Мусҳаф, саҳифа 27

  1. لَيْسَ الْبِرَّ أَنْ تُوَلُّوا وُجُوهَكُمْ قِبَلَ الْمَشْرِقِ وَالْمَغْرِبِ وَلَٰكِنَّ الْبِرَّ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَالْمَلَائِكَةِ وَالْكِتَابِ وَالنَّبِيِّينَ وَآتَى الْمَالَ عَلَىٰ حُبِّهِ ذَوِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ وَالسَّائِلِينَ وَفِي الرِّقَابِ وَأَقَامَ الصَّلَاةَ وَآتَى الزَّكَاةَ وَالْمُوفُونَ بِعَهْدِهِمْ إِذَا عَاهَدُوا ۖ وَالصَّابِرِينَ فِي الْبَأْسَاءِ وَالضَّرَّاءِ وَحِينَ الْبَأْسِ ۗ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ صَدَقُوا ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُتَّقُونَ

    [Чун муъминон фармуда шуданд, ки дар намозҳои худ рӯй сӯи Каъба бигардонанд, ин кор барои гурӯҳе аз китобиён ва бархе аз мусалмонон душвор намуд, пас Аллоҳ ҳикматашро баён намуд, ки мурод фақат тоати Аллоҳ ва фармонбардорӣ ва пайравии фармудаҳои ӯст, ки он худ парҳезгорӣ ва имони комил аст:] Накӯкорӣ нест, ки (дар намозҳо) рӯйҳои худро сӯи ховару бохтар бигардонед валекин накӯкорӣ (-и комил) он аст, ки кас ба (ягонагии) Аллоҳ ва (барпо гаштани) рӯзи бозпасин ва (ба ҳастии) фариштагон ва ба китоб (-ҳои осмонӣ) ва (ба ҳама) пайғамбарон бовар дорад ва молро бо вуҷуди дӯстдории он ба хешовандону ятимон (-и бепадару модар ки аз хурдсолӣ касби рӯзӣ натавонанд) ва ба бечорагон (-и бехонаву бесарпаноҳ ва бараҳнагашта) ва ба мусофирон (-и вомонда дар роҳ ки аз зодбуми худ дур гаштаву бетӯшаанд ва ба меҳмонон) ва ба гадоён ва дар озод кардани гарданҳо (-и бандагону асирон) бидиҳад ва намозро (дар вақташ бо рукӯъву суҷуд ва хушӯъву оромӣ ва бо риояи воҷиботу аркон ва шуруту суннатҳову мустаҳабботаш) барпо дорад ва закот (-и фариза ва татаввӯъ)-ро бипардозад. Ва (накӯкорӣ ин аст, ки) ба (назр ва) паймонҳояшон вафокунанда бошанд, чун (бо Аллоҳ ва ё бо мардумон) паймон бастанд (ва ҳаргиз паймони худро нашикананд) ва дар тангдастӣ ва ранҷ (ва дарду беморӣ) ва ҳангоми (сахтии) корзор (-и душманон) шикебо бошанд. Эшонанд, ки (дар имони худ бо накӯкорӣ) рост гуфтанд (ва имонро бо дил ва бо суханҳо ва бо кирдорҳои шоиста амалӣ намуданд) ва парҳезгорон (-и худотарс) эшонанд.

    2:177
  2. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِصَاصُ فِي الْقَتْلَى ۖ الْحُرُّ بِالْحُرِّ وَالْعَبْدُ بِالْعَبْدِ وَالْأُنْثَىٰ بِالْأُنْثَىٰ ۚ فَمَنْ عُفِيَ لَهُ مِنْ أَخِيهِ شَيْءٌ فَاتِّبَاعٌ بِالْمَعْرُوفِ وَأَدَاءٌ إِلَيْهِ بِإِحْسَانٍ ۗ ذَٰلِكَ تَخْفِيفٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَرَحْمَةٌ ۗ فَمَنِ اعْتَدَىٰ بَعْدَ ذَٰلِكَ فَلَهُ عَذَابٌ أَلِيمٌ

