Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 177
-
لَيْسَ الْبِرَّ أَنْ تُوَلُّوا وُجُوهَكُمْ قِبَلَ الْمَشْرِقِ وَالْمَغْرِبِ وَلَٰكِنَّ الْبِرَّ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَالْمَلَائِكَةِ وَالْكِتَابِ وَالنَّبِيِّينَ وَآتَى الْمَالَ عَلَىٰ حُبِّهِ ذَوِي الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ وَالسَّائِلِينَ وَفِي الرِّقَابِ وَأَقَامَ الصَّلَاةَ وَآتَى الزَّكَاةَ وَالْمُوفُونَ بِعَهْدِهِمْ إِذَا عَاهَدُوا ۖ وَالصَّابِرِينَ فِي الْبَأْسَاءِ وَالضَّرَّاءِ وَحِينَ الْبَأْسِ ۗ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ صَدَقُوا ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُتَّقُونَ
[Чун муъминон фармуда шуданд, ки дар намозҳои худ рӯй сӯи Каъба бигардонанд, ин кор барои гурӯҳе аз китобиён ва бархе аз мусалмонон душвор намуд, пас Аллоҳ ҳикматашро баён намуд, ки мурод фақат тоати Аллоҳ ва фармонбардорӣ ва пайравии фармудаҳои ӯст, ки он худ парҳезгорӣ ва имони комил аст:] Накӯкорӣ нест, ки (дар намозҳо) рӯйҳои худро сӯи ховару бохтар бигардонед валекин накӯкорӣ (-и комил) он аст, ки кас ба (ягонагии) Аллоҳ ва (барпо гаштани) рӯзи бозпасин ва (ба ҳастии) фариштагон ва ба китоб (-ҳои осмонӣ) ва (ба ҳама) пайғамбарон бовар дорад ва молро бо вуҷуди дӯстдории он ба хешовандону ятимон (-и бепадару модар ки аз хурдсолӣ касби рӯзӣ натавонанд) ва ба бечорагон (-и бехонаву бесарпаноҳ ва бараҳнагашта) ва ба мусофирон (-и вомонда дар роҳ ки аз зодбуми худ дур гаштаву бетӯшаанд ва ба меҳмонон) ва ба гадоён ва дар озод кардани гарданҳо (-и бандагону асирон) бидиҳад ва намозро (дар вақташ бо рукӯъву суҷуд ва хушӯъву оромӣ ва бо риояи воҷиботу аркон ва шуруту суннатҳову мустаҳабботаш) барпо дорад ва закот (-и фариза ва татаввӯъ)-ро бипардозад. Ва (накӯкорӣ ин аст, ки) ба (назр ва) паймонҳояшон вафокунанда бошанд, чун (бо Аллоҳ ва ё бо мардумон) паймон бастанд (ва ҳаргиз паймони худро нашикананд) ва дар тангдастӣ ва ранҷ (ва дарду беморӣ) ва ҳангоми (сахтии) корзор (-и душманон) шикебо бошанд. Эшонанд, ки (дар имони худ бо накӯкорӣ) рост гуфтанд (ва имонро бо дил ва бо суханҳо ва бо кирдорҳои шоиста амалӣ намуданд) ва парҳезгорон (-и худотарс) эшонанд.
2:177
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)