Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 26
-
إِنَّ اللَّهَ لَا يَسْتَحْيِي أَنْ يَضْرِبَ مَثَلًا مَا بَعُوضَةً فَمَا فَوْقَهَا ۚ فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا فَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ ۖ وَأَمَّا الَّذِينَ كَفَرُوا فَيَقُولُونَ مَاذَا أَرَادَ اللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلًا ۘ يُضِلُّ بِهِ كَثِيرًا وَيَهْدِي بِهِ كَثِيرًا ۚ وَمَا يُضِلُّ بِهِ إِلَّا الْفَاسِقِينَ
[Чун Аллоҳ бо ин ду оят: مَثَلُهُمْ كَمَثَلِ الَّذِي اسْتَوْقَدَ نَارًا... «Масалуҳум ка-масали-л-лази-ставқада норан» ва أَوْ كَصَيِّبٍ مِنَ السَّمَاءِ ... «Ав ка-саййибин мина-с-само'и» достон овард, мунофиқон гуфтанд, ки Аллоҳ бо ин достонҳо чӣ хоста аст? Пас Аллоҳ бар эшон посух дод:] Ҳароина, Аллоҳ шарм намекунад аз ин ки бо магасе ва аз он (бузургтару) болотар достон бизанад (ва ҳақиқатро хоҳ хурд бошад хоҳ бузург баён намояд), пас, аммо касоне ки имон овардаанд медонанд, ки ин достон аз ҷониби Парвардигорашон рост аст. Ва аммо касоне ки куфр варзиданд, пас (ба шигифт омада) мегӯянд, ки Аллоҳ бо ин достон чӣ хоста аст? Аллоҳ бо ин (достон мунофиқони) бисёреро (ба сабаби куфрашон) гумроҳ менамояд ва бо ин (достон муъминони) бисёреро (ба сабаби боварияшон) роҳ менамояд. Ва бо ин (достон) гумроҳ намекунад, магар бадкоронро (, ки аз фармонҳои ӯ сарпечӣ кардаанд).
2:26
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)