Мусҳаф, саҳифа 38

  1. وَالَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنْكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَاجًا يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَعَشْرًا ۖ فَإِذَا بَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِيمَا فَعَلْنَ فِي أَنْفُسِهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

    Ва касоне ки аз миёни шумо бимиранд ва занонро бигузоранд, бояд ки эшон (, яъне занон аз пӯшидани пироҳани зебои рангоранг, ороиш ва хушбӯӣ ва атру сурмаву ҳино ва аз хостгорӣ ва шавҳаркунӣ худдорӣ кунанд ва) бар хештан (дар хонаҳои шавҳарҳояшон) чаҳор моҳу даҳ шаб[[Ҳикмат дар чаҳор моҳу даҳ шаб дар ин аст, ки баъд аз чаҳор моҳ яъне баъди як саду бист рӯз ҷони кӯдак дамида мешавад ва обистан будани зан маълум мегардад.]] интизор кашанд[[Вале, иддати занони обистан то фурӯ ниҳодани бори эшон аст.]]. Пас чун ба муддати худ расиданд (ва иддаташон сар омад), онгоҳ (эй валиёни амри занон,) бар шумо гуноҳе нест, дар ончӣ он занон бо писандидагӣ (аз рӯи шариат) дар ҳаққи хештан кунанд (ва хештанро ороиш диҳанду барои хостгорӣ ва издивоҷи ҳалолу покиза омода шаванд). Ва Аллоҳ бад-ончӣ (ба ниҳону ошкоро) мекунед, огоҳ аст.

    2:234
  2. وَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِيمَا عَرَّضْتُمْ بِهِ مِنْ خِطْبَةِ النِّسَاءِ أَوْ أَكْنَنْتُمْ فِي أَنْفُسِكُمْ ۚ عَلِمَ اللَّهُ أَنَّكُمْ سَتَذْكُرُونَهُنَّ وَلَٰكِنْ لَا تُوَاعِدُوهُنَّ سِرًّا إِلَّا أَنْ تَقُولُوا قَوْلًا مَعْرُوفًا ۚ وَلَا تَعْزِمُوا عُقْدَةَ النِّكَاحِ حَتَّىٰ يَبْلُغَ الْكِتَابُ أَجَلَهُ ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا فِي أَنْفُسِكُمْ فَاحْذَرُوهُ ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ غَفُورٌ حَلِيمٌ

    Ва бар шумо гуноҳе нест дар ончӣ ки бо он (сухан) дар бораи хостгории занон (-и шавҳармурда) сухани сарбаста (, яъне ба киноя) гуфтед (, монанди ин ки бигӯед, орзу дорам, ки Парвардигорам маро бо зане шоиста шод гардонад ё ки хоҳиши зангирӣ дорам ё ин ки ҳам акнун ба зане накӯ ниёз дорам ё ки бигӯед хушам меояд, ки пас аз поён омадани иддат бо ман машварат кунӣ,[["Саҳиҳ"-и Бухорӣ; 5124 ва "Ал-Маватта"-и Молик; саҳ. 524.]]) ё дар дилҳои худ (қасди никоҳро) пинҳон доштед. Аллоҳ донист, ки шумо эшонро (яъне занонро бо нийяти хостгорӣ) ёд мекунед, вале эшонро ба ниҳон ваъда (-и зангирӣ ва издивоҷ) мадиҳед (ва бо ниҳон аз эшон паймон магиред, ки баъд аз поён ёфтани иддат ғайр аз шумо касеро шавҳар накунанд ё ба эшон магӯед, ки ман ошиқи туям ва ман туро ба занӣ хоҳам гирифт), магар ин ки сухани писандида бигӯед (, ки онро шаръ дастур дода аст, чун ба валии зан бигӯед, ки ӯро ба шавҳар мадеҳ, то ин ки маро огоҳ кунӣ). Ва бастани никоҳро қасд макунед, то ин ки (иддати) фарзгашта ба муддати (поёни) худ бирасад (ва иддат поён ёбад) ва бидонед, ки Аллоҳ ончиро (аз хусуси занон) дар дилҳои шумо (аз неку бад) аст, медонад. (Агар ҳангоми иддат қасди бастани никоҳ доред,) аз ӯ парҳез кунед (ва аз ӯ битарсед, ки ӯ шуморо иқоб мекунад) ва бидонед, ки Аллоҳ (бар парҳезгорон) омурзанда (ва бар гунаҳгорон) бурдбор аст (, ки уқубатро аз эшон таъхир меандозад то тавба кунанд).

    2:235
  3. لَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِنْ طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ مَا لَمْ تَمَسُّوهُنَّ أَوْ تَفْرِضُوا لَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ وَمَتِّعُوهُنَّ عَلَى الْمُوسِعِ قَدَرُهُ وَعَلَى الْمُقْتِرِ قَدَرُهُ مَتَاعًا بِالْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى الْمُحْسِنِينَ

    (Эй шавҳарон!) Бар шумо ҳеҷ гуноҳе нест, чун занонро талоқ додед, дар ҳоле ки ба эшон ҳеҷ даст нарасонидаед (ва бо эшон нахуспидаед) ва барои эшон (аз маҳру кобин,) миқдоре муайян накардаед. Ва эшонро (яъне ин гуна занони талоқшударо ба андозаи тавони худ бо чизе) баҳраманд кунед (, зеро аз ин фироқ шикасте ба дилҳои эшон ворид мешавад). Фарохдаст (, яъне тавонгар) ба андозаи тавонаш ва тангдаст ба андозаи тавонаш ба писандидагӣ баҳра бидиҳад. Ин кор ҳаққе бар накӯкорон аст.

    2:236
  4. وَإِنْ طَلَّقْتُمُوهُنَّ مِنْ قَبْلِ أَنْ تَمَسُّوهُنَّ وَقَدْ فَرَضْتُمْ لَهُنَّ فَرِيضَةً فَنِصْفُ مَا فَرَضْتُمْ إِلَّا أَنْ يَعْفُونَ أَوْ يَعْفُوَ الَّذِي بِيَدِهِ عُقْدَةُ النِّكَاحِ ۚ وَأَنْ تَعْفُوا أَقْرَبُ لِلتَّقْوَىٰ ۚ وَلَا تَنْسَوُا الْفَضْلَ بَيْنَكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

    Ва агар эшонро пеш аз он ки ба эшон даст расонед (ва бо эшон ҳамбистар шавед), талоқ додед ва ба дурустӣ, бар эшон (аз маҳри воҷиб) миқдоре муайян карда бошед, пас бояд нимаи ончиро (аз маҳр) муайян кардаед (ба онҳо бидиҳед), магар ончи ки эшон (, яъне занон) бибахшанд (ва аз ҳаққи худ, ки бар шавҳарҳояшон воҷиб гашта аст, даст кашанд), ё касе ки гиреҳи никоҳ ба дасти ӯст (, яъне шавҳар) бибахшад (ва аз карам нимаи дуввуми маҳрро назди зани талоқшудаи худ раҳо кунад). Ва (эй занони талоқшуда ва мардон,) агар даргузаред, он ба парҳезгорӣ наздик аст. Ва бартарӣ(ва некӯкорӣ ва меҳрубонӣ ва дӯстӣ)-ро миёни якдигар фаромӯш макунед! Ҳароина, Аллоҳ бад-ончӣ мекунед, биност (ва ҳама кору аҳволатонро медонад).

    2:237

Тарҷума: Фирдавсии Нуралиён (дар ҳоли тарҷума ва таҳрир)