Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 170
-
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا أَلْفَيْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا ۗ أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ شَيْئًا وَلَا يَهْتَدُونَ
Чун ба эшон (, яъне ба мушрикону кофирон) гуфта шавад, ки онро пайравӣ кунед, ки Аллоҳ (аз Қуръон ва оини яктопарастӣ бар Муҳаммад) фуруд оварда аст, гӯянд, балки чизеро парастиш мекунем, ки падарони (бутпарасти) хешро бар он ёфтаем. Оё эшон падаронашонро пайравӣ мекунанд, агарчӣ падарони эшон (аз амри дин) чизе намефаҳмиданд ва (ба сӯи ҳақ) роҳ намеёфтанд?
2:170
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)