Сура 2 Ал-Бақара (Гов)
-
وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
Ва аз мардумон касе ҳаст, ки (аз дурандешиву хирадмандӣ ва некӯӣ ҳарду ҷаҳонро мехоҳад ва) мегӯяд: «Эй парвардигори мо, моро дар ин ҷаҳон некӯӣ (рӯзҳои покизаи бешумор, кирдори неку дониши судманд, хона, ҳамсари солиҳа, фарзандони шоиста, беранҷиву комгорӣ) бидеҳ ва дар охират (аз раҳмату омурзишу растагорӣ ва даромадан ба биҳишт ва ба дидори Парвардигор расидан) некӯӣ бидеҳ ва моро аз азоби дӯзах нигоҳ бидор»!
2:201 -
أُولَٰئِكَ لَهُمْ نَصِيبٌ مِمَّا كَسَبُوا ۚ وَاللَّهُ سَرِيعُ الْحِسَابِ
Ин гурӯҳ, эшонро аз ончӣ кардаанд баҳра (ва савоб) бошад ва Аллоҳ зудшуморкунанда аст.
2:202 -
وَاذْكُرُوا اللَّهَ فِي أَيَّامٍ مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ تَعَجَّلَ فِي يَوْمَيْنِ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ وَمَنْ تَأَخَّرَ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ لِمَنِ اتَّقَىٰ ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ
Ва Аллоҳро дар рӯзҳои шумурдашуда (-и ташриқ[[Рӯзҳои ташриқ се рӯзи баъди иди Қурбонанд.]], рӯзҳои 11-ум ва 12-ум ва 13-уми моҳи Зулҳиҷҷа, дар Мино ҳангоми андохтани сангҳо бо такбир ва баъд аз рӯзи наҳр ва рӯзи ид ва пас аз намозҳои фариза) ёд кунед! Пас ҳар кӣ дар ду рӯз (-и ташриқ дар андохтани сангҳо) шитоб кард (ва пеш аз ғуруби офтоб дар рӯзи дуввум аз Мино ба Макка баргашт), онгоҳ бар ӯ (ба сабаби шитоб карданаш) ҳеҷ гуноҳе нест ва ҳар кӣ (то рӯзи саввум) дер монад (ва сангандозиро анҷом диҳад), онгоҳ бар ӯ ҳеҷ гуноҳе нест. Баҳри касе ки парҳезгорӣ кард (подоши накӯ бошад). Ва (бо фармонбардорӣ ва дурӣ аз маъсиятҳо) аз Аллоҳ битарсед. Ва ба сӯи ӯ барангехта мешавед (ва ӯ шуморо бо кирдорҳоятон подош ва ё кайфар мекунад).
2:203 -
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُعْجِبُكَ قَوْلُهُ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَيُشْهِدُ اللَّهَ عَلَىٰ مَا فِي قَلْبِهِ وَهُوَ أَلَدُّ الْخِصَامِ
Аз мардумон касе ҳаст[[Монанди Ахнас писари Шариқи сақафӣ ки аз мунофиқон буд. *Дар оятҳои қуръонӣ ибрат ба сабаби нузул нест, балки ба умуми лафз аст, зеро ояте ки дар шаъни нафаре фуруд ояд, баъд аз он ом мешавад ва ҳамаро дар бар мегирад, чунончи инҷо Ахнас писари Шариқ мисоли баде барои касест, ки ин сифатҳоро дорад ва Суҳайб мисоли нек барои ҳар касест, ки ин сифатҳои сутударо дорад. ]] , ки Исломро ошкор мекунад ва куфру нифоқро дар дил пинҳон медорад ва (чарбзабониву) сухани (дилфиреби) ӯ дар зиндагони дунё туро ба шигифт меорад (ва хушат меояд) ва ӯ бар ончӣ дар дил дорад, Аллоҳро гувоҳ меорад (ва савганд ёд мекунад, ки ӯ муъмин аст ва туро дӯст медорад) ва ҳол он ки ӯ (дар ноҳақ ва дар душмании ту ва пайравони ту) сахттарин ситезандагон аст (, зеро суханонаш дурӯғ ва кирдораш бад ва эътиқодаш вайрон ва корҳояш зиштанд).
