Мусҳаф, саҳифа 24
-
وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَٰكِنْ لَا تَشْعُرُونَ
Ва касеро ки дар роҳи (хушнудии) Аллоҳ (, дар роҳи барафроштани парчами дини ӯ) кушта шуд (ва шаҳид гашт), магӯед, ки эшон мурдагонанд (ва мурдаашон мапиндоред , балки эшон (дар барзах) зиндаанд (, назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд ва ҷонҳояшон дар хӯрдонҳои мурғони сабзанд ва ҳар куҷо ки хоҳанд, гашту гузор мекунанд ва сипас ба қандилҳое ки зери тахти Аллоҳи кирдигор овезон ҳастанд, бармегарданд), валекин шумо огоҳ намешавед.
2:154 -
وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِنَ الْخَوْفِ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِنَ الْأَمْوَالِ وَالْأَنْفُسِ وَالثَّمَرَاتِ ۗ وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ
Ва албатта шуморо ба чизе (, яъне ба андаке) аз тарс (-и душманон) ва гуруснагӣ ва костагии молҳо ва ҷонҳо (- ба марги фарзандону наздикон ва дӯстону ёрон) ва (ба осебҳои кишт ва) костагии меваҳо биёзмоем (, то бидонем, ки кадомяки шумо шикеботар аст). Ва шикебоёнро (ба биҳишт) мужда бидеҳ!
2:155 -
الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ
Он касонеро (мужда бидеҳ,) ки чун бад-эшон сахтӣ (ва ё бало ва ё андӯҳе) бирасад, гӯянд: Мо аз они Аллоҳем (ва бандагону милки ӯем, ӯ ҳарчӣ хоҳад, бо мо мекунад ва мо ба ҳукмҳои ӯ гардан ниҳодаем ва ба қазову қадари ӯ розием) ва ҳароина, мо (пас аз марг) ба сӯи ӯ бозгардондаем (ва ӯ моро подош мекунад ва медонем, ки заррае аз кирдори неку бади мо назди ӯ кам намешавад).
2:156 -
أُولَٰئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَاتٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُهْتَدُونَ
Он гурӯҳ бар эшон (ситоиш ва) дурудҳои Парвардигорашон ва меҳрубонӣ (, яъне бахшоишу омурзиш ва неъмат) бошад ва эшон роҳёфтагонанд (, ки роҳи хушбахтиро пайдо кардаанд).
2:157 -
إِنَّ الصَّفَا وَالْمَرْوَةَ مِنْ شَعَائِرِ اللَّهِ ۖ فَمَنْ حَجَّ الْبَيْتَ أَوِ اعْتَمَرَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِ أَنْ يَطَّوَّفَ بِهِمَا ۚ وَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْرًا فَإِنَّ اللَّهَ شَاكِرٌ عَلِيمٌ
[Мусалмонон аз саъй кардан миёни Сафо ва Марва даст кашида буданд ва онро аз корҳои рӯзгори ҷоҳилият мепиндоштанд, чунки мушрикон байни Сафо ва Марва саъй мекарданд ва ду бутро «Исоф»-ро дар Сафо ва «Ноила»-ро дар Марва масҳ мекарданд. Пас Аллоҳи бузургвор ин оятро барои фарзияти саъй байни Сафо ва Марва фуруд овард[[Нигаред, «Саҳиҳ»-и Муслим; 2239 ва «Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 4495 ва 4496.]]:] Ҳароина, (дар ҳаҷҷу умра ҳафт бор саъй кардан миёни кӯҳи) Сафо ва Марва (ва маносику равишҳои парастиш) аз нишонаҳои (дини) Аллоҳ аст. Пас ҳар кӣ ҳаҷи хона (-и Аллоҳ) кунад ё умра ба ҷо оварад, пас бар ӯ боке нест, дар он ки миёни ин ҳар ду (ҳафт бор) гардиш кунад ва ҳар кӣ некӣ фузун кунад (ва пас аз адои фарзҳои ҳаҷ ва намозҳо ба нофила пардозад ва ё кори неке кунад), пас ҳароина, Аллоҳ сипосгузори доност (, ки ӯро музди накӯ медиҳад, чунки ӯ ҳама кирдору ниятҳои бандагонашро медонад).
2:158 -
إِنَّ الَّذِينَ يَكْتُمُونَ مَا أَنْزَلْنَا مِنَ الْبَيِّنَاتِ وَالْهُدَىٰ مِنْ بَعْدِ مَا بَيَّنَّاهُ لِلنَّاسِ فِي الْكِتَابِ ۙ أُولَٰئِكَ يَلْعَنُهُمُ اللَّهُ وَيَلْعَنُهُمُ اللَّاعِنُونَ
Ҳароина, (донишмандони ҷуҳудон ва насоро) онон ки ончиро пинҳон медоранд, ки мо аз суханони равшан (аз хусуси сифатҳои Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва дигар ҳукмҳо, монанди сангсор кардани зиногар) ва раҳнамунӣ фуруд овардем, пас аз он ки мо онро дар китоб (-и ТавротуИнҷил) барои мардумон равшан намудем, он гурӯҳ эшонро Аллоҳ нафрин мехонад (ва аз раҳмати худ дур меронад) ва эшонро нафринкунандагон (, монанди фариштагону муъминон ва ҷонварони замин) нафрин мехонанд.
2:159 -
إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا وَأَصْلَحُوا وَبَيَّنُوا فَأُولَٰئِكَ أَتُوبُ عَلَيْهِمْ ۚ وَأَنَا التَّوَّابُ الرَّحِيمُ
Магар касоне ки (аз ин кор пушаймон гаштанд ва) тавба карданд ва ба накӯкорӣ пардохтанд ва (ончиро пинҳон дошта буданд ошкор намуданд ва ислоҳаш карданд ва ончиро Аллоҳ фуруд оварда аст, бе пинҳон доштан) баён карданд, пас он гурӯҳ бар эшон бо меҳрубонӣ бозмегардам (ва тавбаашонро мепазирам) ва ман тавбапазири меҳрубонам.
2:160 -
إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَمَاتُوا وَهُمْ كُفَّارٌ أُولَٰئِكَ عَلَيْهِمْ لَعْنَةُ اللَّهِ وَالْمَلَائِكَةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ
Ҳароина, онон ки (ба Аллоҳ ва ба пайғамбаронаш) куфр варзиданд ва (эшон бе он ки тавба кунанд, кофир) мурданд он гурӯҳ (дар ҷаҳону охират) нафрини Аллоҳ ва фариштагону мардумон ҳама бар эшон аст.
2:161 -
خَالِدِينَ فِيهَا ۖ لَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ الْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ
Дар он оташ ҳамеша бошанд, азоб аз эшон (ба андозаи мижа задане) сабук нагардад ва на эшон (даме аз он азоб) мӯҳлат дода шаванд (, то тавба кунанд ва ё маъзарат хоҳанд).
2:162 -
وَإِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ الرَّحْمَٰنُ الرَّحِيمُ
Ва илоҳи шумо илоҳи ягона аст, ҳеҷ маъбуде шоистаи парастиш нест, магар ӯ ки бахшояндаи меҳрубон аст (ва дар зоту сифатҳову кирдораш ҳеҷ ҳамто ва монанде надорад ва ҷуз ӯ офаридгору рӯзидеҳу чорасоз ва миронандаву зиндагардонандае нест).
2:163
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)