Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 56
-
ثُمَّ بَعَثْنَاكُمْ مِنْ بَعْدِ مَوْتِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Боз пас аз маргатон шуморо (зинда) барангехтем то бошад (ин неъмати моро) сипосдорӣ кунед. [Чун қавми Мусо гӯсоларо парастиданд, Мусо аз миёни эшон ҳафтод нафарро аз касоне баргузид, ки гӯсола напарастида буданд ва эшонро ба куҳи Тур овард то аз Аллоҳ барои бародарони гунаҳгори хеш омурзиш ва эътизор хоҳанд. Вақте ба Тур расиданд Мусоро гуфтанд: «Аз Парвардигорат бихоҳ то суханашро бишнавем ва сухани Парвардигорро шуниданд. Мусо гуфташон ки Парвардигор мефармояд ки тавбаи қавм дар якдигаркушии эшон аст, эшон гуфтанд ки ба суханони ту боварӣ надорем ва туро дар ин кор пайравӣ накунем то инки Аллоҳро ошкоро бибинем, пас Аллоҳ бар эшон хашм овард ва эшонро бо соъиқае ҳалок намуд ва як ба як бимурданд то яке марги дигареро медид. Сипас Аллоҳ эшонро пас аз як шабонарӯз бо дуои Мусо зинда гардонид то ин неъматро шукр гузоранд ва ғайр аз ӯ касеро напарастанд].
2:56
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)