Мусҳаф, саҳифа 4

  1. مَثَلُهُمْ كَمَثَلِ الَّذِي اسْتَوْقَدَ نَارًا فَلَمَّا أَضَاءَتْ مَا حَوْلَهُ ذَهَبَ اللَّهُ بِنُورِهِمْ وَتَرَكَهُمْ فِي ظُلُمَاتٍ لَا يُبْصِرُونَ

    Достони эшон монанди достони касест, ки (дар торикии ширк буда, пас) оташ (-и имон) афрӯхт (-у имон овард), пас чун оташ пиромуни ӯро рӯшан кард, (чапу ростро бидид ва ҳарому ҳалолу неку бадро бишинохт ва баъд аз имон овардан куфр варзид,) Аллоҳ нури эшонро бибурд (ва назди эшон ахгару дудро раҳо кард то дигар ҳарому ҳалолу неку бадро надонанд) ва эшонро дар торикиҳо (-и шакку куфру нифоқ) бигзошт, ки ҳеҷ (роҳи некиву имонро) набинанд (-у раҳнамунӣ пайдо накунанд).

    2:17
  2. صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لَا يَرْجِعُونَ

    Эшон каранд (,ки некиро намешунаванду намепазиранд), гунганд (, ки ончиро бар суди эшон аст намегӯянд), кӯранд (, ки дар гумроҳӣ роҳи ростро намебинанд), пас эшон (ба сӯи тавба ва ислом дигар) бознамегарданд.

    2:18
  3. أَوْ كَصَيِّبٍ مِنَ السَّمَاءِ فِيهِ ظُلُمَاتٌ وَرَعْدٌ وَبَرْقٌ يَجْعَلُونَ أَصَابِعَهُمْ فِي آذَانِهِمْ مِنَ الصَّوَاعِقِ حَذَرَ الْمَوْتِ ۚ وَاللَّهُ مُحِيطٌ بِالْكَافِرِينَ

    Достони эшон монанди сахтборонест, ки аз (абри) осмон омада, дар он (борон) торикиҳо (-и шакку нифоқу куфр) ва тундар (-и тарсу бим) ва одурахш (-и имон) бошад (, ки гоҳ-гоҳе дар дилҳои мунофиқон шарора мезанад). Эшон аз сахтии (овози) тундар ва аз тарси марг, ангӯштони худро дар гӯшҳояшон дармеёранд. Ва (ҳар куҷо ки бошанд,) Аллоҳ кофиронро фарогиранда аст (ва эшон гурезгоҳе надоранд).

    2:19
  4. يَكَادُ الْبَرْقُ يَخْطَفُ أَبْصَارَهُمْ ۖ كُلَّمَا أَضَاءَ لَهُمْ مَشَوْا فِيهِ وَإِذَا أَظْلَمَ عَلَيْهِمْ قَامُوا ۚ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَذَهَبَ بِسَمْعِهِمْ وَأَبْصَارِهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    (Аз сабаби шиддати рӯшноӣ) наздик аст, ки одурахш чашмҳояшонро бирабояд (ва кӯрашон гардонад). Ҳар гоҳ одурахши (имон) эшонро равшанӣ диҳад, эшон дар он рӯшанӣ роҳ раванд (ва онро пайравӣ кунанд) ва чун (оташак назанад, ба сабаби шакку тирагии дилҳояшон) бар эшон торик шавад (ҳайрону сарсон дар куфри хеш) биистанд. Ва агар Аллоҳ хоҳад (ба сабаби онки ҳақро пас аз донистан тарк намуданд) шунавоӣ ва дидаҳои эшонро бибарад. (Эй мунофиқон, аз Аллоҳ битарсед,) ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност.

    2:20
  5. يَا أَيُّهَا النَّاسُ اعْبُدُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ وَالَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

    Эй касоне ки имон овардаед, он Парвардигоратонро (ба яктогӣ) бипарастед (ва неъматҳои бепоёни ӯро ёд кунед), ки ӯ шуморо ва касонеро (аз нестӣ) офарид, ки пеш аз шумо буданд (ва бар шумо неъматҳои фаровони ошкору ниҳонро арзонӣ дошт) то бошад порсо шавед.

    2:21
  6. الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ فِرَاشًا وَالسَّمَاءَ بِنَاءً وَأَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجَ بِهِ مِنَ الثَّمَرَاتِ رِزْقًا لَكُمْ ۖ فَلَا تَجْعَلُوا لِلَّهِ أَنْدَادًا وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    Ҳамон (Парвардигоратонро бипарастед) ки заминро барои шумо бисот густурда ва осмонро (гунбад) сохта ва аз (абрҳои) осмон об(-и гуворо)-ро фуруд овард, пас бо он об аз меваҳо (ва кишту гиёҳу рустаниҳо) барои шумо рӯзӣ берун овардааст, пас бо Аллоҳ (анбозу) ҳамтоён магиред ва шумо медонед (, ки ҷуз Аллоҳ офаридгор ва рӯзидиҳандае нест).

    2:22
  7. وَإِنْ كُنْتُمْ فِي رَيْبٍ مِمَّا نَزَّلْنَا عَلَىٰ عَبْدِنَا فَأْتُوا بِسُورَةٍ مِنْ مِثْلِهِ وَادْعُوا شُهَدَاءَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

    Ва агар шумо дар гумон ҳастед аз ончи (аз Қуръон) бар бандаи худ (Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) фуруд овардем, пас монанди он (Қуръон дар фасоҳату балоғат) як сурае биёваред ва гувоҳон(-у ёрон)-и хешро ба ҷуз Аллоҳ бихонед (то шуморо дар ин кор ёрӣ кунанд), агар ростгӯ ҳастед (, ки ин Қуръон бофта аст ва ё аз ҷониби Аллоҳ нест).

    2:23
  8. فَإِنْ لَمْ تَفْعَلُوا وَلَنْ تَفْعَلُوا فَاتَّقُوا النَّارَ الَّتِي وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ ۖ أُعِدَّتْ لِلْكَافِرِينَ

    Пас агар (монанди он сурае овардан натавонистед ва ин корро) накардед ва ҳаргиз натавонед кардан, пас (ҷони худро бо имон овардан ба ваҳйи илоҳӣ бираҳонед ва) аз оташе бипарҳезед, ки оташафрӯзи он мардумон ва сангҳо (-и бадбӯй ва гугирду бутҳо) бошанд, ки барои кофирон омода гашта аст.

    2:24

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)