2:204 -
وَإِذَا تَوَلَّىٰ سَعَىٰ فِي الْأَرْضِ لِيُفْسِدَ فِيهَا وَيُهْلِكَ الْحَرْثَ وَالنَّسْلَ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ الْفَسَادَ
Чун (аз пеши ту) баргардад, дар замин (бо иртикоби ҷаримаҳо) кӯшад, то ин ки дар он табоҳӣ кунад ва кишту нажод(ва фарзанду чаҳорпоён)-ро нобуд созад. Ва Аллоҳ табоҳкориро дӯст намедорад.
2:205 -
وَإِذَا قِيلَ لَهُ اتَّقِ اللَّهَ أَخَذَتْهُ الْعِزَّةُ بِالْإِثْمِ ۚ فَحَسْبُهُ جَهَنَّمُ ۚ وَلَبِئْسَ الْمِهَادُ
Ва чун ба ӯ гуфта шавад, ки аз Аллоҳ битарс (ва тарки бадкорӣ кун, панд нашунавад ва) ӯро ба сабаби гуноҳаш (ҳамийяти ҷоҳилият ва якравиву ғуруру) худписандӣ фаро гирад. Пас (азоби) дӯзах ӯро басанда аст ва чӣ ҷойгоҳи бадест (, ки дар онҷо кайфари кирдорҳои бад ва куфру нифоқашро хоҳад чашид).
2:206 -
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَشْرِي نَفْسَهُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ
[Ин оят дар бораи Абуяҳё Суҳайб писари Синони румӣ фуруд омада аст, ки чун мушрикон озораш доданд, ҳама дороияшро ба эшон дод ва худ ба Мадина ҳиҷрат карду сӯҳбати Пайғамбари гиромиро баргузид[[Нигаред, «Мустадрак»-и Ҳоким; 398/3.]].] Ва аз мардумон касе ҳаст, ки хештанро (ва дороияшро) барои ҷустани хушнудии Аллоҳ мефурӯшад. Ва Аллоҳ бар бандагонаш меҳрубон аст.
2:207 -
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ادْخُلُوا فِي السِّلْمِ كَافَّةً وَلَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ
[Ин оят дар бораи Абдуллоҳ писари Салом ва ёрони ӯ (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) фуруд омада аст. Азбаски эшон аз Банӣ Исроил буданд, пас аз он ки ба Ислом даромаданд, рӯзи шанберо бузург медоштанд ва шутурро дӯст медоштанд ва гӯшташро намехӯрданд.] Эй касоне ки имон овардед, ҳамагӣ (бо пазируфтани тамоми шариат ва аҳком) ба Ислом дароед (ва ба андозаи тавони хеш ба ҳама шариати он амал кунед, на чунонки ҳукмеро бигиред ва ҳукмеро раҳо кунед) ва (фармонҳо ва роҳҳо ва) гомҳои шайтонро (ки бо оростани бадкориҳо онҳоро дар чашми шумо ҷилва медиҳад,) пайравӣ макунед (чунончи ба баъзе аз мӯъминони аҳли китоб бузургдошти рӯзи шанбе ва хӯрдани гӯшти шутурро бо он ороста буд, ки ин кор аз дини Аллоҳ аст). Ҳароина, ӯ (, яъне шайтон) шуморо душмани ошкорост (ва шуморо фақат ба сӯи бадкорӣ ва зиштӣ мехонад, ки аз он корҳо ба шумо ҷуз зиёну осеб чизе намерасад ва саранҷоми ин ҳама дӯзах хоҳад буд).
2:208 -
فَإِنْ زَلَلْتُمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْكُمُ الْبَيِّنَاتُ فَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
Пас, агар баъд аз он ки ба шумо суханони равшан (-и ҳақ) омаданд (аз ҳақ ба сӯи ширк) билахшед, онгоҳ бидонед, ки Аллоҳ (дар интиқомгирӣ ва дар корҳои худ) забардасти донишманд аст (, ки ҳеҷ забардаст ва ҳеҷ фирорие бар ӯ чира нашавад ва ҳеҷ донишманд ва зираке ӯро оҷиз накунад).
2:209 -
هَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا أَنْ يَأْتِيَهُمُ اللَّهُ فِي ظُلَلٍ مِنَ الْغَمَامِ وَالْمَلَائِكَةُ وَقُضِيَ الْأَمْرُ ۚ وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ
Оё (касоне ки ба Ислом надаромадаанд,) чашмдоранд, ки (рӯзи қиёмат) Аллоҳ ва фариштагон назди эшон дар соябони сафедабр (баҳри файсала байни пешиниёну пасиниён) биоянд (ва пас ба дини Ислом имон биёваранд) ва (онгоҳ) кор (-и ҳукмашон ба адл) ба анҷом расонида шавад (ва бархеро ба биҳишт ва бархеро ба дӯзах дароварад) ва ҳама корҳо ба сӯи Аллоҳ баргардонида мешаванд.
