Мусҳаф, саҳифа 39
-
حَافِظُوا عَلَى الصَّلَوَاتِ وَالصَّلَاةِ الْوُسْطَىٰ وَقُومُوا لِلَّهِ قَانِتِينَ
Ва ҳамеша намозҳо(-и панҷгона)-ро (дар вақтҳояшон, бо ҷамоат) нигаҳдорӣ кунед (ва ҳамеша онҳоро дар вақтҳояшон барпо доред ва воҷибот ва аркон ва шурут ва суннатҳо ва мустаҳаботашро риоя намоед) ва намози миёнаро (, яъне намози асрро пайваста нигаҳдорӣ кунед)! [То баъд аз ҳиҷрати Ҳабашистон, мусалмонон дар намозҳояшон сухан мегуфтанд, пас Аллоҳ онҳоро бо ин суханаш манъ кард[["Саҳиҳ"-и Бухорӣ; 1200, 4534 ва "Саҳиҳ"-и Муслим; 539, 629.]]:] (Ва барои Аллоҳ (дар намозҳоятон) чун фармонбарандагон бархезед![["Саҳиҳ"-и Бухорӣ; 4533 ва "Саҳиҳ"-и Муслим; 627.]]
2:238 -
فَإِنْ خِفْتُمْ فَرِجَالًا أَوْ رُكْبَانًا ۖ فَإِذَا أَمِنْتُمْ فَاذْكُرُوا اللَّهَ كَمَا عَلَّمَكُمْ مَا لَمْ تَكُونُوا تَعْلَمُونَ
Пас, агар (аз душманонатон ё аз дарандае ё аз селе) битарсед, онгоҳ пиёда ва ё савора (хоҳ рӯй сӯи қибла оварда бошед ва ё на,) намоз бигузоред (ва ба ҷои саҷда ва рукӯъ имо намоед). Пас, чун (аз тарс) эмин шудед, (намозро барпо доред ва) Аллоҳро (дар рукӯъву суҷуд ва қиёму нишасти он) ёд кунед, чунонкӣ, ба шумо ончиро омӯхта аст, ки шумо онро (пеш аз ин) намедонистед.
2:239 -
وَالَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنْكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَاجًا وَصِيَّةً لِأَزْوَاجِهِمْ مَتَاعًا إِلَى الْحَوْلِ غَيْرَ إِخْرَاجٍ ۚ فَإِنْ خَرَجْنَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِي مَا فَعَلْنَ فِي أَنْفُسِهِنَّ مِنْ مَعْرُوفٍ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
[Ин оят, бо раъйи бештари донишмандони Ислом насх гашта аст[[Нигаред, "Саҳиҳ"-и Бухорӣ; 4530.]], агарчӣ баъзе донишмандони дигар гуфтаанд, ки ин оят мансух нест.] Ва касоне ки аз миёни шумо мемиранд ва занонро мегузоранд, (бояд пеш аз маргашон,) барои занонашон васият кунанд, ки то як сол (эшонро) бе берун овардан (аз хонаи шавҳарҳояшон, бо нафақаи хӯриш ва пӯшиш ва хона) баҳра бидиҳанд. Пас, агар эшон (, яъне занон бо ихтиёр ва ризогии хеш, пеш аз як сол аз хонаҳои шавҳарҳояшон) берун раванд, пас, (эй валийёни маййит,) бар шумо гуноҳе нест дар ончӣ (эшон пас аз поён омадани иддаташон, яъне пас аз чаҳор моҳу даҳ шаб) бо писандидагӣ ба хештан карданд (ва худро оростанду барои хостгорӣ ва издивоҷ омода гаштанд). Ва Аллоҳ забардасти донишманд аст.
2:240 -
وَلِلْمُطَلَّقَاتِ مَتَاعٌ بِالْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى الْمُتَّقِينَ
Ва занони талоқшуда (дар иддаташон аз ҷониби шавҳарон, бо нафақа, чун пироҳан ва ё ходиме ва ё аспе) бояд бо писандидагӣ (ба андозаи тавони шавҳаронашон) баҳра дода шаванд. Ин кор ҳаққе бар парҳезгорон аст.
