Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 50

  1. وَإِذْ فَرَقْنَا بِكُمُ الْبَحْرَ فَأَنْجَيْنَاكُمْ وَأَغْرَقْنَا آلَ فِرْعَوْنَ وَأَنْتُمْ تَنْظُرُونَ

    Ва (ёд кунед) чун барои (ниёгони) шумо дарё(-и Сурх)-ро бишикофтем, пас шуморо (аз ғарқ гаштан) раҳонидем ва фиръавниёнро ғарқ сохтем ва шумо (ин корро бо чашмони хеш) медидед. [Чун Мусо бо банӣ Исроил аз Миср пинҳонӣ берун рафтанд, Фиръавн бо лашкариёнаш эшонро думболагирӣ намуд. Ҳангоме ки Мусо бо қавмаш ба баҳри Сурх расиданд Мусо чӯбдасташро ба баҳр зад ва баҳр шикофта гашт ва аз ҳар ҷонибе об монанди кӯҳпораи бузург ҷудо шуд. Фиръавн бо шашсад ҳазор лашкариёнаш аз паси банӣ Исроил ба баҳр даромад ва гоҳе ки ҳамаи эшон ба баҳр ворид шуданд, баҳр бо фармони илоҳӣ эшонро якояк фаро гирифту ғарқашон намуд.]

    2:50

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)