ҳол он ки номҳои офаридагонро намедонед).
2:33 -
وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ أَبَىٰ وَاسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ
Ва (эй пайғамбар, ёд кун,) чун (Одамро аз гил бо дастони хеш офаридем ва дурустандомаш кардем ва равонро дар колбади ӯ дамидем ва) ба фариштагон фармудем, ки Одамро саҷда (-и такрим ва бузургдошт) кунед, пас (ҳамагон Одамро) саҷда карданд[[Саҷдаи фариштагон назди Одам саҷдаи такрим аст, на саҷда барои парастиши ӯ ва ин саҷда дар шариати умматҳои пешина вуҷуд дошта аст, аммо дар шариати Ислом насх ва бекор гаштааст.]], магар Иблис[[Иблис аз навъи ҷин аст ва ҳаргиз фаришта набуда аст.]] (ки аз ҳасад ва такаббур пеши Одам саҷда карданро) напазируфт ва (аз фармони Аллоҳ) саркашӣ намуд (ва гуфт, ки ман аз ӯ беҳтар ва тавонотар ва бузургсолтарам, чун маро аз оташ ва ӯро аз гил офаридӣ) ва (бо ин кораш) аз кофирон (ва аз рондагони дарбори илоҳӣ ва аз хоршудагон) гашт.
2:34 -
وَقُلْنَا يَا آدَمُ اسْكُنْ أَنْتَ وَزَوْجُكَ الْجَنَّةَ وَكُلَا مِنْهَا رَغَدًا حَيْثُ شِئْتُمَا وَلَا تَقْرَبَا هَٰذِهِ الشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ الظَّالِمِينَ
Ва (чун барои оромиши Одам аз устухони паҳлуи чапи ӯ Ҳавворо офаридем) гуфтем: «Эй Одам, ту ва ҷуфти ту (Ҳавво) дар биҳишт ҷойгузин шавед ва ҳар куҷо (ҳарчӣ) хоҳед (аз меваҳои он) бо фарохӣ (гуворо) бихӯред ва ба ин дарахт наздик машавед, ки аз ситамкорон (-и ҷонҳои хеш) хоҳед буд.
2:35 -
فَأَزَلَّهُمَا الشَّيْطَانُ عَنْهَا فَأَخْرَجَهُمَا مِمَّا كَانَا فِيهِ ۖ وَقُلْنَا اهْبِطُوا بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ ۖ وَلَكُمْ فِي الْأَرْضِ مُسْتَقَرٌّ وَمَتَاعٌ إِلَىٰ حِينٍ
Пас Шайтон ҳардуро аз онҷо билахшонид (ва дур кард ва эшонро бифирефт ва ба хӯрдани меваи он дарахт водорашон кард, ки агар аз ин дарахт бихӯред, ҷовидон хоҳед зист. Чун аз меваҳои он дарахт бихӯрданд, бараҳна гаштанд ва шармгоҳҳояшон ошкор гашт), пас эшонро аз ончӣ дар он буданд (аз биҳишт ва неъматҳои он ва аз осоиш ва рӯзии фаровон ва пӯшишу нишемангоҳ) берун овард. Ва гуфтем: (эй Одам ва Ҳавво ва Иблис аз биҳишт ба замин) фуруд оед, то бархе аз шумо душмани бархе бошад (ва шайтонро душмани худ бигиред, ки ӯ душмани шумост) ва шуморо (то муддате ки маргатон фаро расад) дар замин оромгоҳ ва баҳрамандӣ бошад.
2:36 -
فَتَلَقَّىٰ آدَمُ مِنْ رَبِّهِ كَلِمَاتٍ فَتَابَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
Пас Одам аз Парвардигораш (барои омурзиш хостану пӯзиши худ) сухане чанд фаро гирифт (ки онҳоро Парвардигораш дар дили эшон андохт ва онҳоро ба эшон омӯхт, онгоҳ Одам ва Ҳавво гуфтанд: «Парвардигоро, бар ҷонҳои хеш ситам варзидем ва агар ту моро наёмурзӣ ва моро набахшӣ бегумон аз зиёнкорон хоҳем буд»), пас Аллоҳ ӯро пӯзиш намуд. Ҳароина, ӯ пӯзишпазири меҳрубон аст (, ки пӯзиши бандаеро мепазирад, ки ба сӯи ӯ рӯй оварда аз карда пушаймон гардад ва омурзиш хоҳад ва гуноҳро тарк намояд ва дигар сӯи он гуноҳ барнагардад).
2:37
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)