Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 40
-
يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ اذْكُرُوا نِعْمَتِيَ الَّتِي أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَوْفُوا بِعَهْدِي أُوفِ بِعَهْدِكُمْ وَإِيَّايَ فَارْهَبُونِ
Эй фарзандони Исроил[[Исроил лақаби пайғамбари Аллоҳ - Яъқуб (дуруд бар ӯ бод) буда, ки он маънои бандаи Аллоҳро дорад ва ҷуҳудон фарзандони ӯянд, ки дувоздаҳ қабиларо созмон медиҳанд ва ҳама аз тухмаи дувоздаҳ фарзанди ӯянд монанди Юсуф ва Бинёмин ва ғайра.]] он неъматҳои маро (монади наҷоти шумо аз бандагии Фиръавн ва ҳалоки ӯ ва лашкариёнаш ва фуруд овардани тарангубин ва бедона ва барангехтани пайғамбарон ва фиристодагон аз миёни шумо) ёд кунед, ки бар шумо арзонӣ доштам (то сипоси ин неъматҳоро ба ҷой оваред) ва ба паймони[[Паймони бани Исроил ин аст, ки намозро ба по доранд ва закотро бипардозанд ва ба ҳама фиристодагани Аллоҳ имон оваранд ва эшонро тақвият ва ёрмандӣ кунанд ва Аллоҳро воми некӯ бидиҳанд ва агар эшон ин корҳоро ба ҷой оранд, Аллоҳ зиштиҳои эшонро бипӯшонад ва ба биҳишташон дарорад.]] ман (дар пайравиӣ кардани пайғамбари ман Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва дини Ислом) вафо кунед, то ба паймони шумо вафо кунам (ва аз шумо хушнуд шавам ва шуморо дар гетӣ гиромӣ дорам ва сипас ба биҳиштатон дарорам) ва (дар шикастани ин паймон) танҳо аз ман битарсед.
2:40
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)