2:241 -
كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ
Бад-ин сон, Аллоҳ барои шумо (оятҳои худро аз хусуси аҳкоми шаръӣ, дар боби талоқ ва хулъ, иддат ва ширдиҳӣ ва баҳрамандгардонии занони талоқшуда) равшан мегардонад, то бошад биандешед (ва бо онҳо амал намоед ва ба камол бирасед ва дар ҳар ду гетӣ шодмон гардед).
2:242 -
أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ خَرَجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَهُمْ أُلُوفٌ حَذَرَ الْمَوْتِ فَقَالَ لَهُمُ اللَّهُ مُوتُوا ثُمَّ أَحْيَاهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَذُو فَضْلٍ عَلَى النَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَشْكُرُونَ
Оё ба (достони) он касоне надидӣ, ки (аз фарзандони Исроил чун зодбумашон гирифтори бемории тоун шуд,) аз бими марг, аз хонаҳояшон берун омаданд ва эшон ҳазорон буданд. Аллоҳ ба эшон гуфт: "Бимиред", (онгоҳ ҳамагӣ бимурданд,) боз эшонро (баъд аз ҳашт рӯз, бо дуои пайғамбарашон) зинда гардонид (ва ин фирор эшонро аз марг раҳоӣ набахшид, ҳамчунин касе ки аз ҷанг мегурезад, фирораш ӯро аз марг наҷот нахоҳад дод). Ҳароина, Аллоҳ барои мардум дорандаи бартарӣ (ва инъому иҳсон) аст, (ки барои мардум нишонаҳои дурахшон ва далилҳои ошкорои худро нишон медиҳад,) валекин бештари мардумон (-и кофир) сипос (-и неъматҳои Аллоҳро) намегузоранд (, балки ношукрӣ меварзанд ва онҳоро инкор мекунанд).
2:243 -
وَقَاتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
[Ҳамчуноне ки ҳазар кардан, касеро аз қадар суд ва раҳоӣ намебахшад, ҳамон гуна фирор аз ҷиҳод ва дурӣ ҷустан аз он маргро на дур мекунад ва на наздик, балки марг ҳатмист, рӯзӣ тақсимшуда аст ва чизе бар онҳо фузӯда ва чизе аз онҳо кам намешавад.] Ва (эй муъминон, чун донистед, ки фирор аз марг беҳуда аст,) дар роҳи (хушнудии) Аллоҳ (ва барафроштани дини ӯ бо кофирон) корзор кунед (, на барои ҳавасу ҳаво ва ғаразҳои худ) ва бидонед, ки Аллоҳ (ба гуфтору кирдор ва рафтору пиндор ва аҳволи шумо) шунавандаи доност.
2:244 -
مَنْ ذَا الَّذِي يُقْرِضُ اللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا فَيُضَاعِفَهُ لَهُ أَضْعَافًا كَثِيرَةً ۚ وَاللَّهُ يَقْبِضُ وَيَبْسُطُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Кист, он ки (аз моли ҳалоли худ бо дили пок) ба Аллоҳ воми накӯ бидиҳад (ва онро дар роҳи ӯ харҷ кунад), пас Аллоҳ онро (дар ҷаҳон ва охират) бар эшон чандин баробар меафзояд (ва ҳар дирҳамеро то ҳафтсад баробар ва бештар аз он дучанд кунад, то ин ки бепоён гардад ва шуморида нашавад). Ва Аллоҳ (рӯзиро баҳри бархе барои озмоиш) танг месозад ва (барои бархе барои ибтило) фарох мегардонад. Ва (дар охират) ба сӯи ӯ баргардонида мешавед (ва ӯ шуморо подош ва ё кайфар мекунад).
2:245
Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)