Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 29
-
هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُمْ مَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ اسْتَوَىٰ إِلَى السَّمَاءِ فَسَوَّاهُنَّ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ ۚ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
Ӯ ҳамон аст, ки барои шумо ҳар чӣ дар замин аст ҳамаро якҷо офарид[[Дар ривояти Имом Муслим (4997) омада аст, ки Фиристодаи Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: خَلَقَ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ التُّرْبَةَ يَوْمَ السَّبْتِ وَخَلَقَ فِيهَا الْجِبَالَ يَوْمَ الْأَحَدِ وَخَلَقَ الشَّجَرَ يَوْمَ الِاثْنَيْنِ وَخَلَقَ الْمَكْرُوهَ يَوْمَ الثُّلَاثَاءِ وَخَلَقَ النُّورَ يَوْمَ الْأَرْبِعَاءِ وَبَثَّ فِيهَا الدَّوَابَّ يَوْمَ الْخَمِيسِ وَخَلَقَ آدَمَ عَلَيْهِ السَّلَام بَعْدَ الْعَصْرِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فِي آخِرِ الْخَلْقِ فِي آخِرِ سَاعَةٍ مِنْ سَاعَاتِ الْجُمُعَةِ فِيمَا بَيْنَ الْعَصْرِ إِلَى اللَّيْلِ. Аллоҳ азза ва ҷалла рӯзи шанбе хокро (яъне заминро) офарид ва рӯзи якшанбе дар он кӯҳҳоро офарид ва дарахтонро рӯзи душанбе офарид ва дарду бемориро рӯзи сешанбе офарид ва рӯшноиро рӯзи чоршанбе офарид ва рӯзи панҷшанбе ҷонваронро дар он барангехт ва Одамро (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъд аз намози асри рӯзи ҷумъа, дар вопасин соати соатҳои ҷумъа миёни аср то шаб офарид.]] боз ба сӯи осмон оҳанг кард (ва он дуде буд), пас онҳоро ҳафт осмон (болои ҳам) дуруст кард (-у барафрошт) ва ӯ ба ҳама чиз доност (, зеро дониши ӯ ҳама офаридагонашро фаро гирифта аст).
2:29
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)