Сура 2 Ал-Бақара (Гов), оят 197 – 210

  1. الْحَجُّ أَشْهُرٌ مَعْلُومَاتٌ ۚ فَمَنْ فَرَضَ فِيهِنَّ الْحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي الْحَجِّ ۗ وَمَا تَفْعَلُوا مِنْ خَيْرٍ يَعْلَمْهُ اللَّهُ ۗ وَتَزَوَّدُوا فَإِنَّ خَيْرَ الزَّادِ التَّقْوَىٰ ۚ وَاتَّقُونِ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ

    [Мавсими] ҳаҷ дар моҳҳои мушаххасе аст [аз оғози Шаввол то даҳуми Зулҳиҷҷа]; пас, касе, ки дар ин моҳҳо ҳаҷро [бар худ] воҷиб гардонад, [бояд бидонад, ки] дар ҳаҷ, омезиши ҷинсӣ ва [иртикоби] гуноҳ ва даргирӣ [ва ҷидол раво] нест ва он чи аз корҳои нек анҷом медиҳед, Аллоҳ таоло онро медонад; ва [хӯроку пӯшоки мавриди ниёзи ҳаҷро барои худ фароҳам кунед ва] тӯша баргиред, [вале ба ёд дошта бошед, ки] ба ростӣ, беҳтарин тӯша парҳезкорист ва, эй хирадмандон, аз ман парво кунед

    2:197
  2. لَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَنْ تَبْتَغُوا فَضْلًا مِنْ رَبِّكُمْ ۚ فَإِذَا أَفَضْتُمْ مِنْ عَرَفَاتٍ فَاذْكُرُوا اللَّهَ عِنْدَ الْمَشْعَرِ الْحَرَامِ ۖ وَاذْكُرُوهُ كَمَا هَدَاكُمْ وَإِنْ كُنْتُمْ مِنْ قَبْلِهِ لَمِنَ الضَّالِّينَ

    Гуноҳе бар шумо нест, ки [дар айёми ҳаҷ бо хариду фурӯш] аз фазли Парвардигоратон [манфиат ва рӯзӣ] талаб кунед ва ҳангоме ки [рӯзи нуҳум пас аз вуқуф] аз Арафот кӯч кардед, Аллоҳро дар "Машъар-ул-ҳаром" ёд кунед; ва Ӯро ёд кунед, чаро ки шуморо, ки пештар аз гумроҳон будед, [ба адои маносики ҳаҷҷу дигар аъмоли ибодӣ] ҳидоят кард

    2:198
  3. ثُمَّ أَفِيضُوا مِنْ حَيْثُ أَفَاضَ النَّاسُ وَاسْتَغْفِرُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Пас, аз ҳамон ҷо, ки мардум [пайравони Иброҳим] равона мешаванд, [шумо низ аз Арафот ба сӯйи Мино] харакат кунед ва аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳед, [чаро ки] бе тардид Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст

    2:199
  4. فَإِذَا قَضَيْتُمْ مَنَاسِكَكُمْ فَاذْكُرُوا اللَّهَ كَذِكْرِكُمْ آبَاءَكُمْ أَوْ أَشَدَّ ذِكْرًا ۗ فَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَقُولُ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا وَمَا لَهُ فِي الْآخِرَةِ مِنْ خَلَاقٍ

    Пас, чун маносики [ҳаҷҷи] худро ба ҷой овардед, ҳамон гуна, ки падаронатонро [бо фахру ғурур] ёд мекардед, балки [беҳтар ва] бештар аз он Аллоҳро ёд кунед; ва бархе аз мардум [кофироне] ҳастанд, ки мегӯянд: "Парвардигоро, ба мо дар дунё [молу фарзанд] ато кун". Ин шахс дар охират баҳрае [аз неъматҳои илоҳӣ] надорад

    2:200
  5. وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ

    Ва бархе [дигар] аз эшон [муъминоне] ҳастанд, ки мегӯянд: "Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ [рӯзӣ, саломатӣ, дониш ва имон] ато кун ва дар охират [низ] некӣ [ато фармо] ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор"

    2:201
  6. أُولَٰئِكَ لَهُمْ نَصِيبٌ مِمَّا كَسَبُوا ۚ وَاللَّهُ سَرِيعُ الْحِسَابِ

    Инҳоанд, ки аз дастовардашон баҳрае доранд ва Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст

