Мусҳаф, саҳифа 2

  1. الم

    Алиф лом мим[[Ҳарфҳои оғози сураҳои Қуръони карим чаҳордаҳ ҳарфи забони тозиянд, ки дар сароғози бисту нӯҳ сура омадаанд ва бо такрори умумӣ ҳафтоду ҳашт ҳарфро ташкил медиҳанд. Дар хусуси ин ҳарфҳо, бархе аз донишмандон гуфтаанд, ки ин ҳарфҳо ба он ишорат мекунанд, ки Қуръон аз вожаҳое иборат аст, ки асосашон аз ҳамин ҳарфҳо таркиб ёфта аст, ки шумо, ай мардуми араби ширинзабони суханвари суханпардоз, суханатонро аз онҳо месозед, вале бо вуҷуди ин аз овардани мисли Қуръон ва сураҳои он ва ё оёти рӯшани он оҷиз мемонед. ]]. [Ҳарфҳои оғози сураҳо аз рамзҳои Қуръонанд, ки маънояшонро касе ҷуз Аллоҳи ҷаҳонофарин надонад ва ӯ маонии ин ҳарфҳоро дар назди худ нигаҳ дошта розашонро накушуда аст ва онҳо аз қабили оятҳои муташобеҳанд, ки таъвилашонро бандагон надонанд].

    2:1
  2. ذَٰلِكَ الْكِتَابُ لَا رَيْبَ ۛ فِيهِ ۛ هُدًى لِلْمُتَّقِينَ

    Ин китоб (-и Қуръони гаронмоя ки бар Муҳаммад фуруд овардаем) дар он ҳеҷ гумоне нест (, ки он аз ҷониби Аллоҳ фуруд омада аст). Барои парҳезкорон раҳнамо (-и роҳи рости Ислом а)ст. [Яъне, ин китоби Қуръон бе ҳеҷ гумоне, аз ҷониби Аллоҳ фуруд омада, раҳнамои парҳезкорон аст, барои он парҳезгороне ки аз нофармониҳои Парвардигорашон парҳезиданд ва фаризаҳои ӯро ба ҷой оварданд ва хештанро аз азоб наҷот доданд].

    2:2
  3. الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِالْغَيْبِ وَيُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ

    Ононки ба нодида (ва чизҳои аз чашм ниҳон, чун Аллоҳ, фариштагон ва пули Сироту барангезиш ва биҳишту дӯзах ва рӯзи шумор) бовар доранд ва (ҳамеша) намозро (бо некӯтарин ваҷҳ бо риояти тамоми аркону шурут ва воҷиботу суннатҳову мустаҳабботаш) барпо медоранд ва аз ончи эшонро рӯзӣ додаем (монанди дороиву ҷоҳу дониш) харҷ мекунанд[[Намоз ҳаққи Аллоҳ аст, зеро банда дар намоз Аллоҳро парастиш ва ситоиш мекунад ва харҷ кардани мол некӣ кардан ба офаридагон аст, ки он аз ҳақи офаридагон аст.]] (ва садақаву закот медиҳанд)

    2:3
  4. وَالَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنْزِلَ مِنْ قَبْلِكَ وَبِالْآخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَ

    Ва ононки бад-ончи ба сӯи ту (аз назди Аллоҳ, монанди китобу суннат бо ваҳй) фуруд оварда шуда ва бад-ончи (ба пайғамбарони) пеш аз ту (аз китобҳои осмонӣ) фуруд оварда шуда имон меооваранд ва ба (хонаи) охират (- ба растохез ва биҳишту дӯзах ва шумору тарозу) яқин (ва боварии пурра) доранд.

    2:4
  5. أُولَٰئِكَ عَلَىٰ هُدًى مِنْ رَبِّهِمْ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

    Ва эшон (ки ба чунин сифатҳои сутуда ёд шуданд) аз ҷониби Парвардигорашон бар (роҳи рост ва) раҳнамуниянд ва эшон растагоронанд (, ки ба хушбахтии ду ҷаҳон комгор гаштаанд).

    2:5

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)