Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 102

  1. وَاتَّبَعُوا مَا تَتْلُو الشَّيَاطِينُ عَلَىٰ مُلْكِ سُلَيْمَانَ ۖ وَمَا كَفَرَ سُلَيْمَانُ وَلَٰكِنَّ الشَّيَاطِينَ كَفَرُوا يُعَلِّمُونَ النَّاسَ السِّحْرَ وَمَا أُنْزِلَ عَلَى الْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَارُوتَ وَمَارُوتَ ۚ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَا إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلَا تَكْفُرْ ۖ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِ بَيْنَ الْمَرْءِ وَزَوْجِهِ ۚ وَمَا هُمْ بِضَارِّينَ بِهِ مِنْ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنْفَعُهُمْ ۚ وَلَقَدْ عَلِمُوا لَمَنِ اشْتَرَاهُ مَا لَهُ فِي الْآخِرَةِ مِنْ خَلَاقٍ ۚ وَلَبِئْسَ مَا شَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ ۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ

    [Чун Сулаймон аз ҷаҳон даргузашт, шайтонҳо китобе дар ҷодугирӣ навиштанд ва зери курсии ӯ пинҳон карданд ва мардумро гуфтанд, ки Сулаймон бо ин китоб ҷинниёну одамиён ва парандагону офаридагон ва бодро зери даст карда буд ва рози подшоҳии Сулаймон дар ҳамин китоб аст[[«Тафсири Табарӣ»; 1652, 1660, 1661.]], пас ҷуҳудон онро мехонданд ва китоби осмониро намепазируфтанд, чун Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пайғамбарии Сулаймонро (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ёд кард, ҷуҳудон гуфтанд, ки ӯ ҷодугаре кофир буд ва Аллоҳ ба эшон посух дод:] Ва эшон (ҷуҳудон) ончиро пайравӣ карданд, ки шайтонҳо дар кишвари Сулаймон (аз афсуну ҷодугарӣ) мехонданд. Ва Сулаймон (ҷодугарӣ накард ва) куфр наварзид, балки шайтонҳо куфр оварданд, ки мардумро ҷоду меомӯхтанд. Ва ончиро пайравӣ карданд, ки ба ду фаришта Ҳорут ва Морут дар Бобил фуруд оварда шуд. Ва он ду (фаришта) ҳеҷ касро (ҷоду) намеомӯхтанд, то инки (аз баҳри насиҳат бад-ӯ) бигӯянд: «Ҷуз ин нест, ки мо (озмоиш ва) ошӯбем, пас (ҷодуро ёд магир ва) куфр маварз!» [Онгоҳ агар насиҳати эшонро намешунид, ӯро ҷоду меомӯхтанд.] Пас аз он ду (фаришта) ончиро меомӯзанд, ки бо он миёни марду ҷуфти[[Ҷуфт – зан, ҳамсар.]] ӯ ҷудоӣ меафкананд. Ва эшон, ( яъне ҷодугарони ҷуҳудон) ба ҳеҷ кас осеб расонанда нестанд, магар ба дастури Аллоҳ. Ва ончиро меомӯзанд, ки ба (дину охирати) эшон зиён мерасонаду судашон намеорад ва ба дурустӣ эшон донистаанд, ки ҳаркӣ он(ҷодугарӣ)-ро харид (ва биситонд ва бо он амал кард), ӯро дар охират ҳеҷ баҳрае набошад. Ва бегумон чизи зишт аст, ончи ки хештанро бо он фурӯхтаанд, агар (ҳақиқатро) медонистанд. [Ҳорут ва Морут дар Бобил мардумро ҷоду меомухтанд, чун касе пеши эшон барои омӯхтани ҷоду меомад, ӯро насиҳат мекарданд, ки омӯхтани ҷоду куфр аст, чун пофишорӣ мекард, ӯро ҷоду меомӯзониданд].

    2:102

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)