    2:202
  7. وَاذْكُرُوا اللَّهَ فِي أَيَّامٍ مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ تَعَجَّلَ فِي يَوْمَيْنِ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ وَمَنْ تَأَخَّرَ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ لِمَنِ اتَّقَىٰ ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

    Аллоҳро дар рӯзҳои муайян [се рӯзи айёми ташриқ ёздаҳум то сенздаҳуми Зулҳиҷҷа] ёд кунед; пас, касе, ки шитоб кунад ва тайи ду рӯз [аъмолро анҷом диҳад], гуноҳе бар ӯ нест; ва касе, ки таъхир кунад [ва аъмолро дар се рӯз анҷом диҳад], гуноҳе бар ӯ нест. [Ин фурсат] Барои касе аст, ки тақво пеша кунад; ва [эй муъминон] аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки ба сӯйи Ӯ ҳашр хоҳед шуд

    2:203
  8. وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُعْجِبُكَ قَوْلُهُ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَيُشْهِدُ اللَّهَ عَلَىٰ مَا فِي قَلْبِهِ وَهُوَ أَلَدُّ الْخِصَامِ

    Ва [эй паёмбар], аз мардум касе аст, ки гуфтораш дар [мавриди] зиндагии дунё туро ба шигифт меандозад ва Аллоҳро бар [имони қалбӣ ва] он чи дар дилаш дорад, гувоҳ мегирад [то ҷойе, ки ӯро ростгӯ мепиндорӣ] ва ҳол он ки ӯ [дар зумраи] сарсахттарин душманон [ва бадхоҳони ислому муслимин] аст

    2:204
  9. وَإِذَا تَوَلَّىٰ سَعَىٰ فِي الْأَرْضِ لِيُفْسِدَ فِيهَا وَيُهْلِكَ الْحَرْثَ وَالنَّسْلَ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ الْفَسَادَ

    Ӯ ҳангоме ки [аз ту] рӯй бармегардонад ва [аз наздат] меравад [ё ба раёсате мерасад], дар роҳи фасод дар замин мекӯшад ва [маҳсулоти] кишоварзӣ ва чаҳорпоёнро нобуд месозад; ва Аллоҳ таоло фасоду [табоҳкорӣ]-ро дӯст надорад

    2:205
  10. وَإِذَا قِيلَ لَهُ اتَّقِ اللَّهَ أَخَذَتْهُ الْعِزَّةُ بِالْإِثْمِ ۚ فَحَسْبُهُ جَهَنَّمُ ۚ وَلَبِئْسَ الْمِهَادُ

    Ва ҳангоме ки ба ӯ гуфта мешавад: "Аз Аллоҳ таоло битарс", худбузургбинӣ [ва ғурураш] ӯро ба [идома додан бар анҷоми] гуноҳ мекашонад; пас, [оташи] ҷаҳаннам барояш кофӣ аст ва чи бад ҷойгоҳе аст!

    2:206
  11. وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَشْرِي نَفْسَهُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ

    Ва аз мардум касе [низ] ҳаст, ки ҷони худро барои касби хушнудии Аллоҳ таоло дареғ намедорад; ва Аллоҳ таоло нисбат ба бандагон меҳрубон аст

    2:207
  12. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ادْخُلُوا فِي السِّلْمِ كَافَّةً وَلَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ

    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагӣ ба ислом [ва итоати Аллоҳ таоло] дароед ва аз қадамҳо [роҳҳо]-и шайтон пайравӣ накунед. Ба ростӣ, ки ӯ душмани ошкори шумост

    2:208
  13. فَإِنْ زَلَلْتُمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْكُمُ الْبَيِّنَاتُ فَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

    Пас, агар баъд аз он ки нишонаҳои равшану ошкор бароятон омад, лағжиш кардед ва [мунҳариф шудед], бидонед, ки Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

    2:209
  14. هَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا أَنْ يَأْتِيَهُمُ اللَّهُ فِي ظُلَلٍ مِنَ الْغَمَامِ وَالْمَلَائِكَةُ وَقُضِيَ الْأَمْرُ ۚ وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ

    Оё интизорӣ [-и онон, ки пайрави шайтонанд] ғайр аз ин аст, ки Аллоҳ таоло [дар рӯзи қиёмат барои доварӣ] дар сояҳое аз абрҳо ба сӯяшон биёяд ва фариштагон [низ барои иҷрои азоби илоҳӣ ононро иҳота кунанд] ва кор яксара шавад? Ва [огоҳ бошед, ки ҳамаи] корҳо ба сӯйи Аллоҳ таоло бозгардонда мешавад

    2:210

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»