Мусҳаф, саҳифа 3
-
إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا سَوَاءٌ عَلَيْهِمْ أَأَنْذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنْذِرْهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
Ҳароина, (мушрикон,) онон ки (ба Аллоҳ ва пайғамбарии Муҳаммад) куфр варзиданд бар эшон яксон аст, ки эшонро (аз азоби Аллоҳ) битарсонӣ ё натарсонӣ (эшон ба ҳеҷ ваҷҳ) имон намеоваранд.
2:6 -
خَتَمَ اللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ وَعَلَىٰ سَمْعِهِمْ ۖ وَعَلَىٰ أَبْصَارِهِمْ غِشَاوَةٌ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ
(Ба сабаби такаббур ва саркашиву нофармонӣ ва бисёрии гуноҳ) Аллоҳ бар дилҳои эшон ва бар шунавоии эшон (, яъне бар гӯшҳояшон) мӯҳр ниҳод (, то ба дили эшон рӯшании имон ва раҳнамунӣ ҳаргиз надарояд ва гӯшҳои эшон аз шунидани садои ҳақ кар бошад) ва бар чашмҳои эшон парда аст (то роҳи ростро набинанд) ва (ба сабаби куфру гуноҳҳошон) эшонро азоби бузург (-и дӯзах) бошад.
2:7 -
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَقُولُ آمَنَّا بِاللَّهِ وَبِالْيَوْمِ الْآخِرِ وَمَا هُمْ بِمُؤْمِنِينَ
Ва аз мардумон (-и қабилаи Авс ва Хазраҷ ва ғайри онҳо) касе ҳаст, ки (худ мунофиқ аст, аммо ба забонаш) мегӯяд: «Ба Аллоҳ ва (ба пайғамбари ӯ ва) рӯзи бозпасин имон овардем» ва эшон (ба дилҳояшон) муъминон нестанд (, зеро эшон ин суханонро бе ҳеҷ боварӣ ба забон меронанду ба дилҳояшон ҳанӯз имон наёвардаанд).
2:8 -
يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَمَا يَخْدَعُونَ إِلَّا أَنْفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ
(Гӯё) Аллоҳро ва касонеро ки имон овардаанд мефиребанд (ва худро муъмин вонамуда куфрашонро ниҳон медоранд, то асирашон нагиранд ва ё кушта нашаванд ва ё ҷизя насупоранд ва аз бахши ғанимат низ бебаҳра набошанд ва то розҳои муъминонро низ бидонанд) ва (ба дурустӣ,) эшон намефиребанд, магар хештанро ва огоҳ намешаванд (, зеро сазои кирдорашон дер ё зуд, ба сӯи эшон бармегардад ва бар касе ҷуз худ зиён намерасонанд, вале аз нодонӣ инро намедонанд).
2:9 -
فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ فَزَادَهُمُ اللَّهُ مَرَضًا ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ بِمَا كَانُوا يَكْذِبُونَ
Дар дилҳои эшон беморӣ (-и куфру нифоқ ва дурӯғдориву инкор) аст, пас Аллоҳ бемориро ба эшон бияфзуд ва эшонро (ба сабаби он ки дурӯғ мегуфтанд) азоби дарднок бошад.
2:10 -
وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ لَا تُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ قَالُوا إِنَّمَا نَحْنُ مُصْلِحُونَ
Ва чун ба эшон бигӯянд: «(Бо дӯст гирифтани ҷуҳудону насоро ва кофирону мунофиқон) дар замин табоҳкорӣ макунед», мегӯянд: «Ҷуз ин нест, ки мо накӯкоронем, (зеро мехоҳем байни мусулмонон ва кофирону ҷуҳудон оштӣ андозем ва аз гумроҳӣ, табоҳкорӣ дар назарашон накӯкорӣ менамояд)».
2:11 -
أَلَا إِنَّهُمْ هُمُ الْمُفْسِدُونَ وَلَٰكِنْ لَا يَشْعُرُونَ
Огоҳ шав, ҳароина, эшон табоҳкоронанд, валекин, худ огоҳ намешаванд (ва намедонанд, ки эшон табоҳкоронанд, зеро куфр дилҳояшонро пӯшида аст).
2:12 -
وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ آمِنُوا كَمَا آمَنَ النَّاسُ قَالُوا أَنُؤْمِنُ كَمَا آمَنَ السُّفَهَاءُ ۗ أَلَا إِنَّهُمْ هُمُ السُّفَهَاءُ وَلَٰكِنْ لَا يَعْلَمُونَ
Чун ба эшон гӯянд: «Чунон ки мардумон (аз ёрони Пайғамбар) имон овардаанд (ба Аллоҳу фариштагон ва китобҳову фиристодагони ӯ ва ба зиндагардонии пас аз маргу ба биҳишту дӯзах) имон оваред», гӯянд: «Оё чунонки сабукмағзон[[Бештари муъминон бенавоён ва тангдастон буданд, монанди Билол, Суҳайб ва Аммор ва дигарон, аз ин рӯ мунофиқон эшонро сабукмағзу бедониш мехонданд.]] (ва бехирадон) имон овардаанд, имон оварем»? Огоҳ шав, ҳароина, сабукмағзон эшонанд, валекин намедонанд.
2:13 -
وَإِذَا لَقُوا الَّذِينَ آمَنُوا قَالُوا آمَنَّا وَإِذَا خَلَوْا إِلَىٰ شَيَاطِينِهِمْ قَالُوا إِنَّا مَعَكُمْ إِنَّمَا نَحْنُ مُسْتَهْزِئُونَ
Чун (мунофиқон) бо касоне ки имон овардардаанд бархӯранд, гӯянд: «(Ба Аллоҳ ва Пайғамбари ӯ) имон овардем» ва чун бо шайтоҳои худ (, яъне бо меҳтарони[[Меҳтар – бузург, сарвар, сардор.]] куфр) танҳо шуданд, гӯянд: «Ҳароина, мо ҳамроҳи шумоем, ҷуз ин нест, ки мо (муъминонро) истеҳзокунандагонем».
2:14 -
اللَّهُ يَسْتَهْزِئُ بِهِمْ وَيَمُدُّهُمْ فِي طُغْيَانِهِمْ يَعْمَهُونَ
Аллоҳ эшонро истеҳзо мекунад (ва эшонро ба сабаби ин истеҳзо ба кайфари сахт мегирад) ва эшонро дар (биёбони гумроҳӣ ва) саркашияшон саргардон (ва саргашта) фурӯ гузорад.
2:15 -
أُولَٰئِكَ الَّذِينَ اشْتَرَوُا الضَّلَالَةَ بِالْهُدَىٰ فَمَا رَبِحَتْ تِجَارَتُهُمْ وَمَا كَانُوا مُهْتَدِينَ
Эшон он касонанд, ки бо раҳнамунӣ (-и имон) гумроҳи(-и куфр)-ро хариданд, пас савдогарии эшон суд наёфт ва эшон роҳёфтагон нестанд (, зеро куфрро бо имон табдил карданду хушбахтии ду ҷаҳонро бохтанд).
2:16
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)