Мусҳаф, саҳифа 5

  1. وَبَشِّرِ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أَنَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۖ كُلَّمَا رُزِقُوا مِنْهَا مِنْ ثَمَرَةٍ رِزْقًا ۙ قَالُوا هَٰذَا الَّذِي رُزِقْنَا مِنْ قَبْلُ ۖ وَأُتُوا بِهِ مُتَشَابِهًا ۖ وَلَهُمْ فِيهَا أَزْوَاجٌ مُطَهَّرَةٌ ۖ وَهُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    Ва касонеро ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд мужда бидеҳ, ки эшонро бӯстонҳое бошад, ки зери (дарахтон ва кохҳои) онҳо ҷӯйҳо мераванд. Ҳар гоҳ эшонро аз онҷо (аз меваҳо) рӯзӣ бидиҳанд (чун меваҳоро бибинанд, номҳояшонро бидонанд, ки себу анор ва ангуру ғайра аст, онгаҳ) бигӯянд: «Ин ҳамон аст, ки пеш аз ин (дар ҷаҳон) ба мо (рӯзӣ) додаанд.» Ва ба эшон он рӯзӣ монанди якдигар оварда шавад (ки он меваҳо намуду рангашон монанд, вале маззаю таъми онҳо гуногун аст) ва эшонро дар онҷо (занон) ҷуфтҳои покиза бошад (, ки аз айбҳои занони гетӣ монанди ҳайзу нифос покизаанд) ва эшон дар онҷо ҷовидонаанд.

    2:25
  2. إِنَّ اللَّهَ لَا يَسْتَحْيِي أَنْ يَضْرِبَ مَثَلًا مَا بَعُوضَةً فَمَا فَوْقَهَا ۚ فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا فَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ ۖ وَأَمَّا الَّذِينَ كَفَرُوا فَيَقُولُونَ مَاذَا أَرَادَ اللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلًا ۘ يُضِلُّ بِهِ كَثِيرًا وَيَهْدِي بِهِ كَثِيرًا ۚ وَمَا يُضِلُّ بِهِ إِلَّا الْفَاسِقِينَ

    [Чун Аллоҳ бо ин ду оят: مَثَلُهُمْ كَمَثَلِ الَّذِي اسْتَوْقَدَ نَارًا... «Масалуҳум ка-масали-л-лази-ставқада норан» ва أَوْ كَصَيِّبٍ مِنَ السَّمَاءِ ... «Ав ка-саййибин мина-с-само'и» достон овард, мунофиқон гуфтанд, ки Аллоҳ бо ин достонҳо чӣ хоста аст? Пас Аллоҳ бар эшон посух дод:] Ҳароина, Аллоҳ шарм намекунад аз ин ки бо магасе ва аз он (бузургтару) болотар достон бизанад (ва ҳақиқатро хоҳ хурд бошад хоҳ бузург баён намояд), пас, аммо касоне ки имон овардаанд медонанд, ки ин достон аз ҷониби Парвардигорашон рост аст. Ва аммо касоне ки куфр варзиданд, пас (ба шигифт омада) мегӯянд, ки Аллоҳ бо ин достон чӣ хоста аст? Аллоҳ бо ин (достон мунофиқони) бисёреро (ба сабаби куфрашон) гумроҳ менамояд ва бо ин (достон муъминони) бисёреро (ба сабаби боварияшон) роҳ менамояд. Ва бо ин (достон) гумроҳ намекунад, магар бадкоронро (, ки аз фармонҳои ӯ сарпечӣ кардаанд).

    2:26
  3. الَّذِينَ يَنْقُضُونَ عَهْدَ اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مِيثَاقِهِ وَيَقْطَعُونَ مَا أَمَرَ اللَّهُ بِهِ أَنْ يُوصَلَ وَيُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ

    Ҳамон бадкоронро (гумроҳ мекунад), ки паймони Аллоҳро (ба имон овардан ба Аллоҳ ва фармонбардории пайғамбарон ва пайравии Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ки бо китобҳои осмонӣ ва бо забони пайғамбарон баста мешавад, пас аз бастани он) мешикананд ва он чиро мегусиланд, ки Аллоҳ пайвастани онро фармуда аст (монанди пайванди хешовандону наздикон) ва дар замин (бо куфру ошӯб андохтан ва маъсиятҳову бо боздоштани мардум аз имон) табоҳӣ мекунанд. (Он касоне ки бо ин сифатҳо ёд гаштанд,) зиёнкорон эшонанд (, ки гумроҳиро бо раҳнамунӣ ва азобро бо омурзиш харидорӣ карданд ва хештану хонадони худро бохтанд).

    2:27
  4. كَيْفَ تَكْفُرُونَ بِاللَّهِ وَكُنْتُمْ أَمْوَاتًا فَأَحْيَاكُمْ ۖ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يُحْيِيكُمْ ثُمَّ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

    (Шумо) ба Аллоҳ (- ба Офаридгори худ) чи гуна куфр меоваред ва ҳол онки (пеш аз ин дар пушти падарон ва раҳими модарон мурдаву) беҷон будед, пас шуморо зинда гардонид (-у ба ҷаҳон овард,) сипас шуморо (ҳангоми фарорасии марг) мемиронад, боз шуморо (аз гӯрҳо) зинда мегардонад, он гаҳ ба сӯи ӯ (барои шумори рӯзи растохез) гардонида мешавед.

    2:28
  5. هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُمْ مَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ اسْتَوَىٰ إِلَى السَّمَاءِ فَسَوَّاهُنَّ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ ۚ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

    Ӯ ҳамон аст, ки барои шумо ҳар чӣ дар замин аст ҳамаро якҷо офарид[[Дар ривояти Имом Муслим (4997) омада аст, ки Фиристодаи Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: خَلَقَ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ التُّرْبَةَ يَوْمَ السَّبْتِ وَخَلَقَ فِيهَا الْجِبَالَ يَوْمَ الْأَحَدِ وَخَلَقَ الشَّجَرَ يَوْمَ الِاثْنَيْنِ وَخَلَقَ الْمَكْرُوهَ يَوْمَ الثُّلَاثَاءِ وَخَلَقَ النُّورَ يَوْمَ الْأَرْبِعَاءِ وَبَثَّ فِيهَا الدَّوَابَّ يَوْمَ الْخَمِيسِ وَخَلَقَ آدَمَ عَلَيْهِ السَّلَام بَعْدَ الْعَصْرِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فِي آخِرِ الْخَلْقِ فِي آخِرِ سَاعَةٍ مِنْ سَاعَاتِ الْجُمُعَةِ فِيمَا بَيْنَ الْعَصْرِ إِلَى اللَّيْلِ. Аллоҳ азза ва ҷалла рӯзи шанбе хокро (яъне заминро) офарид ва рӯзи якшанбе дар он кӯҳҳоро офарид ва дарахтонро рӯзи душанбе офарид ва дарду бемориро рӯзи сешанбе офарид ва рӯшноиро рӯзи чоршанбе офарид ва рӯзи панҷшанбе ҷонваронро дар он барангехт ва Одамро (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъд аз намози асри рӯзи ҷумъа, дар вопасин соати соатҳои ҷумъа миёни аср то шаб офарид.]] боз ба сӯи осмон оҳанг кард (ва он дуде буд), пас онҳоро ҳафт осмон (болои ҳам) дуруст кард (-у барафрошт) ва ӯ ба ҳама чиз доност (, зеро дониши ӯ ҳама офаридагонашро фаро гирифта аст).

    2:29

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)