Мусҳаф, саҳифа 33

  1. سَلْ بَنِي إِسْرَائِيلَ كَمْ آتَيْنَاهُمْ مِنْ آيَةٍ بَيِّنَةٍ ۗ وَمَنْ يُبَدِّلْ نِعْمَةَ اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُ فَإِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ

    (Эй Муҳаммад!) Аз фарзандони Исроил[[Фарзандони Яъқуб писари Исҳоқ писари Иброҳим (дуруди Аллоҳ бар эшон бод).]] бипурс, ки эшонро чанд нишонаҳои равшан (, монанди чӯбдасти Мусо ва пора кардани баҳр, соягии сафедабр ва фуруд овардани тарангабин ва бедона) додем (, ки чӣ гуна ин неъматҳоро носипосӣ карданд ва қадрашонро нашинохтанд). Ва ҳар кӣ неъмати Аллоҳ(-Ислом)-ро пас аз он ки ба ӯ расида аст (ба куфр) табдил кунад, пас, ҳароина, Аллоҳ сахтазобкунанда аст.

    2:211
  2. زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُوا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا وَيَسْخَرُونَ مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا ۘ وَالَّذِينَ اتَّقَوْا فَوْقَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ وَاللَّهُ يَرْزُقُ مَنْ يَشَاءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ

    Барои касоне ки (аз аҳли Макка ба Аллоҳ ва ба Пайғамбари ӯ) куфр варзиданд (ва шариати Исломро напазируфтанд, дӯстдории) зиндагонии ин гетӣ (бо фаровонӣ ва дороӣ ва шаҳватҳо ва неъматҳои бешумори он) ороста карда шуд (, то онро хеле сахт дӯст доштанд ва ҳушу ҳавову ҳаваси онҳо аз пайи он рафт ва дилҳояшон бо он ором гирифт ва онро бузург доштанд ва охиратро ба боди фаромӯшӣ супориданд) ва касонеро ки имон оварданд (ба сабаби тиҳидастиашон истеҳзо мекунанд, ки эшон дороияшонро дар роҳи хушнудии Аллоҳ харҷ менамоянд ва эшонро бехирад меномиданд, ки дунёро тарк намуда, рӯ ба сӯи охират овардаанд) ва касоне ки (аз ширк) парҳезгорӣ намуданд, рӯзи бозхост болотар аз эшон бошанд (ва дараҷа ва пойгоҳи парҳезгорону порсоён бо иззату икром дар биҳиштҳои баланд ва ҷойгоҳи кофирон бо хорӣ ва зиллат дар жарфои дӯзах бошад) ва Аллоҳ ҳар касеро хоҳад (дар ҷаҳон ва охират) бешумор рӯзӣ медиҳад (ва рӯзиашро фарох ва бепоён мегардонад).

    2:212
  3. كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ ۚ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ ۖ فَهَدَى اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا لِمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ مِنَ الْحَقِّ بِإِذْنِهِ ۗ وَاللَّهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ

    (Аз замони Одам то замони Нуҳ тайи даҳ қарн) мардумон (дар шариати ҳақ ва имоноварӣ ва яктопарастӣ) як гурӯҳ (-и якпорча) буданд, ( вале дар парастиши Аллоҳ ихтилоф карданд, зеро бархе аз эшон ширку куфр варзиданд,) пас, Аллоҳ (аз раҳмату меҳрубонии худ баҳри раҳнамунӣ сӯи эшон) пайғамбаронро муждадиҳанда (-и муъминон) ва бимкунанда (-и кофирон) фиристод ва ҳмроҳи эшон китобро[[Китоб инҷо исми ҷинс аст ва ба маънии китобҳо омада аст. Гуфтаанд, ки адади пайғамбарон яксаду бисту чаҳор ҳазор ва адади фиристодагон сесаду сенздаҳ нафар аст. ]] ба ростӣ фуруд овард то миёни мардумон дар ончӣ (дар дини худ) ихтилоф карданд (бо он) ҳукм намоянд. Ва дар он ихтилоф накарданд, магар касоне ки ба эшон китоб (-и осмонӣ) дода шуд (ва гурӯҳе ба он имон оварданд ва гурӯҳе куфр варзиданд) баъд аз он ки нишонаҳои равшан (аз хусуси ягонагии Аллоҳ) назди эшон омад, аз сабаби ҳасад бо якдигар ихтилоф карданд. Пас, Аллоҳ бо (хост ва) дастури хеш касонеро ки имон оварданд (, яъне уммати Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)) бо он ҳақ роҳ намуд, ки (умматҳои пешина) дар он ихтилоф карданд[[Чунончи имон овардан ба пайғамбарии Исо, ки ҷуҳудон ӯро дурӯғгӯ доштанд ва ҷодугараш номиданд ва қасди куштанашро карданд ва насоро писари Аллоҳаш хонданд. Ихтилофи дигар дар қибла аст, қиблаи мусалмонон Каъба ва қиблаи ҷуҳудон Байтулмақдис ва қиблаи насоро баромадгоҳи офтоб аст. Дар рӯзҳо ихтилоф карданд, ҷуҳудон рӯзи шанберо баргузиданд ва насоро якшанберо ихтёр намуданд ва Аллоҳ уммати исломиро ба сӯи беҳтарин рӯзи ҳафта, рӯзи ҷумъа раҳнамоӣ кард. Дар намоз ихтилоф карданд, аз байни эшон яке ба рукӯъ хам мешавад ва саҷда намекунад ва яке саҷда мекунад ва ба рукӯъ намеравад ва дигаре намоз мегузорад ва сухан мегӯяд ва дигаре намоз мегузорад ва роҳ меравад. Пас Аллоҳ уммати Муҳаммадро ба сӯи ҳақ роҳ намуд. Дар рӯза доштан низ ихтилоф карданд, зеро бархе аз эшон ними рӯзро рӯза медорад ва бархе аз баъзе хӯришҳо даст мекашад, пас Аллоҳ уммати Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи ҳақ раҳнамоӣ кард.]] (ва ба ягонагии Аллоҳ ва ба тамоми пайғамбарону китобҳои ӯ имон оварданд). Ва Аллоҳ ҳар касеро (аз офаридагонаш) хоҳад ба сӯи роҳи рост роҳ менамояд (ки саранҷоми он биҳиштҳои ҷовидона аст).

