Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 213

  1. كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ ۚ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ ۖ فَهَدَى اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا لِمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ مِنَ الْحَقِّ بِإِذْنِهِ ۗ وَاللَّهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ

    (Аз замони Одам то замони Нуҳ тайи даҳ қарн) мардумон (дар шариати ҳақ ва имоноварӣ ва яктопарастӣ) як гурӯҳ (-и якпорча) буданд, ( вале дар парастиши Аллоҳ ихтилоф карданд, зеро бархе аз эшон ширку куфр варзиданд,) пас, Аллоҳ (аз раҳмату меҳрубонии худ баҳри раҳнамунӣ сӯи эшон) пайғамбаронро муждадиҳанда (-и муъминон) ва бимкунанда (-и кофирон) фиристод ва ҳмроҳи эшон китобро[[Китоб инҷо исми ҷинс аст ва ба маънии китобҳо омада аст. Гуфтаанд, ки адади пайғамбарон яксаду бисту чаҳор ҳазор ва адади фиристодагон сесаду сенздаҳ нафар аст. ]] ба ростӣ фуруд овард то миёни мардумон дар ончӣ (дар дини худ) ихтилоф карданд (бо он) ҳукм намоянд. Ва дар он ихтилоф накарданд, магар касоне ки ба эшон китоб (-и осмонӣ) дода шуд (ва гурӯҳе ба он имон оварданд ва гурӯҳе куфр варзиданд) баъд аз он ки нишонаҳои равшан (аз хусуси ягонагии Аллоҳ) назди эшон омад, аз сабаби ҳасад бо якдигар ихтилоф карданд. Пас, Аллоҳ бо (хост ва) дастури хеш касонеро ки имон оварданд (, яъне уммати Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) бо он ҳақ роҳ намуд, ки (умматҳои пешина) дар он ихтилоф карданд[[Чунончи имон овардан ба пайғамбарии Исо, ки ҷуҳудон ӯро дурӯғгӯ доштанд ва ҷодугараш номиданд ва қасди куштанашро карданд ва насоро писари Аллоҳаш хонданд. Ихтилофи дигар дар қибла аст, қиблаи мусалмонон Каъба ва қиблаи ҷуҳудон Байтулмақдис ва қиблаи насоро баромадгоҳи офтоб аст. Дар рӯзҳо ихтилоф карданд, ҷуҳудон рӯзи шанберо баргузиданд ва насоро якшанберо ихтёр намуданд ва Аллоҳ уммати исломиро ба сӯи беҳтарин рӯзи ҳафта, рӯзи ҷумъа раҳнамоӣ кард. Дар намоз ихтилоф карданд, аз байни эшон яке ба рукӯъ хам мешавад ва саҷда намекунад ва яке саҷда мекунад ва ба рукӯъ намеравад ва дигаре намоз мегузорад ва сухан мегӯяд ва дигаре намоз мегузорад ва роҳ меравад. Пас Аллоҳ уммати Муҳаммадро ба сӯи ҳақ роҳ намуд. Дар рӯза доштан низ ихтилоф карданд, зеро бархе аз эшон ними рӯзро рӯза медорад ва бархе аз баъзе хӯришҳо даст мекашад, пас Аллоҳ уммати Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи ҳақ раҳнамоӣ кард.]] (ва ба ягонагии Аллоҳ ва ба тамоми пайғамбарону китобҳои ӯ имон оварданд). Ва Аллоҳ ҳар касеро (аз офаридагонаш) хоҳад ба сӯи роҳи рост роҳ менамояд (ки саранҷоми он биҳиштҳои ҷовидона аст).

    2:213

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)