Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 176
-
ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ نَزَّلَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ ۗ وَإِنَّ الَّذِينَ اخْتَلَفُوا فِي الْكِتَابِ لَفِي شِقَاقٍ بَعِيدٍ
Ин (сазовор гаштани эшон ба азоби сахти дӯзах) бад-он сабаб аст, ки Аллоҳ китобро (ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ба дигар пайғамбарони пеш аз ӯ) ба ростӣ (бо аҳкому ақидаи устувор) фуруд овард ва ҳароина, онон ки дар китоб ихтилоф карданд (ва ба бархе аз китоб имон оварданду ба баъзеи он бо пинҳон кардани он куфр варзиданд ва Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дурӯғгӯ хонданд ва ба оёти илоҳӣ истеҳзо намуданд, миёни худ) дар душманӣ (ва низоъ) дур аз ҳақанд.
2:176
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)