Мусҳаф, саҳифа 32
-
وَاذْكُرُوا اللَّهَ فِي أَيَّامٍ مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ تَعَجَّلَ فِي يَوْمَيْنِ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ وَمَنْ تَأَخَّرَ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ لِمَنِ اتَّقَىٰ ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ
Ва Аллоҳро дар рӯзҳои шумурдашуда (-и ташриқ[[Рӯзҳои ташриқ се рӯзи баъди иди Қурбонанд.]], рӯзҳои 11-ум ва 12-ум ва 13-уми моҳи Зулҳиҷҷа, дар Мино ҳангоми андохтани сангҳо бо такбир ва баъд аз рӯзи наҳр ва рӯзи ид ва пас аз намозҳои фариза) ёд кунед! Пас ҳар кӣ дар ду рӯз (-и ташриқ дар андохтани сангҳо) шитоб кард (ва пеш аз ғуруби офтоб дар рӯзи дуввум аз Мино ба Макка баргашт), онгоҳ бар ӯ (ба сабаби шитоб карданаш) ҳеҷ гуноҳе нест ва ҳар кӣ (то рӯзи саввум) дер монад (ва сангандозиро анҷом диҳад), онгоҳ бар ӯ ҳеҷ гуноҳе нест. Баҳри касе ки парҳезгорӣ кард (подоши накӯ бошад). Ва (бо фармонбардорӣ ва дурӣ аз маъсиятҳо) аз Аллоҳ битарсед. Ва ба сӯи ӯ барангехта мешавед (ва ӯ шуморо бо кирдорҳоятон подош ва ё кайфар мекунад).
2:203 -
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُعْجِبُكَ قَوْلُهُ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَيُشْهِدُ اللَّهَ عَلَىٰ مَا فِي قَلْبِهِ وَهُوَ أَلَدُّ الْخِصَامِ
Аз мардумон касе ҳаст[[Монанди Ахнас писари Шариқи сақафӣ ки аз мунофиқон буд. *Дар оятҳои қуръонӣ ибрат ба сабаби нузул нест, балки ба умуми лафз аст, зеро ояте ки дар шаъни нафаре фуруд ояд, баъд аз он ом мешавад ва ҳамаро дар бар мегирад, чунончи инҷо Ахнас писари Шариқ мисоли баде барои касест, ки ин сифатҳоро дорад ва Суҳайб мисоли нек барои ҳар касест, ки ин сифатҳои сутударо дорад. ]] , ки Исломро ошкор мекунад ва куфру нифоқро дар дил пинҳон медорад ва (чарбзабониву) сухани (дилфиреби) ӯ дар зиндагони дунё туро ба шигифт меорад (ва хушат меояд) ва ӯ бар ончӣ дар дил дорад, Аллоҳро гувоҳ меорад (ва савганд ёд мекунад, ки ӯ муъмин аст ва туро дӯст медорад) ва ҳол он ки ӯ (дар ноҳақ ва дар душмании ту ва пайравони ту) сахттарин ситезандагон аст (, зеро суханонаш дурӯғ ва кирдораш бад ва эътиқодаш вайрон ва корҳояш зиштанд).
2:204 -
وَإِذَا تَوَلَّىٰ سَعَىٰ فِي الْأَرْضِ لِيُفْسِدَ فِيهَا وَيُهْلِكَ الْحَرْثَ وَالنَّسْلَ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ الْفَسَادَ
Чун (аз пеши ту) баргардад, дар замин (бо иртикоби ҷаримаҳо) кӯшад, то ин ки дар он табоҳӣ кунад ва кишту нажод(ва фарзанду чаҳорпоён)-ро нобуд созад. Ва Аллоҳ табоҳкориро дӯст намедорад.
