Мусҳаф, саҳифа 1
-
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ
Ба номи Аллоҳи Бахшояндаи Меҳрубон (оғоз мекунам).
1:1 -
الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ
Ситоиш Аллоҳро – Парвардигори ҷаҳонҳорост (, ки шоистаи парастиш ва Офаридгор, Парвардигор ва чорасози корҳои ҷаҳони фариштагон, одамизодагон, ҷинниён ва дому дад ва рустаниҳост).
1:2 -
الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ
Бахшояндаи Меҳрубон (- дорандаи раҳмати фароху бузург ва худованди раҳмати ҳамешагӣ) аст.
1:3 -
مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ
Подшоҳи Рӯзи Подош (-и неку бад – рӯзи растохез) аст.
1:4 -
إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ
Танҳо туро мепарастем (ва ба сӯи ту зорӣ менамоем ва дар ҳама кор) танҳо аз ту ёрӣ меҷӯем (ва дар назди ту изҳори нотавониву фурӯтанӣ мекунем).
1:5 -
اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ
Роҳи рост (-и Ислом)-ро ба мо бинамо (, ки ҳеҷ каживу костӣ надораду роҳи рӯшану ростин аст).
1:6 -
صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ
Роҳи ононро ки (чун пайғамбарону сиддиқону шаҳидону накӯкорон) бар эшон инъом фармудӣ, на роҳи касонеро ки бар эшон (чун яҳуд, ба сабаби аз ҳақ сарпечӣ кардан ва рашкварзӣ) хашм фармудӣ ва на роҳи гумроҳон (-и насоро)-ро (ки ба сабаби нодонии хеш аз роҳи ростин дур гаштанд).
1:7
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)