Мусҳаф, саҳифа 26

  1. وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا أَلْفَيْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا ۗ أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ شَيْئًا وَلَا يَهْتَدُونَ

    Чун ба эшон (, яъне ба мушрикону кофирон) гуфта шавад, ки онро пайравӣ кунед, ки Аллоҳ (аз Қуръон ва оини яктопарастӣ бар Муҳаммад) фуруд оварда аст, гӯянд, балки чизеро парастиш мекунем, ки падарони (бутпарасти) хешро бар он ёфтаем. Оё эшон падаронашонро пайравӣ мекунанд, агарчӣ падарони эшон (аз амри дин) чизе намефаҳмиданд ва (ба сӯи ҳақ) роҳ намеёфтанд?

    2:170
  2. وَمَثَلُ الَّذِينَ كَفَرُوا كَمَثَلِ الَّذِي يَنْعِقُ بِمَا لَا يَسْمَعُ إِلَّا دُعَاءً وَنِدَاءً ۚ صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لَا يَعْقِلُونَ

    Ва достони (панд додани) касоне ки куфр оварданд (ва даъват кардани эшон ба раҳнамунии дини Ислом) монанди касест, ки чизеро (ва касеро) бонг мезанад, ки (монанди ҷонварҳо) намешунаванд, магар хондан ва фарёд(-у ғирев)-ро (ва ғайр аз овоз чизеро аз маънои суханҳо намефаҳманд ва намедонанд). Эшон (аз шунидани ҳақ) каранд ва (аз гуфтани ҳақ) гунганд ва (аз дидани ҳақ) кӯранд, пас эшон (пандро) ҳеҷ намефаҳманд.

    2:171
  3. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ وَاشْكُرُوا لِلَّهِ إِنْ كُنْتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ

    Эй касоне ки имон овардед, аз покизаҳое бихӯред, ки шуморо рӯзӣ додаем[[Хӯрдани рӯзии ҳалол сабаби пазируфтани дуо ва парастишҳост, ҳамчуноне ки хӯрдани ҳаром сабаби манъи қабули дуо ва парастишҳост.]] ва (неъматҳои бешумори) Аллоҳро (барои рӯзиҳои ҳалолу покизааш) сипос бигузоред, агар ӯро мепарастед.

    2:172
  4. إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةَ وَالدَّمَ وَلَحْمَ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ بِهِ لِغَيْرِ اللَّهِ ۖ فَمَنِ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Ҷуз ин нест, ки (Аллоҳ) бар шумо мурдор ва хун[[Ғайр аз ду мурда: Малах ва моҳии мурда ва ғайр аз ду хун: Ҷигар ва сипурч (сиёҳлаб). ]] ва гӯшти хукро ҳаром карда аст ва ончиро ҳаром карда аст, ки дар куштани он ба ғайри (номи) Аллоҳ овоз баланд карда шуд (ва номи буте ва ё шахси мурдае ва ё мазоре ва ё ҷинӣ ва ё парӣ ва ё фаришта ва ё пайғамбаре ва ё валӣ ва ё шаҳиде ёд гардад). Пас ҳар кӣ (аз бими мурдан дар хӯрдани ин муҳаррамот) ночор монад (, пас бихурад, вале) дар сурат, ки (бар мусалмонон) на ситамкунанда ва на (роҳзани) азҳаддаргузаранда[[Ё аз андозаи садди гуруснагӣ нагузарад. ]] бошад (ва ё чандон нахӯрад, ки сер шавад ва на чандон ки аз заъф ҷонаш барояд ва низ онро чандон напазад, ки иштиҳо пайдо кунад), онгоҳ бар вай (дар хӯрдани он) гуноҳе набошад. Ҳароина, Аллоҳ (барои ёрони худ) омурзанда (ва барои фармонбарандагонаш) меҳрубон аст (ва аз раҳмати ӯст, ки ҳангоми зарурат ҳаромро мубоҳ гардонида аст).

    2:173
  5. إِنَّ الَّذِينَ يَكْتُمُونَ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ مِنَ الْكِتَابِ وَيَشْتَرُونَ بِهِ ثَمَنًا قَلِيلًا ۙ أُولَٰئِكَ مَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ إِلَّا النَّارَ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ اللَّهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

    Ҳароина, (донишмандони ҷуҳудон,) касоне* ки ончиро мепӯшонанд, ки Аллоҳ аз китоб (-и Таврот дар бораи сифатҳои пайғамбарии Муҳаммад) фуруд оварда аст ва ба ивази он баҳои андак (- ришваву пора) меситонанд, он гурӯҳ дар шикамҳои худ (ба ҷои ришва) ҷуз оташ намехӯуранд ва рӯзи бозхост Аллоҳ (аз хашм) бо эшон сухан нагӯяд ва эшонро (аз палидии гуноҳҳояшон) пок насозад ва эшонро азоби дарддиҳанда (-и оташи дӯзах) бошад.

    2:174
  6. أُولَٰئِكَ الَّذِينَ اشْتَرَوُا الضَّلَالَةَ بِالْهُدَىٰ وَالْعَذَابَ بِالْمَغْفِرَةِ ۚ فَمَا أَصْبَرَهُمْ عَلَى النَّارِ

    Эшонанд онон ки бо раҳнамунӣ гумроҳиро ва бо омурзиш азобро хариданд (ва сифатҳои Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва вақти барангезиши ӯро пинҳон доштанд), пас эшон бар оташ (-и дӯзах) чӣ (сахтҷон ва) шикебоянд (ва чӣ чиз эшонро бар оташи дӯзах далер намуда аст, ки дар гуноҳ варзидан бебокӣ мекунанд)?

    2:175
  7. ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ نَزَّلَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ ۗ وَإِنَّ الَّذِينَ اخْتَلَفُوا فِي الْكِتَابِ لَفِي شِقَاقٍ بَعِيدٍ

    Ин (сазовор гаштани эшон ба азоби сахти дӯзах) бад-он сабаб аст, ки Аллоҳ китобро (ба Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ба дигар пайғамбарони пеш аз ӯ) ба ростӣ (бо аҳкому ақидаи устувор) фуруд овард ва ҳароина, онон ки дар китоб ихтилоф карданд (ва ба бархе аз китоб имон оварданду ба баъзеи он бо пинҳон кардани он куфр варзиданд ва Муҳаммадро (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дурӯғгӯ хонданд ва ба оёти илоҳӣ истеҳзо намуданд, миёни худ) дар душманӣ (ва низоъ) дур аз ҳақанд.

    2:176

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)