Мусҳаф, саҳифа 25

  1. إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَالْفُلْكِ الَّتِي تَجْرِي فِي الْبَحْرِ بِمَا يَنْفَعُ النَّاسَ وَمَا أَنْزَلَ اللَّهُ مِنَ السَّمَاءِ مِنْ مَاءٍ فَأَحْيَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِنْ كُلِّ دَابَّةٍ وَتَصْرِيفِ الرِّيَاحِ وَالسَّحَابِ الْمُسَخَّرِ بَيْنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

    Ҳароина, дар (шигифтиҳои) офариниши осмонҳову замин ва дар рафтуомад(ва пайдарпаӣ ва косташавиву афзуншавӣ)-и шабу рӯз ва дар он киштие ки дар дарё бо ончӣ меравад, ки мардумро (бо бозаргонӣ ва ҳамл) суд медиҳад ва дар ончи Аллоҳ аз (абрҳои) осмон об (-и борон) фуруд оварда, пас бо он об заминро баъд аз маргаш (бо дарахтону растаниҳову гиёҳҳо) зинда гардонид ва дар он замин аз ҳар гуна ҷонваре пароканда сохт ва дар вазонидани бодҳо ва дар абрҳои (ба фармону қудратҳои илоҳӣ) ромшуда миёни осмону замин барои гурӯҳе ки меандешанд (баҳри ягонагии Аллоҳ) нишонаҳо(ва далилҳо)-ст.

    2:164
  2. وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَتَّخِذُ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَنْدَادًا يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ آمَنُوا أَشَدُّ حُبًّا لِلَّهِ ۗ وَلَوْ يَرَى الَّذِينَ ظَلَمُوا إِذْ يَرَوْنَ الْعَذَابَ أَنَّ الْقُوَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًا وَأَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعَذَابِ

    Ва аз миёни мардум касе ҳаст, ки (аз нодонӣ) ба ҷуз Аллоҳ (аз фариштагон ва одамиён ва ҷинниёну бутҳову мурдагон) ҳамтоён гирифта аст ва эшонро монанди дӯстдории Аллоҳ дӯст медоранд. Ва касоне ки имон овардаанд, дар дӯстдории Аллоҳ сахттаранд (ва ӯро ба яктогӣ мепарастанд ва ба ӯ ҳамто намеоваранд ва дар ҳама корҳо ба ӯ тавакул мекунанд ва ба ӯ паноҳ мебаранд). Ва агар касоне ки (хештанро бо гирифтани ҳамтоён ба Аллоҳ ва мардумро бо боздоштан аз роҳи рост) ситам карданд, медонистанд, ки (рӯзи растохез) вақте азобро (бо чашмонашон) мебинанд (, ки забон аз васфи он оҷиз аст) медонанд, ки ҳама тавоноӣ Аллоҳрост ва ин ки Аллоҳ сахт азобкунанда аст (, онгоҳ пушаймон мешаванд, ки чаро дар дунё фариштаву ҷинниёну инс ва буту сангу чӯбро парастиданд, ки эшонро суде наметавонанд дод ва раҳоӣ наметавонанд бахшид, вале онгоҳ пушаймонӣ ҳеҷ суде надорад).

    2:165
  3. إِذْ تَبَرَّأَ الَّذِينَ اتُّبِعُوا مِنَ الَّذِينَ اتَّبَعُوا وَرَأَوُا الْعَذَابَ وَتَقَطَّعَتْ بِهِمُ الْأَسْبَابُ

    Чун (рӯзи қиёмат ончиро, ки васф нашавад ба чашмони хеш бибинанд, пешвоёни эшон) касоне ки (монанди фариштагону ҷинниёну сарварони куфру гумроҳӣ) пайравӣ шуданд (, аз пайравони худ) аз касоне ки эшонро пайравӣ намудаанд безорӣ ҷӯянд ва азобро бибинанд ва сабабҳо (-и раҳоӣ ва василаҳои хешовандиву дӯстӣ аз эшон) бурида гардад.

    2:166
  4. وَقَالَ الَّذِينَ اتَّبَعُوا لَوْ أَنَّ لَنَا كَرَّةً فَنَتَبَرَّأَ مِنْهُمْ كَمَا تَبَرَّءُوا مِنَّا ۗ كَذَٰلِكَ يُرِيهِمُ اللَّهُ أَعْمَالَهُمْ حَسَرَاتٍ عَلَيْهِمْ ۖ وَمَا هُمْ بِخَارِجِينَ مِنَ النَّارِ

    Ва касоне ки пайравии эшон карданд, гӯянд: Агар моро (ба зиндагии ҷаҳон) бозгаште дигар бошад, мо аз парастиши эшон (ки моро гумроҳ карданд,) безор мешавем, чунонки (имрӯз) аз мо безор шуданд (ва Аллоҳро якто ва ягона мепарастем. Эшон дурӯғ мегӯянд ва агар бори дигар ба ҷаҳон бозгарданд боз ба сӯи ончӣ манъ шудаанд бозгарданд). Ҳамчунин Аллоҳ кирдорҳои (бади) эшонро бар эшон пушаймониҳо нишон медиҳад (, то андӯҳу ғаму дард ва азоби эшон афзунтар гардад) ва эшон (пас аз даромаданашон) аз оташ (-и дӯзах) берунояндагон нестанд.

    2:167
  5. يَا أَيُّهَا النَّاسُ كُلُوا مِمَّا فِي الْأَرْضِ حَلَالًا طَيِّبًا وَلَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ

    Эй мардумон, аз ончӣ дар замин ҳалоли покиза аст бихӯред (, ки барои бадану ҳушу хираду охирати шумо судманд аст) ва (роҳҳову кирдорҳо ва) гомҳои (зиннатдодаи) шайтонро пайравӣ макунед, ҳароина, ӯ барои шумо душмани ошкорост (ва душмании ӯ аз ҳушмандон пӯшида нест).

    2:168
  6. إِنَّمَا يَأْمُرُكُمْ بِالسُّوءِ وَالْفَحْشَاءِ وَأَنْ تَقُولُوا عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ

    Ҷуз ин нест, ки ӯ шуморо ба зишткорӣ (, чун маъсиятҳову гуноҳҳо) ва бешармӣ (- ба зинову ливот ва ба бухлу дигар корҳои бад) мефармояд ва ба он (мефармояд,) ки ба Аллоҳ дурӯғ бибандед, ки (онро) намедонед (, монанди таҳрими ончӣ ки ӯ ҳаром накарда аст ва ё баръакс ва ё дар шариати ӯ чизе бигӯед, ки намедонед ва ё Аллоҳро ғайри васфе ки Аллоҳ хешро васф кардааст ва ё ғайри васфе ки Фиристодааш васф кардааст, васф намоед ва ё ба Аллоҳ фариштае ё ҷинние ва ё инсоне ва ё набиеро барои тақарруб ҳамто ва шарик созед ва ё бе ягон далеле бигӯед, ки Аллоҳ ин офаридагонро барои фалон чиз офарида ва ё суханони Аллоҳ ва Фиристодаи ӯро бе ҳеҷ донише таъвил кунед).

    2:169

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)