2:210 -
سَلْ بَنِي إِسْرَائِيلَ كَمْ آتَيْنَاهُمْ مِنْ آيَةٍ بَيِّنَةٍ ۗ وَمَنْ يُبَدِّلْ نِعْمَةَ اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُ فَإِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ
(Эй Муҳаммад!) Аз фарзандони Исроил[[Фарзандони Яъқуб писари Исҳоқ писари Иброҳим (дуруди Аллоҳ бар эшон бод).]] бипурс, ки эшонро чанд нишонаҳои равшан (, монанди чӯбдасти Мусо ва пора кардани баҳр, соягии сафедабр ва фуруд овардани тарангабин ва бедона) додем (, ки чӣ гуна ин неъматҳоро носипосӣ карданд ва қадрашонро нашинохтанд). Ва ҳар кӣ неъмати Аллоҳ(-Ислом)-ро пас аз он ки ба ӯ расида аст (ба куфр) табдил кунад, пас, ҳароина, Аллоҳ сахтазобкунанда аст.
2:211 -
زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُوا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا وَيَسْخَرُونَ مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا ۘ وَالَّذِينَ اتَّقَوْا فَوْقَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ وَاللَّهُ يَرْزُقُ مَنْ يَشَاءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ
Барои касоне ки (аз аҳли Макка ба Аллоҳ ва ба Пайғамбари ӯ) куфр варзиданд (ва шариати Исломро напазируфтанд, дӯстдории) зиндагонии ин гетӣ (бо фаровонӣ ва дороӣ ва шаҳватҳо ва неъматҳои бешумори он) ороста карда шуд (, то онро хеле сахт дӯст доштанд ва ҳушу ҳавову ҳаваси онҳо аз пайи он рафт ва дилҳояшон бо он ором гирифт ва онро бузург доштанд ва охиратро ба боди фаромӯшӣ супориданд) ва касонеро ки имон оварданд (ба сабаби тиҳидастиашон истеҳзо мекунанд, ки эшон дороияшонро дар роҳи хушнудии Аллоҳ харҷ менамоянд ва эшонро бехирад меномиданд, ки дунёро тарк намуда, рӯ ба сӯи охират овардаанд) ва касоне ки (аз ширк) парҳезгорӣ намуданд, рӯзи бозхост болотар аз эшон бошанд (ва дараҷа ва пойгоҳи парҳезгорону порсоён бо иззату икром дар биҳиштҳои баланд ва ҷойгоҳи кофирон бо хорӣ ва зиллат дар жарфои дӯзах бошад) ва Аллоҳ ҳар касеро хоҳад (дар ҷаҳон ва охират) бешумор рӯзӣ медиҳад (ва рӯзиашро фарох ва бепоён мегардонад).