2:205 -
وَإِذَا قِيلَ لَهُ اتَّقِ اللَّهَ أَخَذَتْهُ الْعِزَّةُ بِالْإِثْمِ ۚ فَحَسْبُهُ جَهَنَّمُ ۚ وَلَبِئْسَ الْمِهَادُ
Ва чун ба ӯ гуфта шавад, ки аз Аллоҳ битарс (ва тарки бадкорӣ кун, панд нашунавад ва) ӯро ба сабаби гуноҳаш (ҳамийяти ҷоҳилият ва якравиву ғуруру) худписандӣ фаро гирад. Пас (азоби) дӯзах ӯро басанда аст ва чӣ ҷойгоҳи бадест (, ки дар онҷо кайфари кирдорҳои бад ва куфру нифоқашро хоҳад чашид).
2:206 -
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَشْرِي نَفْسَهُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ
[Ин оят дар бораи Абуяҳё Суҳайб писари Синони румӣ фуруд омада аст, ки чун мушрикон озораш доданд, ҳама дороияшро ба эшон дод ва худ ба Мадина ҳиҷрат карду сӯҳбати Пайғамбари гиромиро баргузид[[Нигаред, «Мустадрак»-и Ҳоким; 398/3.]].] Ва аз мардумон касе ҳаст, ки хештанро (ва дороияшро) барои ҷустани хушнудии Аллоҳ мефурӯшад. Ва Аллоҳ бар бандагонаш меҳрубон аст.
2:207 -
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ادْخُلُوا فِي السِّلْمِ كَافَّةً وَلَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ
[Ин оят дар бораи Абдуллоҳ писари Салом ва ёрони ӯ (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) фуруд омада аст. Азбаски эшон аз Банӣ Исроил буданд, пас аз он ки ба Ислом даромаданд, рӯзи шанберо бузург медоштанд ва шутурро дӯст медоштанд ва гӯшташро намехӯрданд.] Эй касоне ки имон овардед, ҳамагӣ (бо пазируфтани тамоми шариат ва аҳком) ба Ислом дароед (ва ба андозаи тавони хеш ба ҳама шариати он амал кунед, на чунонки ҳукмеро бигиред ва ҳукмеро раҳо кунед) ва (фармонҳо ва роҳҳо ва) гомҳои шайтонро (ки бо оростани бадкориҳо онҳоро дар чашми шумо ҷилва медиҳад,) пайравӣ макунед (чунончи ба баъзе аз мӯъминони аҳли китоб бузургдошти рӯзи шанбе ва хӯрдани гӯшти шутурро бо он ороста буд, ки ин кор аз дини Аллоҳ аст). Ҳароина, ӯ (, яъне шайтон) шуморо душмани ошкорост (ва шуморо фақат ба сӯи бадкорӣ ва зиштӣ мехонад, ки аз он корҳо ба шумо ҷуз зиёну осеб чизе намерасад ва саранҷоми ин ҳама дӯзах хоҳад буд).
2:208 -
فَإِنْ زَلَلْتُمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْكُمُ الْبَيِّنَاتُ فَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
Пас, агар баъд аз он ки ба шумо суханони равшан (-и ҳақ) омаданд (аз ҳақ ба сӯи ширк) билахшед, онгоҳ бидонед, ки Аллоҳ (дар интиқомгирӣ ва дар корҳои худ) забардасти донишманд аст (, ки ҳеҷ забардаст ва ҳеҷ фирорие бар ӯ чира нашавад ва ҳеҷ донишманд ва зираке ӯро оҷиз накунад).
2:209 -
هَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا أَنْ يَأْتِيَهُمُ اللَّهُ فِي ظُلَلٍ مِنَ الْغَمَامِ وَالْمَلَائِكَةُ وَقُضِيَ الْأَمْرُ ۚ وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ
Оё (касоне ки ба Ислом надаромадаанд,) чашмдоранд, ки (рӯзи қиёмат) Аллоҳ ва фариштагон назди эшон дар соябони сафедабр (баҳри файсала байни пешиниёну пасиниён) биоянд (ва пас ба дини Ислом имон биёваранд) ва (онгоҳ) кор (-и ҳукмашон ба адл) ба анҷом расонида шавад (ва бархеро ба биҳишт ва бархеро ба дӯзах дароварад) ва ҳама корҳо ба сӯи Аллоҳ баргардонида мешаванд.
2:210
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)