    2:213
  4. أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ وَلَمَّا يَأْتِكُمْ مَثَلُ الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلِكُمْ ۖ مَسَّتْهُمُ الْبَأْسَاءُ وَالضَّرَّاءُ وَزُلْزِلُوا حَتَّىٰ يَقُولَ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ مَتَىٰ نَصْرُ اللَّهِ ۗ أَلَا إِنَّ نَصْرَ اللَّهِ قَرِيبٌ

    [Ҳар кӣ имон оварад ва ба дини Ислом гаравад ва шариати ӯро барпо дорад, Аллоҳ ӯро дар сахтиҳо ва фарохиҳо меозмояд ва агар дар фармудаҳои Аллоҳ дар ин ҳол сабр пеша кунад ва аз сахтиҳо наҳаросида бигузарад, пас ӯ дар имони худ содиқ аст ва аммо касе ки содиқ набошад дар озмоишҳо ноком мегардад ва аз Ислом рӯ мегардонад ва ӯ дар даъвои худ содиқ нест, зеро даъворо кирдор тасдиқ мекунад ва ё такзиб менамояд.] (Эй муъминон!) Оё пиндоштед, ки (бе ягон озмоиш ва имтиҳоне) ба биҳишт дароед, ҳол он ки монанди (ҳолати) онон ки пеш аз шумо гузаштаанд, (озмоишҳо) ҳанӯз ба шумо нарасида аст (ва то ҳол шумо монанди эшон бо сахтиҳо озмуда нашудаед). Эшонро сахтӣ (тангдастӣ) ва ранҷ (ва беморӣ) расид (ва бо хавфи душманон) ба ларза дароварда шуданд, (аз шиддати ғаму андӯҳ) гуфтанд, ки (он) ёрӣ (-и ваъдадодаи) Аллоҳ кай бошад? (Онгоҳ аз ҷониби Аллоҳ эшонро посух расид, ки эй муъминон!) Огоҳ бошед, ёрии Аллоҳ наздик аст (ва душворӣ ҳар андоза сахт бошад, ёрии Аллоҳ ҳам ба андозаи он мерасад).

    2:214
  5. يَسْأَلُونَكَ مَاذَا يُنْفِقُونَ ۖ قُلْ مَا أَنْفَقْتُمْ مِنْ خَيْرٍ فَلِلْوَالِدَيْنِ وَالْأَقْرَبِينَ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ ۗ وَمَا تَفْعَلُوا مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ بِهِ عَلِيمٌ

    (Эй Муҳаммад!) Аз ту мепурсанд, ки (аз моли худ) чиро (ва ба чӣ касе) харҷ кунанд? (Ба эшон) бигӯ, ончӣ аз дороӣ харҷ кардед, пас (харҷи мол) баҳри модару падар ва хешовандону ятимон ва бечорагону мусофирон (беҳтар) бошад. Ва ҳарчӣ аз некӣ мекунед, ҳароина, Аллоҳ ба он доност (ва шуморо бо он подоши накӯ медиҳад ва касеро ба андозаи заррае ситам намекунад). [Пурсандаи ин савол Умар писари Ҷамуҳ буд, ки ба пирӣ расида ва марде доро ва тавонгар буд ва аз пайғамбар пурсид, ки аз кадом мол ва ба кӣ харҷ намояд.]

    2:215

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)