2:212 -
كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ ۚ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ ۖ فَهَدَى اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا لِمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ مِنَ الْحَقِّ بِإِذْنِهِ ۗ وَاللَّهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ
(Аз замони Одам то замони Нуҳ тайи даҳ қарн) мардумон (дар шариати ҳақ ва имоноварӣ ва яктопарастӣ) як гурӯҳ (-и якпорча) буданд, ( вале дар парастиши Аллоҳ ихтилоф карданд, зеро бархе аз эшон ширку куфр варзиданд,) пас, Аллоҳ (аз раҳмату меҳрубонии худ баҳри раҳнамунӣ сӯи эшон) пайғамбаронро муждадиҳанда (-и муъминон) ва бимкунанда (-и кофирон) фиристод ва ҳмроҳи эшон китобро[[Китоб инҷо исми ҷинс аст ва ба маънии китобҳо омада аст. Гуфтаанд, ки адади пайғамбарон яксаду бисту чаҳор ҳазор ва адади фиристодагон сесаду сенздаҳ нафар аст. ]] ба ростӣ фуруд овард то миёни мардумон дар ончӣ (дар дини худ) ихтилоф карданд (бо он) ҳукм намоянд. Ва дар он ихтилоф накарданд, магар касоне ки ба эшон китоб (-и осмонӣ) дода шуд (ва гурӯҳе ба он имон оварданд ва гурӯҳе куфр варзиданд) баъд аз он ки нишонаҳои равшан (аз хусуси ягонагии Аллоҳ) назди эшон омад, аз сабаби ҳасад бо якдигар ихтилоф карданд. Пас, Аллоҳ бо (хост ва) дастури хеш касонеро ки имон оварданд (, яъне уммати Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) бо он ҳақ роҳ намуд, ки (умматҳои пешина) дар он ихтилоф карданд[[Чунончи имон овардан ба пайғамбарии Исо, ки ҷуҳудон ӯро дурӯғгӯ доштанд ва ҷодугараш номиданд ва қасди куштанашро карданд ва насоро писари Аллоҳаш хонданд. Ихтилофи дигар дар қибла аст, қиблаи мусалмонон Каъба ва қиблаи ҷуҳудон Байтулмақдис ва қиблаи насоро баромадгоҳи офтоб аст. Дар рӯзҳо ихтилоф карданд, ҷуҳудон рӯзи шанберо баргузиданд ва насоро якшанберо ихтёр намуданд ва Аллоҳ уммати исломиро ба сӯи беҳтарин рӯзи ҳафта, рӯзи ҷумъа раҳнамоӣ кард. Дар намоз ихтилоф карданд, аз байни эшон яке ба рукӯъ хам мешавад ва саҷда намекунад ва яке саҷда мекунад ва ба рукӯъ намеравад ва дигаре намоз мегузорад ва сухан мегӯяд ва дигаре намоз мегузорад ва роҳ меравад. Пас Аллоҳ уммати Муҳаммадро ба сӯи ҳақ роҳ намуд. Дар рӯза доштан низ ихтилоф карданд, зеро бархе аз эшон ними рӯзро рӯза медорад ва бархе аз баъзе хӯришҳо даст мекашад, пас Аллоҳ уммати Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи ҳақ раҳнамоӣ кард.]] (ва ба ягонагии Аллоҳ ва ба тамоми пайғамбарону китобҳои ӯ имон оварданд). Ва Аллоҳ ҳар касеро (аз офаридагонаш) хоҳад ба сӯи роҳи рост роҳ менамояд (ки саранҷоми он биҳиштҳои ҷовидона аст).
2:213 -
أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ وَلَمَّا يَأْتِكُمْ مَثَلُ الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلِكُمْ ۖ مَسَّتْهُمُ الْبَأْسَاءُ وَالضَّرَّاءُ وَزُلْزِلُوا حَتَّىٰ يَقُولَ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ مَتَىٰ نَصْرُ اللَّهِ ۗ أَلَا إِنَّ نَصْرَ اللَّهِ قَرِيبٌ
[Ҳар кӣ имон оварад ва ба дини Ислом гаравад ва шариати ӯро барпо дорад, Аллоҳ ӯро дар сахтиҳо ва фарохиҳо меозмояд ва агар дар фармудаҳои Аллоҳ дар ин ҳол сабр пеша кунад ва аз сахтиҳо наҳаросида бигузарад, пас ӯ дар имони худ содиқ аст ва аммо касе ки содиқ набошад дар озмоишҳо ноком мегардад ва аз Ислом рӯ мегардонад ва ӯ дар даъвои худ содиқ нест, зеро даъворо кирдор тасдиқ мекунад ва ё такзиб менамояд.] (Эй муъминон!) Оё пиндоштед, ки (бе ягон озмоиш ва имтиҳоне) ба биҳишт дароед, ҳол он ки монанди (ҳолати) онон ки пеш аз шумо гузаштаанд, (озмоишҳо) ҳанӯз ба шумо нарасида аст (ва то ҳол шумо монанди эшон бо сахтиҳо озмуда нашудаед). Эшонро сахтӣ (тангдастӣ) ва ранҷ (ва беморӣ) расид (ва бо хавфи душманон) ба ларза дароварда шуданд, (аз шиддати ғаму андӯҳ) гуфтанд, ки (он) ёрӣ (-и ваъдадодаи) Аллоҳ кай бошад? (Онгоҳ аз ҷониби Аллоҳ эшонро посух расид, ки эй муъминон!) Огоҳ бошед, ёрии Аллоҳ наздик аст (ва душворӣ ҳар андоза сахт бошад, ёрии Аллоҳ ҳам ба андозаи он мерасад).
