Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 49

  1. وَإِذْ نَجَّيْنَاكُمْ مِنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ يُذَبِّحُونَ أَبْنَاءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءَكُمْ ۚ وَفِي ذَٰلِكُمْ بَلَاءٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَظِيمٌ

    Ва (ёд кунед) чун (ниёгони) шуморо аз фиръавниён раҳонидем, ки ба шумо зишттарин (ва сахттарин) азобро мечашониданд ва фарзандони (навзоди наринаи) шуморо мекуштанд ва духтарони шуморо (барои канизӣ ва корҳои вазнин) зинда мегузоштанд[[Фиръавн дар хоб мебинад, ки оташе аз Байтулмақдис берун шуд ва ба хонаи қибтиён даромад, магар хонаҳои Исроилиён. Ва ин хобро чунин гузориш карданд, ки заволи подшоҳиат ба дасти марде аз фарзандони Исроил хоқад буд, ки ҳанӯз ба дунё наёмада аст. Аз ин рӯ, Фиръавн фармон дод, ки ҳар кӯдаки навзоди наринае, ки дар банӣ Исроил ба ҷаҳон меояд кушта шавад ва духтарони эшонро зинда бигузоранд. «Фиръавн» лақаби подшоҳони кофири Миср аст, ки аз амолиқа ба тахт менишастанд, чунончӣ «Қайсар» лақаби шоҳони Руму Шом, «Хусрав» лақаби подшоҳи Форс, «Туббаъ» лақаби шоҳони Яман, «Наҷҷошӣ» лақаби шоҳони Ҳабашистон, «Батлимус» лақаби шоҳони Ҳинд ва «Фағфур» лақаби шоҳони Чин аст. Баъзе муфассирон гуфтаанд, ки номи Фиръавн Валид ибни Мусъаб ибни Райён ва кунийяташ Абумарра буда, аслаш аз Истахри Форс (Эрони ҳозира) буда аст, аммо ба пиндорам чандон асоси илмӣ надорад.]]. Ва дар ин (кор бароятон) аз парвардигори шумо озмоише бузург буд.

    2:49

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)