Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 41
-
وَآمِنُوا بِمَا أَنْزَلْتُ مُصَدِّقًا لِمَا مَعَكُمْ وَلَا تَكُونُوا أَوَّلَ كَافِرٍ بِهِ ۖ وَلَا تَشْتَرُوا بِآيَاتِي ثَمَنًا قَلِيلًا وَإِيَّايَ فَاتَّقُونِ
Ва (эй аҳли китоб,) ба ончӣ (аз Қуръон бар Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) фуруд овардаем имон оваред, ки он (Қуръон) ба ончӣ (аз Тавроту Инҷил) назди шумост бовардоранда аст (ва ба яктогии Аллоҳ ва пайғамбарии Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тасдиқкунанда аст, зеро аҳли китоб сифатҳои Муҳаммадро дар Таврот ва Инҷил дармеёбанд) ва шумо нахустин кофир (ва мункири) он (Қуръон) мабошед! Ва оятҳои маро ба баҳои андак (-и зиндагии ҷаҳони гузарон) мафурӯшед ва (дар пинҳон кардани ҳақиқат ва инкор намудани пайғамбарии Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) танҳо аз ман битарсед.
2:41
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)