2:214 -
يَسْأَلُونَكَ مَاذَا يُنْفِقُونَ ۖ قُلْ مَا أَنْفَقْتُمْ مِنْ خَيْرٍ فَلِلْوَالِدَيْنِ وَالْأَقْرَبِينَ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ ۗ وَمَا تَفْعَلُوا مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ بِهِ عَلِيمٌ
(Эй Муҳаммад!) Аз ту мепурсанд, ки (аз моли худ) чиро (ва ба чӣ касе) харҷ кунанд? (Ба эшон) бигӯ, ончӣ аз дороӣ харҷ кардед, пас (харҷи мол) баҳри модару падар ва хешовандону ятимон ва бечорагону мусофирон (беҳтар) бошад. Ва ҳарчӣ аз некӣ мекунед, ҳароина, Аллоҳ ба он доност (ва шуморо бо он подоши накӯ медиҳад ва касеро ба андозаи заррае ситам намекунад). [Пурсандаи ин савол Умар писари Ҷамуҳ буд, ки ба пирӣ расида ва марде доро ва тавонгар буд ва аз пайғамбар пурсид, ки аз кадом мол ва ба кӣ харҷ намояд.]
2:215 -
كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِتَالُ وَهُوَ كُرْهٌ لَكُمْ ۖ وَعَسَىٰ أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَعَسَىٰ أَنْ تُحِبُّوا شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ
(Эй мусалмонон!) Бар шумо корзор кардан (бо кофирон ва душманони Ислом) лозим карда шуд (, то ин ки эшон ё Исломро бипазиранд ва ё ҷизя бисупоранд) ва агарчӣ он (аз сабаби душворӣ ва машаққатҳо ва сахтиҳояш ва ба сабаби харҷ кардани мол ва сахтиҳои сафар ва хатари кушта шудан ва захмдор гаштан) шуморо нохуш (ва ногувор) аст. Ва шояд ки шумо чизеро нохуш доред ва он баҳри шумо беҳтар аст ва шояд ки шумо чизеро дӯст доред ва он баҳри шумо бад бошад. [Корзор кардан бо кофирон баҳри шумо беҳтар аст, зеро агар бар эшон пирӯз гардед музду обрӯ ва иззату ғаниматҳо меёбед ва сабаби пирӯзии динатон мегардад ва агар кушта шавед шаҳид мешавед ва агар онро тарк намоед бароятон бад аст, чункӣ кофирон бар ҷанги шумо далер мешаванд ва кишваратонро истило мекунанд ва дину номусатонро помол месозанд ва зану фарзандатонро ба асирӣ мебаранд ва хорию бенавоӣ шуморо фаро мегирад ва аз музду савоби корзор низ маҳрум мегардед.] Ва Аллоҳ (манфиат ва судҳои дунё ва охирати шуморо) медонад (, ки чӣ чизе барои шумо беҳтар ва чӣ чизе бароятон бад аст) ва шумо намедонед (ва аз ин хотир ба амри Аллоҳ гардан ниҳед ва ба сӯи чизе бишитобед, ки Аллоҳ шуморо мефармояд).
2:216 -
يَسْأَلُونَكَ عَنِ الشَّهْرِ الْحَرَامِ قِتَالٍ فِيهِ ۖ قُلْ قِتَالٌ فِيهِ كَبِيرٌ ۖ وَصَدٌّ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَكُفْرٌ بِهِ وَالْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَإِخْرَاجُ أَهْلِهِ مِنْهُ أَكْبَرُ عِنْدَ اللَّهِ ۚ وَالْفِتْنَةُ أَكْبَرُ مِنَ الْقَتْلِ ۗ وَلَا يَزَالُونَ يُقَاتِلُونَكُمْ حَتَّىٰ يَرُدُّوكُمْ عَنْ دِينِكُمْ إِنِ اسْتَطَاعُوا ۚ وَمَنْ يَرْتَدِدْ مِنْكُمْ عَنْ دِينِهِ فَيَمُتْ وَهُوَ كَافِرٌ فَأُولَٰئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۖ وَأُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ
