Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 165
-
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَتَّخِذُ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَنْدَادًا يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ آمَنُوا أَشَدُّ حُبًّا لِلَّهِ ۗ وَلَوْ يَرَى الَّذِينَ ظَلَمُوا إِذْ يَرَوْنَ الْعَذَابَ أَنَّ الْقُوَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًا وَأَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعَذَابِ
Ва аз миёни мардум касе ҳаст, ки (аз нодонӣ) ба ҷуз Аллоҳ (аз фариштагон ва одамиён ва ҷинниёну бутҳову мурдагон) ҳамтоён гирифта аст ва эшонро монанди дӯстдории Аллоҳ дӯст медоранд. Ва касоне ки имон овардаанд, дар дӯстдории Аллоҳ сахттаранд (ва ӯро ба яктогӣ мепарастанд ва ба ӯ ҳамто намеоваранд ва дар ҳама корҳо ба ӯ тавакул мекунанд ва ба ӯ паноҳ мебаранд). Ва агар касоне ки (хештанро бо гирифтани ҳамтоён ба Аллоҳ ва мардумро бо боздоштан аз роҳи рост) ситам карданд, медонистанд, ки (рӯзи растохез) вақте азобро (бо чашмонашон) мебинанд (, ки забон аз васфи он оҷиз аст) медонанд, ки ҳама тавоноӣ Аллоҳрост ва ин ки Аллоҳ сахт азобкунанда аст (, онгоҳ пушаймон мешаванд, ки чаро дар дунё фариштаву ҷинниёну инс ва буту сангу чӯбро парастиданд, ки эшонро суде наметавонанд дод ва раҳоӣ наметавонанд бахшид, вале онгоҳ пушаймонӣ ҳеҷ суде надорад).
2:165
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)