Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 54
-
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ يَا قَوْمِ إِنَّكُمْ ظَلَمْتُمْ أَنْفُسَكُمْ بِاتِّخَاذِكُمُ الْعِجْلَ فَتُوبُوا إِلَىٰ بَارِئِكُمْ فَاقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ عِنْدَ بَارِئِكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ ۚ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
Ва (ёд кунед,) чун Мусо (аз миъоди худ баргашт ва қавмашро гӯсолапараст ёфт,) қавми худро (ба касоне ки гӯсола парастида буданд) гуфт: «Эй қавми ман, Ҳароина, шумо ба сабаби гӯсоларо (маъбуд) гирифтан хештанро ситам кардед , пас ба сӯи Пайдогари хеш (ки шуморо пайдо кардааст бо тавба) боз оед, онгаҳ хештанро бикушед[[Аллоҳи ҷаҳонофарин фармуд: Тавбаи эшон ин аст, ки ҳар кадоме аз эшон ҳар киро ёбад, хоҳ падараш бошад ва ё писараш ӯро бо шамшер бикушад ва парво макунад, ки чи касеро кушта ва Парвардигор гуноҳи кушанда ва кушташудагони эшонро биомурзид ва тавбаи эшонро пазируфт.]] (то бегуноҳи шумо гунаҳгорро теғ занад). Ин кор (якдигаркушӣ ва ризогии шумо ба ҳукми ӯ) назди Пайдогаратон барои шумо беҳтар аст. Пас Аллоҳ (пеш аз тавбаатон) шуморо пӯзиш намуд. Ҳароина, ӯ бисёр пӯзишпазирандаи менрубон аст.
2:54
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)