(Эй Муҳаммад!) Туро аз моҳи ҳаром, аз ҷанг кардан[[Дар моҳҳои Ҳаром равост, ки барои дифоъ ҷанг кунанд, аммо ҷанги эътидо раво нест. Пайғамбари гиромӣ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар яке аз сароё Абдуллоҳ писари Ҷаҳши Асадиро баҳри пайгирии корвони мушрикон, бо гурӯҳи мусалмонон ба водии Батни Нахла фиристод, пас онҳо бо мушрикон ҷангиданд ва Умар писари Хазрамиро куштанд ва ду нафарро асир гирифтанд ва корвони онҳоро ба сӯи Мадина ҳамчун ғанимат оварданд ва онгоҳ рӯзи вопасини моҳи Ҷимодус-сонӣ ва шаби нахустини раҷаб буд, ки аз моҳҳои муҳаррам аст. Мушрикон ба сарзаниши Пайғамбар пардохтанд, ки гӯё ӯ ин моҳро ҳалол намуда аст ва Абдуллоҳ писари Ҷаҳш низ накӯҳиши фаровон дид, то ин ки ин оят фуруд омад.]] дар он мепурсанд (ки оё дар он ҷанг кардан раво аст ё на). (Ба эшон) бигӯ, ҷанг кардан дар он кори бузург аст ва боздоштан (-и муъминон) аз роҳи Аллоҳ ва куфр ба ӯ (, яъне куфр ба Аллоҳ) ва (боздоштан) аз масҷиди Ҳаром (аз Макка) ва берун кардани бошандагони он (масҷид), дар назди Аллоҳ (аз ҷанг кардан ва куштан дар ин моҳ) бузургтар аст. Ва ошӯб (-и ширк ва фитна) ангехтан (ва озмоиши сахт, монанди берун кардани мусалмонон аз Макка ва таъзиби эшон ба дасти кофирон ва фитна андохтан миёни мусалмонон то ин ки ба сӯи куфр баргарданд) аз куштан (-и шахсе дар моҳи ҳаром) сахттар аст ва (кофирон) ҳамеша (ва пайваста) бо шумо ҷанг мекунанд то ин ки агар тавонанд, шуморо аз динатон (ба сӯи куфру гумроҳӣ) бозгардонанд (, то ин ки шумо низ монанди эшон аз дӯзахиён гардед). Ва ҳар кӣ аз шумо (сухани эшонро бипазирад ва) аз динаш баргардад, онгоҳ (тавба накунад ва) бимирад ва ӯ кофир бошад, пас он гурӯҳ кирдор (-и неки) эшон дар ҷаҳон ва охират (ба сабаби куфрашон) нобуд (ва бекор ва барбод) гашта аст. Ва он гурӯҳ бошандагони дӯзаханд. Эшон дар онҷо ҷовидонаанд.
2:217 -
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أُولَٰئِكَ يَرْجُونَ رَحْمَتَ اللَّهِ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ
(Аллоҳи меҳрубон ин оятро барои дилпур намудан ва таскинбахшӣ ба Абдуллоҳ писари Ҷаҳш ва ёронаш фуруд овард, ки эшон аз сабаби корзор карданашон дар моҳи ҳаром гунаҳгор нестанд:) Ҳароина, он касоне ки имон оварданд ва касоне ки (аз зодгоҳҳояшон) ҳиҷрат карданд ва (молу фарзанд ва хешовандонашонро барои хушнудии Аллоҳ вогузоштанд ва барои пирӯзии дин) дар роҳи Аллоҳ (баҳри барафроштани парчами яктопарастии Ислом ва баланд кардани сухани илоҳӣ) ҷиҳод намуданд он гурӯҳ бахшоиши Аллоҳро (ва савоби ӯро) умед доранд. Ва Аллоҳ (баҳри муъминони тавбакор) омурзандаи меҳрубон аст.