    Эй касоне ки имон овардед, бар шумо дар куштагон қисос лозим карда шуд (, агар амдан кушта шавад ё соҳиби хун аз қотил дарнагузарад ва ё дар ҳоле ки хунбаҳо талаб накунад, онгоҳ) марди озод ба ҷои марди озод ва банда ба ҷои банда ва зан ба ҷои зан (ба қисос кушта шавад). Пас ҳар кӣ (аз қотилон) ӯро аз хуни бародар (-и кушта)-аш чизе бахшида шуд (ва соҳиби хун аз қотил гузашт кард, ки ба ҷои қисос ба хунбаҳо розӣ шавад), пас (соҳиби хун аз қотил) ба некӯӣ пайравӣ кунад (ва хунбаҳоро бе зӯроварӣ бо нармӣ дархост кунад) ва (қотил) хунбаҳоро (бе ягон камиву коству таъхир) бо хушӣ ба вай (, яъне ба соҳиби хун) бипардозад. Ин ҳукм сабукӣ (ва осонӣ) ва раҳмате аз ҷониби Парвардигори шумост. Пас ҳар кӣ баъд аз ин (афв кардан) аз ҳад даргузарад (ва пас аз афв ва ё қабули хунбаҳо ва ё ситодани он қотилро бикушад), онгоҳ ӯро (дар дунё ва охират) азоби дарддиҳанда бошад.

    2:178
  3. وَلَكُمْ فِي الْقِصَاصِ حَيَاةٌ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

    Ва шуморо дар қисос (мояи) зиндагонист, эй ҳушмандон (, зеро чун касе хоҳад, ки касеро бикушад, медонад, ки ҷазои куштан қисос аст, пас аз хавфи қатли худ аз куштан даст мекашад ва бад-ин сабаб худ зинда мемонад ва ҷони касе ки ӯ қасди куштанашро дошт, низ ҳифз мешавад ва аз ин рӯ, ҷони ӯ ва ҷони дигарон ва зиндагонии эшон нигаҳ дошта мешавад), бошад, ки (аз гуноҳҳо ва муҳаррамот) парҳезгорӣ кунед (ва дар тоати Аллоҳ кӯшиш намоед).

    2:179
  4. كُتِبَ عَلَيْكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ إِنْ تَرَكَ خَيْرًا الْوَصِيَّةُ لِلْوَالِدَيْنِ وَالْأَقْرَبِينَ بِالْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى الْمُتَّقِينَ

    (Эй муъминон!) Бароятон васият лозим карда шуд[[Васият барои падару модар ва хешовандони меросхӯр бо ояти мерос дар ояти 11 сураи Нисо бекор гашта аст, вале дар ҳаққи хешовандоне ки мерос намебаранд, ҳукми истиҳбоб дорад.]], ҳангоме ки ба касе аз шумо марг[[Сабабҳои марг, чун беморӣ ва пирӣ ва ғайра.]] фаро расад, агар дороӣ (-и фаровон) вогузорад, бар падару модар ва наздикон ба некӯӣ (ва адл) васият кунад! Ин кор бар парҳезгорон воҷиб аст (то ин ки васият аз сеяки он дороӣ бештар набошад, на ин ки ба дороён васият кунаду тангдастонро бигузорад).

    2:180
  5. فَمَنْ بَدَّلَهُ بَعْدَمَا سَمِعَهُ فَإِنَّمَا إِثْمُهُ عَلَى الَّذِينَ يُبَدِّلُونَهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

    Пас ҳар кӣ (аз гувоҳони васиятшаванда) васиятро пас аз шуниданаш табдил кунад (ва онро кам ё зиёд намояд), ҷуз ин нест, ки гуноҳаш бар он касонест, ки он(васият)-ро табдил мекунанд (ва васияткунанда дар ин миён бегуноҳ аст). Ҳароина, Аллоҳ (бар табдилкунандагон ва ончи васияткунанда васият карда аст) шунавои биност.

    2:181

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)