2:218 -
يَسْأَلُونَكَ عَنِ الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ ۖ قُلْ فِيهِمَا إِثْمٌ كَبِيرٌ وَمَنَافِعُ لِلنَّاسِ وَإِثْمُهُمَا أَكْبَرُ مِنْ نَفْعِهِمَا ۗ وَيَسْأَلُونَكَ مَاذَا يُنْفِقُونَ قُلِ الْعَفْوَ ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ
(Эй Муҳаммад!) Туро аз (ҳукми) бода[[Ин оят нахустин оят аст, ки дар бораи бода фуруд омада.]] ва қимор[[Қимор ба арабӣ "майсир" барои он номида шуда аст, ки қиморбоз дар қимор молро ба осонӣ ба даст меорад.]] мепурсанд. (Ба эшон) бигӯ, дар (доду гирифти) ин ҳар ду (бар дини шумо) гуноҳ (ва зиён)-и сахт аст. Ва барои мардумон судҳое (андак) аст (, монанди лаззату нафъи бадан ва ҳазми хӯрок ва шодмонӣ ва ба даст овардани дороии ройгон бе ҳеҷ душворӣ ва ранҷе) ва гуноҳ (ва зиён)-и ин ҳар ду (ба ҷисму ақлу молу обрӯ ва муҷтамаъ) аз суди онҳо бузургтар аст (, монанди беҳуш кардан ва рабудани ақл ва беҳуда гум кардани мол ва бемор гаштан аз хамр ва аз қимор монанди вайрон кардани хонадони мардум ва пайдо шудани бадбинию душманӣ миёни бозингарони қимор). Туро мепурсанд, ки чӣ харҷ кунанд? (Ба эшон) бигӯ, (аз дороии худ) фузуниро (харҷ кунед ва ончиро, ки ба он ниёз доред харҷ макунед)! Бад-ин сон Аллоҳ барои шумо оятҳоро равшан мекунад (ки бар суду зиёни шумо чист ва ҳалолу ҳаром кадом аст), то бошад, ки биандешед.
2:219 -
فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۗ وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الْيَتَامَىٰ ۖ قُلْ إِصْلَاحٌ لَهُمْ خَيْرٌ ۖ وَإِنْ تُخَالِطُوهُمْ فَإِخْوَانُكُمْ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ الْمُفْسِدَ مِنَ الْمُصْلِحِ ۚ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَأَعْنَتَكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
(То бошад,) дар (корҳои) гетӣ ва охират биандешед (ва бидонед, ки чӣ чизе барои шумо беҳтар аст ва бидонед, ки гетӣ сипанҷӣ ва гузарон ва хонаи озмоиш аст ва охират ҳамеша ва ҷовидона ва хонаи подошгирист ва хирадманд касест, ки ҷовидонаро бар гузарон баргузинад). [Чун ин оятҳо фуруд омаданд: وَلاَ تَقْرَبُواْ مَالَ الْيَتِيمِ إِلاَّ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ حَتَّى يَبْلُغَ أَشُدَّهُ ... Ба моли ятим наздик машавед, магар ба некӯтарин ваҷҳ ки ба салоҳи ӯ бошад то ба синни булуғ бирасад... (Сураи Анъом; 152) إِنَّ الَّذِينَ يَأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيَتَامَى ظُلْمًا إِنَّمَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَارًا وَسَيَصْلَوْنَ سَعِيرًا Онон ки молҳои ятимонро ба ситам мехӯранд, ҷуз ин нест, ки дар шиками хеш оташро мехӯранд ва ба зудӣ, ба оташи фурӯзони дӯзах медароянд. (Сураи Нисо; 10) ҳар касе ки дар хонааш моли ятим буд хӯриши худро аз хӯриши ятим ва нӯшидании худро аз нӯшидании эшон ҷудо кард ва аз хӯрдани хӯриши ятимон даст кашиданд, то ҳадде ки хӯриши онҳо вайрон мегашт ва ба он даст намезаданд ва ин кор бар эшон хеле душвор буд ва Пайғамбарро аз ин қазия пурсиш карданд ва ин оятҳо фуруд омаданд[["Саҳиҳ"-и Абудовуд; 2871, Нисоӣ;256/7.]] :] Ва (эй Муҳаммад,) туро аз ятимон мепурсанд (, ки бо эшон чӣ гуна рафтор бояд кард), бигӯ, ба эшон (дар дороияшон) ислоҳ овардан (ва эшонро сарпарастӣ ва тарбия намудан, аз дурӣ ҷустан) беҳтар аст. Ва агар (нафақаи худро) бо (нафақаи) эшон (барои манфиате) омезиш кунед, пас эшон бародарони (динии) шумоянд. Ва Аллоҳ (нийят ва қасди ифсоди) табоҳкоронро (дар моли ятимон ва нафақаи эшон) аз (нийят ва қасди ислоҳи) накӯкорон медонад (ва ҳар якеро сазои созгор медиҳад). Агар Аллоҳ мехост, шуморо (дар бораи ятимон) ба душворӣ меафганд (ва бо таҳрими омезиши моли ятимон бар шумо танг меовард, вале бо раҳмату меҳрубонии худ шуморо осон гирифт). Ҳароина, Аллоҳ (дар кори худ) забардасти донишманд аст.
2:220
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)